ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТАНОБЧӢ. ДЕҲОТЕ, КИ НАМОИ ШАҲРАК МЕГИРАД

ТАНОБЧӢ. ДЕҲОТЕ, КИ НАМОИ ШАҲРАК МЕГИРАД

14 ноябр 2023, Сешанбе
12
0
Мардуми меҳнатқарини ноҳияи Темурмалик, аз ҷумла сокинони деҳоти Танобчӣ, баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  камари ҳиммат баста, дар амалисозии нақшаву ҳадафҳои созанда пайваста гомҳои устувор мегузоранд.
 
Имрӯз ба аҳолии деҳоти Танобчӣ 6 марказу бунгоҳи тиббӣ, 1 маркази фарҳангӣ, 1 клуб, 3 китобхона хизмат мерасонанд. Фарзандони онҳо дар 6 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ таълиму тарбия мегиранд.
Дар деҳоти Танобчӣ 481 гектар замини обӣ ва 1151 гектар замини лалмӣ мавҷуд аст, ки деҳқонон аз он самаранок истифода бурда, ҳосили дилхоҳ ба даст меоранд. Масалан, аз майдони 1309 га гандум, 113 га ҷав, 16 га лӯбиёгиҳо,  54 га зағиру маҳсар, 144 га сабзавот ба қадри беш аз нақшаи солона захираи озуқавориашонро таъмин намуда, боқимондаашро ба бозор бароварданд. Инчунин, сокинони бонангу номуси 9 деҳаи Ҷамоати  мазкур ба рушду ривоҷи чорвопарварӣ диққати хоса дода, аз 5175 гектар чарогоҳ самаранок истифода мебаранд. Барои зимистонгузаронӣ ба қадри кофӣ ему хошок захира кардаанд. 
Мавриди зикр аст, ки  аз шумораи умумии аҳолии Ҷамоат (9 ҳазор нафар) қариб 3 ҳазор нафар соҳиби ҷои кори доимӣ мебошад.  
Дар деҳоти мазкур ба иҷрои қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд. Гап дар сари он аст, ки аҳолӣ ба умқу талаботи қонуни мазкур сарфаҳм рафта, дарк кардаанд, ки ба манфиати онҳост. Агар баргузории тӯю дигар маросимро ба 30-40 соли пеш қиёс намоем, фарқ аз замин то осмон аст. Дар он солҳо дар гузарондани тӯйи арӯсӣ ва дигар маросим маблағи зиёд харҷ мегардид. Ҳоло бошад, сокинони деҳот дар баргузории ҳар як маъракаашон 6330 сомонӣ масраф карданд, ки дар қиёс ба чанд соли пеш бамаротиб кам аст. Ба туфайли сарфаю сариштакорӣ дар тӯю маъракаҳо, мардум маблағҳои зиёдеро барои манзилсозӣ, хариди асбобу анҷомҳои муосири рӯзгордорӣ, воситаҳои нақлиёт, истироҳати бофароғати худу фарзандонашон истифода мебаранд.
Рӯз ба рӯз симои деҳаҳо зебо шуда, сатҳи зиндагии мардум беҳтар мешавад. Ҳамаи ин пешравиҳоро мардуми меҳнатқарини ноҳияи Темурмалик, аз ҷумла деҳоти Танобчӣ, аз файзу баракати соҳибистиқлолӣ ва ғамхорию дастгириҳои пайвастаи Пешвои  миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон медонанд. 
 
Сӯҳроб РАҲМОНОВ,
раиси деҳоти Танобчии
ноҳияи Темурмалик
Санаи нашр: 14.11.2023 №: 224-225
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив