ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ҲОМИИ ҶАВОНОНИ ВАТАНДӮСТ

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ҲОМИИ ҶАВОНОНИ ВАТАНДӮСТ

22 феврал 2023, Чоршанбе
76
0
 
Дар моддаи 43 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст». Оре, ҳифзи Ватан, дастовардҳои истиқлолият ва сулҳу осоиш вазифаи муқаддас ва шарафи бузурги ҳар фарди бедордили миллат аст. Ин вазифаи муҳимро мо – ҷавонони хушиқболи Тоҷикистон вақте сарбаландона иҷро карда метавонем, ки аввал ба моҳияти истиқлол, арзишҳои давлати демокративу ҳуқуқбунёд сарфаҳм равем ва ба воситаи чунин дарки воқеӣ ба таҳаввулоти мафкуравии гиромидошти ин меъёрҳо, ки омили аслии мавҷудияти ҷомеаи мутамаддин ва ободии рӯзгори ҳар нафар аст, муваффақ гардем. Дар ин замина, шарти муҳим он аст, ки эҳсоси соҳибватан буданро дар худ парвариш диҳем ва расидан ба қадри неъмати бебаҳои ватандориро мароми зиндагии хеш созем.
Бунёд ва таҳкими Қувваҳои Мусаллаҳ дар таърихи навини давлатдории тоҷикон ва корномаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳифаи дурахшоне мебошад. Сарвари давлат ҳамчун кафили амнияту истиқлоли мамлакат ва Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ бо такя ба меъёрҳои Конститутсияву қонунҳои марбута муҳофизати Ватан ва дифоъ аз манфиатҳои мамлакатро вазифаи асосии давлат муайян намуда, тамоми масъалаҳои вобаста ба таҳкиму такмили Артиши миллӣ, фаъолияти он, омодагии доимии қӯшунҳо ва ҳаёти ҳарбиро дар маркази диққати худ қарор дода, барои боз ҳам беҳтар кардани шароити хизмат ва вазъи моддию маишии хизматчиёни ҳарбӣ пайваста ғамхорӣ менамоянд.
Сарвари давлат ҷавононро неруи пешбар ва созанда номида, итминон доранд, ки онҳо дар ҳифзи дастовардҳои истиқлолият ва сулҳу осоиши мамлакат аз худ масъулиятнокӣ зоҳир менамоянд. Президенти мамлакат бо таъкиди ин нукта, ки такмили Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, пурзӯр намудани муҳофизати сарҳади давлатӣ вазифаи ҷонии ҷавонон аст, ҳамчунин изҳор медоранд: «Барои насли наврас яке аз муҳимтарин мактаби обутоби ҳаёт хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат аст. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт – дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро ёд мегиранд. Хизмат дар сафҳои Артиши миллӣ бояд қарзи виҷдон ва ҳаққи фарзандии ҳар як ҷавони далер бошад. Муҳофизати Ватан муҳофизати обу хоки муқаддаси бобокалонҳои номовари мост. Касе, ки аз хизмати Ватан саркашӣ мекунад, аз хизмати падару модар, аз эҳтироми хоҳару бародари худ саркашӣ мекунад. Даъват ба хизмати ҳарбӣ бояд ид бошад».
Пешвои муаззами миллат дар ин замина бо овардани мисолҳо аз таърихи пуршарафи аҷдоди тоҷикон ба ҷавонон ёдрас мекунанд, ки фарзандони барӯманди миллати тоҷик ҳамеша ва дар ҳама давру замон муҳофизати Ватан, анъанаҳои асили миллӣ ва ҳуввияти таърихии худро ҳифз намуда, бо душманон муборизаҳои беамон мекарданд ва аз худ беҳтарин намунаҳои шуҷоату қаҳрамонӣ нишон медоданд. Роҳбари хирадманди тоҷикони дунё муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷонфидоиҳои насли бузурги моро дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ тимсоли олии ватандӯстӣ, ваҳдат, шуҷоату мардонагӣ тавсиф намуда, барои насли ҷавон дарси ибрат ва сабақи ҷовидона меҳисобанд: «Мо имрӯз ҳам бо гузашти даҳсолаҳо, бо камоли ифтихор номи қаҳрамонон ва фидокорони Ҷанги Бузурги Ватаниро ёдовар мешавем, хотираи онҳоро пос медорем. Ягон муҳорибае набуд, ки дар он тоҷикон ҳамроҳи намояндагони миллатҳои дигар иштирок накарда бошанд. Маҳорат, диловарӣ, мардонагӣ, шуҷоат ва қаҳрамониҳое, ки фарзандони Тоҷикистон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ нишон додаанд, сазовори таҳсин аст. Барои корнамоиҳои ҷангӣ 72 нафар фарзандони Тоҷикистон сазовори унвони олии «Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ» шудаанд ва 17 нафар ҳамдиёрони мо бо ҳар се дараҷаи ордени «Шараф» сарфароз гардидаанд. Қаҳрамонии онҳо ҳамеша ифтихори халқи тоҷик ва илҳомбахши Артиши миллии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон хоҳад буд».
Воқеан, Пешвои муаззами миллат, Қаҳрамони Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёдгузору таҳкимбахши Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, барои мустаҳкам намудани иқтидори моддию техникии он, ҷалби ҷавонон ба хизмати содиқонаю софдилона ва дастгирии ҳамаҷонибаи хизматчиёни ҳарбӣ тамоми неруву тавоноӣ ва ғамхориҳои падаронаи хешро сафарбар месозанд.
Инак, 30 сол аст, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дифои марзу бум, арзишҳои миллӣ, таҳкими истиқлолият ва озодӣ, осоиши ҷомеа дар сафи пеши корзор қарор дорад. 30 соли пур аз музаффарияту бурдборӣ, 30 соли нишоту фараҳ, 30 соли пур аз шебу фароз ва 30 соли ободию рушди Артиши миллӣ гуфтан мувофиқи мақсад аст. Бинобар ин, ҳамаи мо, ки дар назди халқу Ватан вазифадор ҳастем, бояд сулҳи пойдор ва якпорчагии Тоҷикистони азизро чун гавҳараки чашм ҳифзу нигаҳбонӣ кунем. Халқи мамлакат ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бовар кунонем, ки бо хизмати намунавӣ, бо меҳнати созанда, бо дарки баланди масъулияти инсонӣ қудрати иқтисодӣ ва неруи мудофиавии давлатамонро афзун менамоем. Бо дилу ҷон ба Ватан хизмат карда, доимо бар он кӯшем, ки кишвари маҳбубамон ҷавлонгоҳи зиндагии осоишта, хуррамбоғи фароғату роҳати пирон ва дунёи равшану босафои кӯдакону ҷавонон бошад.
 
Орифӣ Озар БАҲРОМЗОДА, 
сардори раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон


Санаи нашр: 22.02.2023 №: 41
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив