ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ИСТИҚЛОЛИЯТ  ВА ФАРҲАНГИ СУЛҲИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН 

ИСТИҚЛОЛИЯТ  ВА ФАРҲАНГИ СУЛҲИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН 

17 ноябр 2023, Ҷумъа
20
0

 
Муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон давомдиҳандаи кори аввалин асосгузори давлати тоҷикон Исмоили Сомонӣ мебошанд, ки тавонистанд дар солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ин миллатро дар партави фарҳанги сулҳ аз парокандагӣ наҷот бахшанд. Бо талошу ҷонбозиҳои Сарвари давлат имрӯз тоҷик сарҷамъ аст. Фарҳанги сулҳофарии ӯ ибратомӯз ва, ҳамзамон, мояи ҳасади тангбинон мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сипари фарҳангиеро сохт, ки кафолати бақои миллату халқи тоҷик аст. Фарҳанги сулҳофарии ӯ муҷиби ҳайрати ҷаҳониён гашт ва 30 сол қабл ӯ чун Пешвои аслии миллати тоҷик шинохта шуда буд.
Фарҳангҳои аздастрафтаро эҳё бахшиданаш ӯро раҳнамои миллат сохт. Пешвои миллат аз рӯзҳои нахуст ба фарҳанг такя мекард ва имрӯз низ корбаст аз фарҳанг шеваи фаъолияти доманадори ӯст.
Ташкили чорабиниҳои фарҳангӣ, симпозиуму конфронсҳо ва ҳамоишҳои байналмилалӣ бахшида ба солгарди фарзандони барӯманди миллат, таҷлили санаҳои бузурги фарҳангӣ, бунёди иншооти замонавӣ, барқарорсозии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, эҳёи суннатҳо ва анъанаҳои миллӣ, тавассути чорабиниҳои байналмилалӣ тарғиби фарҳанги пурғановати миллӣ, баргузории рӯзҳои фарҳангиву ба роҳ мондани сафарҳои ҳунарӣ дар маркази таваҷҷуҳи Роҳбари давлат қарор доранд.
Муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, осорхонаву китобхонаи миллии замонавӣ, майдонҳои парчаму нишони давлатӣ, бинои муҳташами Қасри миллат, Кохи Наврӯз ва чанде дигар, ки дар маркази шаҳр қомат афрохтаанд, як гувоҳномаи бузурги фарҳанги миллати куҳанбунёди мост. Ин ташаббусҳо барои наслҳои минбаъда нигаронида шуда, асос дар роҳи шинохти ҳастии миллати тоҷик мебошад.
Миллати тоҷик таъриху фарҳанги ҳазорсолаҳоро соҳиб аст. Барои огоҳии насли ҷавон санаҳои таърихиву фарҳангии 2500-солагии Истаравшан, 2700-солагии Кӯлоби бостон, 3000-солагии Ҳисори шодмон дар сатҳи байналмилалӣ, бо иштироки ҳазорон нафар меҳмони хориҷӣ ҷашн гирифта шуданд. Рушди  фарҳангу маънавиёти  ҷомеа ҳадафи асосии ин ҳама тасмимҳост. Фарҳанг барои миллати тоҷик сулҳро асос гузошт ва бо ин сабаб барои миллати тоҷик чун ганҷи муқаддас бебаҳост. 

Покизамо ҶОНШОЕВА,
омӯзгори забони англисии МТМУ № 44-и 
ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе

Санаи нашр: 17.11.2023 №: 229-230
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив