ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » НАҚЛИЁТИ БАРҚӢ. АЗ БЕХАТАРӢ ТО МАНФИАТИ ИҚТИСОДӢ

НАҚЛИЁТИ БАРҚӢ. АЗ БЕХАТАРӢ ТО МАНФИАТИ ИҚТИСОДӢ

14 ноябр 2023, Сешанбе
65
0
    
Дар роҳҳои Тоҷикистон шумори нақлиёти барқӣ  рӯз ба рӯз меафзояд. Аксари ронандагоне, ки аз ин тамғаи нақлиёт истифода мебаранд, афзалияти иқтисодии онро зикр мекунанд. Масъулони ҳифзи муҳити зист ва олимони ин ришта бошанд, аз он хушҳолу қаноатманданд, ки нақлиёти барқӣ дар муқоиса бо автомобилҳои бо сӯзишворӣ ҳаракаткунанда ба муҳити зист хатари кам доранд.
Ҳанӯз соли 2018 бо судури як Фармон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои хариди электроавтомобилҳо имтиёзҳо муқаррар карданд. Баъдан, дар Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ (21. 12. 2021) пешниҳод гардид, ки нақлиёти барқӣ аз пардохтҳои андозӣ ва боҷҳои гумрукӣ пурра озод карда шаванд.    
Парлумони кишвар ин пешниҳодро пазируфта, ба чанде аз санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ тағйирот ворид намуд. Таъкид шуд, ки ҳадафи ин санад рушди самараноки “иқтисоди сабз”, истифодаи васеи манбаъҳои дигари энергияи барқароршаванда, ҳифзи муҳити зист ва беҳтар намудани вазъи экологии мамлакат мебошад. 
Пиёдасозии “Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028”-ро мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии пойтахт ва вилоятҳои кишвар вазифадоранд  аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва сарчашмаҳои дигар таъмин намоянд. 
Ҳоло шароит фароҳам омадааст, ки воридоти ин навъи автомобил рӯ ба афзоиш ниҳад. Бино ба маълумоти расмӣ, аз оғози соли 2021 то  имрӯз ба кишвар беш аз 1600 нақлиёти барқӣ ворид карда шудааст. 
Олим Очилзода, сардори шуъбаи нақлиёти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд гуфт, ки алҳол бо супориши роҳбарияти вилоят барои харидории электробус корбарӣ ҷараён дорад. 
Айни замон дар кӯчаҳои шаҳр, дар қатори сабуксайрҳо, электромобилҳо  бештар гардида, ба мардум хизмат мерасонанд. Ба  қарибӣ дар шаҳр боз  ширкати нави мусофиркашонии “Як таксӣ” ба кор оғоз кард. Ин ширкат 130 нақлиёти мусофиркашро вориди бозори хизматрасонӣ намуд, ки аз он 30-тоашро электромобили тамғаи «BYD E2» ташкил медиҳад.  
Масъулони ширкати таксии “Максим” низ тасмим доранд, теъдоди сабуксайрҳои барқиро афзоиш диҳанд. Ба гуфтаи Фаридун Мирзосаидӣ, менеҷери ширкати мазкур, ҳоло шаш электромобил дар хидмати мизоҷон қарор дошта, зиёд намудани шумораи онҳо тақозои талаботи замон аст.  
Ҷамшед Соибов, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мегӯяд, ки пайваста аз хидматрасонии сабуксайри барқӣ истифода мебарад. Далели интихоби вай он аст, ки ин намуди нақлиёт овози баланд надорад. Сониян, аз бӯи ғализи сӯзишворӣ орӣ аст. Ҳамин афзалиятро аксар ронандагони нақлиёти барқӣ низ зикр намуда, илова мекунанд, ки фарқи электромобил аз нақлиёти маъмулӣ танҳо дар ҳамин ду омил нест, балки ҷанбаи иқтисодӣ – харҷи кам дорад.  
Фурқат Ваҳҳобов, чанде пеш соҳиби нақлиёти барқӣ гардид. Автомашинаи нави вай 150000 сомонӣ арзиш дорад.   “Ҳарчанд нархи мошин баланд аст, вале он метавонад дар андак фурсат хароҷоташро рӯйпӯш кунад. Пештар автомашинаи бо гази моеъ ва бензин ҳаракаткунанда доштам ва рӯзе то 100 сомонӣ барои харидани сӯзишворӣ сарф мекардам. Электромобил маро аз ин хароҷот озод кард. Агар бар ивази 50 сомонӣ батареяи нақлиётро пур кунам, 350-400 км роҳро тай мекунам”, – мегӯяд ӯ. 
Феълан, дар роҳҳо теъдоди мототсикл ва дучархаҳои барқӣ низ зиёд шудаанд. Як дучархаи барқӣ, ки истеҳсоли Чин аст, 3500-3700 сомонӣ арзиш дорад.  
Давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ масъулини раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят 47 маротиба амалиёт гузаронда, 1613 нақлиётро санҷиданд. Дар натиҷаи ин санҷишҳо, 116 парвандаи маъмурӣ тартиб дода шудааст. Мутахассиси пешбари Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд Мирзоҳабиб Баҳодуров мегӯяд, ки бинобар кам шудани нақлиёти куҳна дар роҳҳо вазъият назар ба солҳои қаблӣ хеле тағйир ёфтааст. Бо вуҷуди ин, пайваста назорат бурда, баҳри тоза нигоҳ доштани фазои атмосферӣ  тадбирҳо роҳандозӣ мекунанд.   
Ба андешаи Зарифҷон Юсуфов, мудири кафедраи электроникаи факултети физикаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, аз таъсири ифлосшавии ҳаво, пеш аз ҳама, одамон осебпазиранд. Тибқи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, бинобар олудагии ҳаво дар рӯи Замин соле бештар аз 6,5 миллион нафар вафот мекунад. 
Баъди сӯхтани сӯзишворӣ моддаҳои заҳролуд ҳосил мешаванд, ки ба тамоми организмҳо зарароваранд. Аз ҷумла, яке аз омилҳои вайроншавии қабати озонӣ газҳои сӯхтаи автомобилҳо мебошанд. Аз ҳамин нуқтаи назар, гузаштан ба мошинҳои барқӣ қадами навест баҳри пешгирии  чунин пайомадҳо. Афзалияти нахустини нақлиёти барқӣ аз ҷиҳати экологӣ тоза будани он аст. 
Тавре номзади илмҳои физикаву математика Зарифҷон Юсуфов иброз дошт, Тоҷикистон аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия, аз ҷумла об, бой аст. Ин имкон медиҳад, ки сарчашмаро самаранок истифода барем ва дар механизм низ онро ба кор барем. Нафт манбаи барқарорнашаванда аст. Пешгӯиҳое ҳам вуҷуд доранд, ки захираҳои нафтӣ садсолаи наздик ба итмом мерасанд. Дар ҳоле аз зарари экологии сӯзишворӣ мегӯем, ки нархи навъҳои он сол ба сол боло меравад.
Яъне, гузаштан ба нақлиёти барқӣ яке аз  роҳҳои аслии кам намудани ихроҷи газҳои гулхонаӣ арзёбӣ мешавад. Таваҷҷуҳи мардум низ ба ин навъи нақлиёт афзудааст, онро ҳам аз лиҳози экологӣ ва ҳам хароҷоти камаш афзал медонанд.  
 
Бобоҷон ҚУРБОНОВ, “Ҷумҳурият” 
Санаи нашр: 14.11.2023 №: 224-225
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив