ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » САФАРИ ҲИЗБИЁН БА НБО “РОҒУН”

САФАРИ ҲИЗБИЁН БА НБО “РОҒУН”

14 ноябр 2023, Сешанбе
13
0
Тибқи супориш ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ аз рафти корҳои сохтмонии Неругоҳи барқи обии “Роғун”, 1-уми ноябр зиёда аз 160 нафар ҳизбиён, олимон, адибон, рӯзноманигорон, фарҳангиён, соҳибкорон ва дигар кормандони идораву корхонаҳои вилояти Хатлон ба шаҳри Роғун сафар намуданд. 
 
Иқдом аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят сурат гирифта, ҳамчунин, барои бунёдкорони ин иншооти бузурги аср зиёда аз 10 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ва хӯрокворӣ, аз қабили картошка, пиёз, сабзӣ, помидор, бодиринг, турб, шалғам, гӯшт, биринҷ, равған, маҳсулоти қаннодиву нонӣ кумак расонда шуда, барои болидаруҳии кормандон барномаи фарҳангӣ пешниҳод гардид. Ба ҳайат муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Ҷамшед Саидзода, чеҳраҳои намоёни фарҳангии вилоят – Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Аюб, директори ансамбли «Шашмақом»-и вилоят Шералӣ Қосим, директори театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба  номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар Отахон Саидов низ шомил буданд. 
Корвон соати 10 ба шаҳри Роғун расид. Пас аз таваққуфи кӯтоҳ дар даромадгоҳи НБО «Роғун» либосҳои корӣ ба бар, тоскулоҳҳо ба сар омодаи вуруд ба минтақаи сохтмон шудем. Ҷиҳати бехатарӣ шахсони масъул иҷрои баъзе қоидаҳои сайри дохили Неругоҳро фаҳмонданд.
Роҳбалад ба мо дар бораи нақбҳои обпарто, агрегатҳо, баландии садди Неругоҳ маълумоти арзишманд дод. Маълум гардид, ки дар оянда баландии садди обанбори Неругоҳ то 335 метр бардошта мешавад, ки назар ба НБО “Норак” 35 метр баландтар мебошад. Алҳол дар Неругоҳ 15 ҳазору 300 нафар дар ду баст фаъолият карда истодаанд. Коргарон се вақт бо хӯроки гарм таъмин буда, барояшон ёрии таъҷилӣ муҳайё карда шудааст. Ба кормандон тибқи дараҷаи ихтисосашон сари вақт маош (на камтар аз 3000 сомонӣ) дода мешавад. Тибқи гуфтаи роҳбалад, пас аз ба истифода додани НБО “Роғун” муҳлати коршоямии он 113 солро дар бар мегирад. Алҳол ду агрегат (яке 16-уми ноябри соли 2018, дигаре 9-уми сентябри соли 2019) ба истифода дода шуда, корҳо барои ба истифода додани чор агрегати дигар (то соли 2030) бомаром идома доранд. Аз 15 ҳазору 300 нафар коргар 704 нафараш мутахассисони хориҷӣ аз 43 давлати ҷаҳон мебошанд. 
Пас аз тамошои Неругоҳ дар толори тобистонаи фарҳангии шаҳр ба кормандони НБО “Роғун” ва сокинону сайёҳон барномаи фарҳангии ҳунармандони вилояти Хатлон пешкаш гардид. Аҳли ҳунари вилояти Хатлон бо шеъру таронаҳо, рақсҳои ҷаззоб ва гурӯҳи «Маҳфилоро»-и ноҳияи Ёвон бо саҳначаҳои ҳаҷвии худ табъи ҳозиронро болида гардонданд. 
Муовини раиси Кумитаи марказии ҲХДТ Асрор Латифзода, муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Ҷамшед Саидзода ба коргарони НБО “Роғун” дар бунёди иншооти бузурги аср барору муваффақиятҳо орзу намуда, ба як қатор сохтмончиён “Сипоснома”-и Кумитаи иҷроия дар вилояти Хатлон супурда шуд.
 
Раҷабалӣ ХУДОЁРЗОДА,
журналист
Санаи нашр: 14.11.2023 №: 224-225
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив