Ҷаҳон дар як сатр
Мир24. Панҷумин нафар дар ҷаҳон аз вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) комилан шифо ёфт. Тибқи гузориши Nature Medicine, табибон шифо ёфтани як марди 53-сола аз Олмонро эълон карданд, ки бо номи "бемори Дюсселдорф" маъруф аст.
ТАСС. Лукашенко зимни дидор бо сафири Эрон Саид Ярӣ дар Минск гуфт, ки дар ояндаи наздик, дар нимаи моҳи март, ман бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ин кишвар дидан мекунам ва дар он ҷо мо масоили муҳими равобити худро баррасӣ менамоем.
АИР «Новости». Нишасти Шурои амнияти СММ, ки аз ҷониби Россия ба далели ҳамлаҳои террористӣ дар лӯлаҳои "Маҷрои шимолӣ" ва "Маҷрои шимолӣ -2" дархост шудааст, баргузор мешавад.
Қаблан, Москва тарҳи қатъномаи Шурои амнияти СММ-ро омода карда буд, ки дар он аз Дабири кулли ин Созмон хостори таъсиси як комиссияи мустақил барои таҳқиқи тахриби лӯлаҳои “Маҷрои шимолӣ” шуда буд. Намояндаи доимии Чин дар СММ Чжан Сзюн, аллакай, изҳор доштааст, ки Чин аз пешниҳоди Россия пуштибонӣ мекунад.
RT. Хадамоти матбуоти Президенти Ӯзбекистон хабар медиҳад, ки Сарвари ин кишвар ба натиҷаҳои бизнес-форуми соҳибкорони Ӯзбекистону Миср, ки дар натиҷаи он оид ба татбиқи беш аз 20 созишнома ва қарордод ба маблағи умумии 1,6 миллиард доллари амрикоӣ тавофуқоти мушаххас ҳосил шуд, баҳои баланд дод.
Санаи нашр: 22.02.2023 №: 41
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:

21 феврал 2023, Сешанбе
МУҲАММАДТАҚӢ СОБИРӢ: “ДАР СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ЭРОН ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҶОЙГОҲИ БОЛОЕ БАРХӮРДОР АСТ”
31 январ 2023, Сешанбе
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ИҚДОМОТИ САТҲИ ҶАҲОНӢ. ЭЪТИБОРИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТОҶИКИСТОН ҚАВИТАР МЕГАРДАД
03 феврал 2023, Ҷумъа
АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
21 феврал 2023, Сешанбе
«ҶУМҲУРИЯТ» БО КАРОМАТУЛЛО ОЛИМОВ АЗ ШЕЪР ТО ФАЛСАФАВУ СИЁСАТ
06 феврал 2023, Душанбе
АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
07 феврал 2023, Сешанбе
Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»
Шарҳҳо (0)