ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » РАИСИ ҲИЗБИ МО ҚАҲРАМОНИ МОСТ!  АЗ ҲАМОИШИ ҲИЗБӢ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ 

РАИСИ ҲИЗБИ МО ҚАҲРАМОНИ МОСТ!  АЗ ҲАМОИШИ ҲИЗБӢ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ 

20 ноябр 2023, Душанбе
19
0


Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 31-солагии Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ чорабинии сиёсӣ-фарҳангӣ доир шуд.
 
Иброз гардид, ки Иҷлосияи тақдирсоз сароғози таҳкими қонуният дар мамлакат буд. Маҳз дар ҳамин ҷаласаи сарнавиштсоз Президенти Тоҷикистон вакилони мардумӣ ва халқӣ Тоҷикистонро дар партави сиёсати сулҳҷӯёнаи хеш сарҷамъ намуданд. Сарвари ҷавони Тоҷикистон бо ҷасорату иродаи матинашон, ки аз меҳру муҳаббати бузург ба халқу Меҳани худ сарчашма мегирифт, дар муддати кӯтоҳ вазъияти сиёсиро ба эътидол оварданд. 
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ Абдураҳим Шоҳиён иброз дошт: “Ин сана ифодакунандаи нахустин рӯзи тақдирсоз ва муайянкунандаи рушди минбаъдаи бомароми Тоҷикистон мебошад. Мардуми шарафманди тоҷик Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун рамзи садоқат ба Сарвари кишвари хеш ва Ватан таҷлил менамоянд. Хизматҳои шоиставу беназири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлатдории миллии тоҷик, барқарории ҳокимияти сиёсии давлатӣ, истиқлол, пешгирии хатари нобудшавии миллат, хомӯш кардани оташи ҷанги дохилӣ ва эҳёи сохтори фалаҷгардидаи ҳокимияти давлатӣ хеле бузург аст. 
Дар охири ҳамоиш таъкид гардид, ки  аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар масири татбиқи барномаҳои оинномавӣ саъю талош варзида, азм намудаанд, ки супориш ва ҳидоятҳои ояндасози Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро амалӣ гардонанд.

Лола РИЗОӢ, 
“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 20.11.2023 №: 231
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив