ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҚУРБОН ЛАТИФОВ: "БА ҚАДРИ НЕЪМАТҲОИ ДОШТААМОН РАСЕМ"

ҚУРБОН ЛАТИФОВ: "БА ҚАДРИ НЕЪМАТҲОИ ДОШТААМОН РАСЕМ"

22 феврал 2023, Чоршанбе
39
0
Дар зиндагӣ бо бисёр  инсонҳое вомехӯрем, ки бо кори некашон соҳиби иззату эҳтиром шудаанд. Ин гуна одамон ҳамеша гули сари сабади маҳфилҳои дӯстону ҳамдиёрон ҳастанд. Бобои Қурбон Латифов аз ҷумлаи чунин нафарон мебошад, ки дар Рӯзи Артиши миллӣ аз 90-умин баҳори умри хеш истиқбол мегирад. Мавсуф 23 феврали соли 1933 дар рустои Тусанбоғи ноҳияи Файзобод чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. 
Давраи бачагии ӯ бо сахтиҳо гузашт. Баъд аз сари падар таъминоту нигоҳубини фарзандон ба зиммаи модар афтод. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ фаъолияти меҳнатиаш ба сифати колхозчӣ оғоз шудааст.
Бародараш Сатторро бошад, ба ҷанг бурданд ва бо ҳамин дигар ӯ аз фронт барнагашт. 
Қурбон Латифов баъди хатми мактаби ҳафтсола  як сол дар шаҳри Сталинград дар Омӯзишгоҳи ҳарбӣ таҳсил намуда, сипас дар шаҳри Саратов ду солу шаш моҳ хизмати ҳарбиро ба ҷо овард.
Фаъолияти минбаъдаи ӯ дар соҳаи корҳои дохилӣ гузашта, моҳи сентябри соли 1982 бо рутбаи капитан  ба нафақа баромад.
Ҳамроҳи ҳамсараш чор нафар фарзандро ба таври шоиста тарбия намуда, ба шоҳроҳи зиндагӣ гуселондааст. Фарзандон ва ҳамаи 24 наберааш соҳиби маълумоти олӣ буда, дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ фаъолияти пурсамар доранд.
- Гоҳо ҳамроҳи апаам Ҳомия, ки 101 сол дорад, нишаста,  ёди рӯзҳои рафта мекунем.  Ба хаёлам, зиндагӣ мисли бод дар як нафас гузашт, вале хотираҳои зиёдеро боқӣ гузошт. Хониши кабкро дӯст медорам. Ҳар гаҳе ки ин парандаи зебо месарояд, хотираҳо маро ба айёми наврасӣ, ба дашту пуштаҳои Файзобод мебарад, табъам болида мешавад. Дил мехоҳад, ки ҳар лаҳза дар паҳлуи ҳамдиёрону дӯстону наздикон бошам, мутаассифона, пирӣ ин имкониятро намедиҳад. Инсон дар зиндагӣ ҳамеша бояд накукор бошад, то тавонад некӣ кунад, зеро номи нек пас аз рафтанаш ӯро зинда нигаҳ медорад, - мегӯяд бобои Қурбон ва илова мекунад: - Он азобу сахтиҳое, ки дар бачагӣ ба сари мо омад, ягон фарзанди инсон набинад. Хушбахтона, имрӯз фазои Тоҷикистон ором аст ва сол ба сол ободу зебо мешавад. Ба қадри ин неъматҳои худодод расидан лозим аст.
 
Алӣ ҶӮРА
Санаи нашр: 22.02.2023 №: 41
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив