ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТУҲФАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ФАРҲАНГИЁНИ НОҲИЯИ ВАНҶ

ТУҲФАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ФАРҲАНГИЁНИ НОҲИЯИ ВАНҶ

16 ноябр 2023, Панҷшанбе
24
0


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди фарҳанги кишвар саҳми арзанда доранд. Бо супориш ва дастгирии Пешвои миллат дар ноҳияи Ванҷ кохи бошукӯҳи фарҳанг бино гардид.
Дар расми ифтитоҳи бино Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ширкат намуда, бо аҳли фарҳанги ноҳия суҳбат карданд. Сарвари муаззами мо аз ҳама шикасту рехти соҳаи фарҳанг ва камбудиҳо пурсон гардида, баҳри рафъи онҳо дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.
Маро он дам аҷиб намуд, ки Сарвари мо ба ҳама соҳаҳо таваҷҷуҳи хоса доранд. Хаста нашуда, баҳри таъмини шароити созгор, барои беҳбудӣ ва ояндаи миллат талоши хастанопазир мекунанд.
Бояд зикр намуд, ки падидаи неки рушди фарҳанг дар даврони соҳибистиқлолӣ ба Пешвои миллат сахт марбут аст. Роҳбари давлат ба ин соҳа аҳамияти аввалиндараҷа дода, баҳри рушди маънавиёти ҷомеа ва гулгулшукуфии фарҳанги миллӣ пайваста заҳмат мекашанд. 
Пӯшида нест, ки дар заминаи хонаҳои фарҳангии кӯҳнаву фарсудаи даврони шуравӣ, ки одитарин шароити корро надоштанд, қасрҳои боҳашамати фарҳангии муҷаҳҳаз бо тамоми шароити корӣ бунёд мегарданд, ки баҳри рушди бештари фарҳанги миллӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Дар ин раванд хидматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беназир аст. Худи Сарвари давлат зикр менамоянд: “Фарҳанг, бешубҳа ифодагари руҳи миллӣ, расму русум, анъана ва хотираи таърихии ҳар халқу миллат мебошад. Аз фарҳангу ҳунар дида, башарият барои ба ҳам наздик кардани инсонҳо ва ваҳдати умум воситаи самараноктареро эҷод накардааст”.
Дар баробари иншооти соҳаи фарҳанг ҳамасола сохтани биною муассисаҳои таълимии наву замонавӣ, марказҳои саломатӣ, неругоҳҳои  барқӣ, роҳу пулҳо бунёд ва навсозӣ  мешаванд, ки аз пешравии босуръати кишвар мужда медиҳад.

Сайдамиршо ШАРИПОВ, мудири бахши фарҳанги ноҳияи Ванҷ

Санаи нашр: 16.11.2023 №: 227-228
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив