ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БО ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА СӮЙИ ФАРДОИ БОЗ ҲАМ ДУРАХШОН

БО ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА СӮЙИ ФАРДОИ БОЗ ҲАМ ДУРАХШОН

14 ноябр 2023, Сешанбе
36
0
 
Вожаи «президент» ба фарҳанги сиёсии мо – тоҷикон, сию ду сол пеш аз ин, дар марҳалаи басо ҳассоси таърихи давлатдории навинамон ворид гардид. Он замон, азбаски қисмате аз мардуми кишвар таҷрибаи рӯзгор ва ҳушмандии сиёсӣ надоштанд, ба гурӯҳҳои гуногун бахшу қисмат шуда, зиндагии осоиштаро халалдор сохтанд. Тоҷикистони тозаистиқлол бо дасисаи душманони дохилу хориҷ ва гурӯҳҳои манфиатдор торафт бештар ба чолишу хатарҳо гирифтор мешуд ва ниҳоят алангаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ баланд гардида, хисороти сангини ҷонию молӣ бар ҷой гузошт. Дар чунин вазъи тира, кишвари соҳибистиқлол ба шахсияте ниёз дошт, ки вуҷудаш бар пояи ҷасорат ва хирад пероста бошад, то тавонад зимоми роҳбариро ба уҳда гирад. Чунин рисолат ва масъулияти бузургро Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дӯши фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошт.
Саҳифаҳои таърихи башар дар баробари ҳодисаву воқеаҳои гуногун аз хидматҳои мондагори нафароне низ ҳикоят мекунад, ки ҳар амалашон ба сарнавишти миллионҳо нафар таъсир гузоштааст. Барҳақ, вақте ба корномаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ мекунем, дурустии ин андеша бароямон равшантар мешавад. Инак, бо гузашти 32 сол аз истиқлоли давлатӣ, мардуми сарбаланди тоҷик таҳти сарварии ин абармарди олами сиёсат ба дастовардҳои камназири таърихӣ мушарраф гардида, барои пешрафту тараққиёти минбаъдаи сарзамини худ даст ба иқдомоти созанда мезананд. Ин аст, ки Ватани маҳбуби мо сол ба сол суръати нави рушду шукуфоиро касб намуда, ба яке аз кишварҳои пешрафта ва дорои захираю имкониятҳои бузурги иқтисодию иҷтимоӣ табдил меёбад. 
Имрӯз,  кишвари  мо  ҷиҳати  амалӣ  намудани  чор ҳадафи стратегӣ – таъмини истиқлоли энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръат қадамҳои устувору бобарор мениҳад. Албатта, то кунун музаффариятҳои ҳосилшуда дар ин самт ва татбиқи дигар ормонҳои миллӣ ба корномаҳои беназири Пешвои миллат бастагӣ доранд, ки ин ҳақиқат аз ҷониби мардуми сарбаланди тоҷик эътирофу арҷгузорӣ мешавад. 
Таҳти роҳбарии хирадмандонаи Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи тоҷик баъд аз ҳазор соли заволи давлатдории Сомониён дигарбора тоҷу тахти хешро соҳиб шуд ва рӯй ба камолот овард. Руҷуъ ба таърихи пурифтихори миллат, эҳёи суннатҳои шоистаи тоҷикон, интихоби роҳи дурусти рушди миллӣ, густариши муносибатҳои неку дӯстона бо кишварҳои гуногун, муаррифии симои фарҳангии диёри мо аз хизматҳое ҳастанд, ки бо неруи хиради чеҳраи тобноки таърих муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сомон расидаанд. 
Таваҷҷуҳи доимӣ ва ҳар як ташрифи Пешвои миллат ба шаҳри бостонии Панҷакент боиси ифтихору руҳбаландии ҳамаи мост, зеро дар ҷараёни ҳар сафари Сарвари давлат дар ҷодаи ободонию созандагӣ ва баланд шудани сатҳи зиндагии мардум саҳифаҳои нав боз гардида, барои истифодаи самараноки имкону захираҳои рушди иқтисодию иҷтимоии диёр қадамҳои устувор гузошта мешаванд. 
Дар даҳ соли охир, аз ҷумла дар шаҳру деҳоти Панҷакент биноҳои нави мактаб, муассисаҳои тиббӣ, Кохи фарҳангии Лоиқ, китобхонаю клуб ва майдонҳои варзишӣ сохта ба истифода дода шуда, соҳаҳои кишоварзию саноат бо суръати баланд рушд карданд.
Дар доираи сиёсати фарҳангпарварона бо дастури Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 12-уми сентябри соли 2020-ум 5500-солагии Саразми бостонӣ ҳамчун маркази ташаккули маданияти кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон ҷашн гирифта шуд, ки боиси ифтихори мост.
Бо дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар ҶДММ КМ «Зарафшон» ба хотири роҳандозии коркарди пурраву истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ дар заминаи канданиҳои фоиданок коргоҳи металлургии мисгудозӣ, пойгоҳи кислородӣ-атсептсионӣ, коргоҳи обтозакунию коркарди дубораи партов бунёд гардида, 5-уми июли соли равон бо иштироки Пешвои миллат ба фаъолият оғоз намуд. Ин коргоҳи муосир, бо истифода аз технологияи оксигении зери фишор, коркарди консентрати мису тилло, ба истеҳсоли маҳсулоти стандартии миси катодӣ машғул аст ва маҳсулоти он ҳамчун ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигарондашуда пешниҳоди харидорон мешавад. 
Бунёди нақбҳои Истиқлолу Шаҳристон шаҳри бостонии Панҷакентро ба тамоми манотиқи кишвар бештару беҳтар пайванд бахшида, иртибототи доимиро таъмин намуд. Гузашта аз ин, роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент низ пурра бозсозӣ гардида, хатти баландшиддати барқ аз неругоҳҳои Нораку Роғун ба ин водӣ нуру равшанӣ овард.
Ин ва дигар комёбиҳо, ки ҳар кадоме дар асли хеш беназиранд, ба шарофати сиёсати давлатдории Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардид. Аз ин рӯ, пиру ҷавон номи ин абармарди сиёсатро бо эҳтирому сипосу ифтихор ба забон меоваранд, зеро зиндагии осудаҳолонаву хушбахтона, сулҳу ваҳдати пойдор, ободию хуррамиҳои рӯзафзуни шаҳру деҳ воқеан неъматҳое ҳастанд, ки дилҳои ҳамагонро ба баҳористони сабзу хуррам табдил додаанд. 
Агар ба гузаштаи фаротар аз ин назар андозем, охири асри XX бо ҳама бурду бохташ барои миллат ва давлати мо арзиши зиёде қоил аст: аввал соҳиби истиқлоли давлатӣ ва миллӣ гардидем, дуюм дорои Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ шудем, сеюм ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ бо имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ хотима ёфт, ки дар таҷрибаи ҷаҳонӣ собиқа надорад, чорум амнияти саросарии ҷомеа пойдор гардид ва дар натиҷа соҳаҳои иқтисоду иҷтимоиёт рушд ёфтанд ва мардум ба зиндагии шоиста мушарраф гашт. Баъдан, Тоҷикистони соҳибистиқлол  бо  фазли  хиради сиёсии Сарвари ташаббускораш дар саҳнаи сиёсати байналмилалӣ мақоми баланд касб карда, дар ҳалли мушкилоти глобалӣ ҳамчун кишвари таъсиргузору хайрхоҳ шинохта шуд. 
Дар ин робита, ҷойи ифтихору сарфарозист, ки дар даврони истиқлоли давлатӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари бонуфузтарин созмони ҷаҳонӣ – Созмони Милали Муттаҳид бо чандин пешниҳоду ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонӣ, аз ҷумла ҳалли масоили вобаста ба об, тағйирёбии иқлим, муборизаи дастаҷамъона бар зидди терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва дигар таҳдидҳое, ки ҷомеаи ҷаҳониро нигарон кардааст, баромад намудаанд. Имрӯз, мо ва дигар сокинони сайёра шоҳиди истиқболи гарму самимии ташаббусҳои байналмилалии ин сиёсатмадори башардӯст ҳастем, ки ба рифоҳи зиндагии тамоми мардуми олам нигаронда шудаанд.
Як далели маҳбубияти Сарвари давлати мо дар он зоҳир мешавад, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбаре мебошанд, ки ҳамчун шахсияти сиёсӣ дар пеши назари мардум камол ёфтаанд. Ҳамеша дар байни халқанд ва аз ҳамин ҷост, ки ҳар як сокини кишвар Сарвари давлатро аз наздик мешиносад ва шарики шодиву ғами худ медонад. Миллат бо шинохти ин асл, дар атрофи Пешвои маҳбуби худ бештар аз ҳарвақта муттаҳид буда, барои иҷрои мақсаду ниятҳои олӣ – иттиҳоду ҳамбастагӣ, ободии сарзамини хеш тамоми неруи худро равона месозанд. Дар ин роҳи мунаввар, ҳар як сухани Пешвои миллат, ҳар як дастуру ҳидояташон сокинони мамлакатро неруи нав мебахшанд ва хушбиниашонро ба имрӯзу фардои саодатбори Ватан пайваста тақвият мебахшад.
Чун дигар сокинони Тоҷикистони азиз, сокинони Панҷакент бо меҳру муҳаббат, ихлос, вафодорию ризомандӣ ба Пешвои муаззами миллат барои таъмини сулҳу ваҳдати комил, иттиҳоду ҳамбастагии сокинони кишвар, ба хотири ободии бештари шаҳру деҳ, зиндагии шоистаю хушбахтонаи фарзандони сарзамин ва дар амал татбиқ намудани сиёсати созандаи давлату Ҳукумат содиқона амал хоҳанд кард. 
 
Абдухолиқ ХОЛИҚЗОДА, раиси шаҳри Панҷакент
Санаи нашр: 14.11.2023 №: 224-225
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив