ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ДИЛМУРОД ДАВЛАТЗОДА:  «АЗ ҲИСОБИ ПАРДОХТИ НАФАҚА ҚАРЗ ВУҶУД НАДОРАД»

ДИЛМУРОД ДАВЛАТЗОДА:  «АЗ ҲИСОБИ ПАРДОХТИ НАФАҚА ҚАРЗ ВУҶУД НАДОРАД»

22 феврал 2023, Чоршанбе
102
0
 
Дилмурод Давлатзода, директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар суҳбат ба хабарнигори “Ҷумҳурият” гуфт, ки соли гузашта қисми хароҷоти буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 3 миллиарду 285,2 миллион сомониро ташкил дода, пурра иҷро гардид. Аз ҷумла, барои маблағгузории нафақа дар ин давра 3 миллиарду 246,9 миллион сомонӣ равона шуд. Ҳоло дар ҷумҳурӣ аз ҳисоби пардохти нафақа қарздорӣ вуҷуд надорад.


Мувофиқи натиҷаҳои ҷамъбасти пешакӣ соли рафта ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз ҳисоби андози иҷтимоӣ, ки 3 миллиарду 516,7 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шуда буд, 3 миллиарду 532,6 миллион сомонӣ ворид гардид, ки 100,5 дарсади нақша мебошад. 
 
144,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ ЁРИИ ЯКВАҚТА БА НИЁЗМАНДОН 
Ба гуфтаи ӯ, порсол аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳурӣ ба 240323 нафақагир ба маблағи 144,2 миллион сомонӣ ёрии яквақта пардохт гардид. Маблағ бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи декабри соли 2022 «Дар бораи пардохт намудани кумаки яквақта ба гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ» ба нафақагирони гурӯҳҳои осебпазир, аз ҷумла гирандагони нафақаи иҷтимоӣ, маъюбон, кӯдакони ятим ва аз саробон маҳрумшуда, расонда шуд.
Зимни Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» (23 декабри соли 2022) таъкид карда шуд, ки дар панҷ соли охир аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузории буҷети давлатӣ барои дастгирии табақаҳои осебпазири аҳолӣ тавассути пардохти нафақа, кумакпулӣ ва ҷубронпулиҳо, нигоҳдории муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва уҳдадориҳои дигар зиёда аз 19 миллиард сомонӣ, аз ҷумла танҳо соли 2022-юм 4,3 миллиард сомонӣ, равона карда шуд.
 
«Дар баробари ин, то охири соли 2022 ба 475 ҳазор шаҳрванди эҳтиёҷманди кишвар, аз ҷумла кӯдакони ятим ва бесаробон, маъюбон, оилаҳои камбизоат ва гирандагони нафақаи иҷтимоӣ, кумаки молиявии яквақта дар ҳаҷми 600 сомонӣ иловатан пардохт карда мешавад ва ба ин мақсад 285 миллион сомонӣ равона мегардад», – иброз доштанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Дилмурод Давлатзода таъкид кард, ки порсол аз кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 24 ҳазору 967 дархост оид ба муайяну тасдиқ намудани давраҳои суғуртаи иҷтимоӣ ва мавҷудияти ҳуқуқ ба таъини нафақа ворид гардид, ки бештари дархосту мактубҳо аз Федератсияи Россия мебошад. То моҳи январи соли равон ба 14 338 дархост ҷавоб гардонда, 10 629 дархости воридгардида дар коркард аст. Илова бар ин, дар ин муддат ба дастгоҳи марказии Агентӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ 1726 мактуб ворид шуд. 
 
Кароматулло АТО, 
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 22.02.2023 №: 41
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив