ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ВА МОҲИЯТИ ТАҚДИРСОЗИ ИҶЛОСИЯИ ШОНЗДАҲУМ

РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ВА МОҲИЯТИ ТАҚДИРСОЗИ ИҶЛОСИЯИ ШОНЗДАҲУМ

20 ноябр 2023, Душанбе
35
0

 
Бо ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 14-уми майи соли 2016, ҳамасола 16-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Маҳз ин санаро ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардани мақомоти қонунгузории кишвар рамзӣ аст, зеро, он дар хотираи таърихи миллати тоҷик аз чанд ҷиҳат тақдирсоз, созанда, хотирмон ва фаромӯшнашаванда мебошад. 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи тақдирсози шонздаҳуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Моҳияти тақдирсозии Иҷлосияи мазкур, пеш аз ҳама, дар он аст, ки бо қарорҳои қабулнамудааш – махсусан ба сифати Раиси Шурои Олӣ интихоб кардани Эмомалӣ Раҳмон миллатро аз парешонӣ ва давлатро аз нестшавӣ эмин нигоҳ дошт. 
Пас аз ду соли идораи парламентии давлат, 6-уми ноябри соли 1994 дар баробари қабули нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо азму иродаи матин ва ҷонибдории халқ Президенти мамлакат интихоб шуданд. 16-уми ноябри соли 1994 дар ҷаласаи 16-уми Шурои Олӣ ба сифати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даст болои Конститутсия барои садоқату вафодорӣ ба таъмини ҳуқуқу озодиҳо, кафолати шаъну шарафи шаҳрвандон, ҳифзи сарзамин, истиқлоли сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ва хидмати содиқона ба халқу давлат савганд ёд карданд. Савганди ба ҷо овардани рисолати бузурги давлатдорӣ, роҳбарӣ кардани давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, ҳифзи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, таъмини фаъолияти муназзаму босамари рукнҳои давлатдорӣ, амнияти халқу давлат, волоияти қонун, рушди бомароми иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва беҳтар намудани шароити рӯзгори сокинони кишвар, ки зина ба зина амалӣ гардиданд.
Миллати тоҷик ва соири мардумони Тоҷикистон шоҳиди онанд, ки Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба савганди худ содиқ ва ба аҳдашон вафодор монданд. Аз ҷумла:
- ҷанги хонумонсӯзи дар он солҳо идомадошта дар кӯтоҳтарин муҳлат бо сулҳу ҳамдигарфаҳмии ҷонибҳои даргир анҷом ёфта, 27-уми июни соли 1997 бо ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ ба анҷом расонда шуд;
- соли 1999-ум 1100-солагии аввалин давлати мутамаркази тоҷикон – давлати абарқудрати Сомониён ҷашн гирифта шуда, муҷассамаи бузурги Исмоили Сомонӣ дар маркази пойтахт қомат афрохт;
- дар ин сол 90-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, муаллифи шиносномаи миллати тоҷик – «Тоҷикон» академик Бобоҷон Ғафуров таҷлил гардид;
- ҳамон сол ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироту иловаҳо ворид шуда, дар ҷумҳурӣ маҷлиси дупалатагӣ – Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ таъсис дода шуд;
- соли 1997 бо мақсади дастгирии духтарону писарони лаёқатманди деҳот ва минтақаҳои дурдасти кишвар Квотаи президентӣ таъсис ёфт, ки дар давоми зиёда аз 25 сол ҳазорҳо нафар ҷавонон соҳибихтисос гардиданд;  
- бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми октябри соли 2000, таҳти № 415 пули миллӣ – сомонӣ, ки ба ифтихори нахустин бунёдгузори давлати мутамаркази тоҷикон Исмоили Сомонӣ (849-907) номгузорӣ шудааст, ба муомилот бароварда шуд;
- оғоз аз соли 2003 Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷонибдорӣ намуда, соли 2003-ро «Соли байналхалқии оби тоза», солҳои 2005-2015-ро «Даҳсолаи байналмилалии «Амалиёти об барои ҳаёт» ва соли 2013-ро «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» эълон намуд; 
- бо ташаббуси  Президенти Тоҷикистон ва  дастгирии Созмони Милали Муттаҳид Наврӯз ҳамчун осори тамаддуни ҷаҳонӣ ҷашни байналмилалӣ эълон гардид. Ҳамчунин, Ҷашни миллию мардумии Наврӯз, мусиқии суннатии «Шашмақом» ва «Фалак», таоми миллии «Оши палав» ва либоси миллии «Чакан» низ ба феҳристи ҷашнҳои ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид шуданд;
- нақбҳои «Истиқлол», «Шаҳристон», «Хатлон», «Дӯстӣ», «Озодӣ» ва шоҳроҳҳои Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ, Кулма – Қароқурум, Қӯрғонтеппа – Данғара – Кӯлоб, Айнӣ – Панҷакент, Душанбе – Норак – Данғара, Душанбе – Ваҳдат – Файзобод бунёду мавриди истифода қарор гирифта, яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар – баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ амалӣ шуд;
- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаҳон ҳамчун роҳбари ташаббускор дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии амнияти минтақаву ҷаҳон, обу иқлими сайёра, эътироф гардиданд. 
Маҳз бо назардошти чунин заҳмату сифатҳои бузурги роҳбарӣ ва саҳми арзандаи Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, дар ташаккули давлатдории навини тоҷикон, эҳёи давлати миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ бо ташаббуси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз соли 2015 лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» таҳия гардида, мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Пас аз такмилу мавриди таҷдиди назар қарор додан, Қонуни конститутсионии мазкур аз 14-уми ноябри соли 2016 мавриди истифодаи умум қарор гирифт. 
Ҳоло ҷашн гирифтани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин, пеш аз ҳама, эҳтиром ва ихлоси бепоён ба миллату давлат, кишвари ободу зебо, шукуфону гулафшон, сулҳу ваҳдати пойдори миллӣ, шакли комгори давлатдории президентӣ ва арҷ гузоштан ба хидматҳои мондагори муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Ҷашни Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тантанаи демократия ва сулҳу ваҳдат, волоияти қонун, озодиҳои инсон ва шаҳрванд, фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда, таҳкими истиқлолияти миллию давлатӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву устувории давлат, таъмини рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, татбиқи ҳадафҳои стратегии  давлату миллат ва ягонагиву якдилии тамоми мардуми кишвар мебошад.
   
Раҷабалӣ САНГОВ, 
Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи нашр: 20.11.2023 №: 231
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив