ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » САНГВОР. АЗ САРВАРИ ХУД СИПОСГУЗОРЕМ!

САНГВОР. АЗ САРВАРИ ХУД СИПОСГУЗОРЕМ!

22 ноябр 2023, Чоршанбе
11
0


Эмомалӣ Раҳмон меъмори давлатдории тоҷикон, кафили рушди босубот дар давлатамон мебошанд. Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иди бузурги миллӣ, тантанаи волоияти қонун ва маҳбубияти хоссае буда, месазад ба хидматҳои шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун шахсияти сулҳофару бобаракат сипосгузорӣ намоем.
Ин суханон дар бинои қасри фарҳанги ноҳияи Сангвор ҳангоми чорабинии сиёсиву фарҳангӣ таҳти унвони "Бо Президентам ифтихор дорам" садо дод.
Давлатзода Маҳмадшоҳ Ғайрат, раиси ноҳия, изҳор дошт: “Соли 1991 ҳанӯз мардуми мо шаҳди озодиву давлатдории миллиро начашида, душманони миллат Тоҷикистони ҷавонро ба муноқишаҳои хунину нангини дохилӣ кашиданд. Онҳо мехостанд давлату миллати тоҷикро решакан ва номи Тоҷикистонро аз харита хат зананд. Хушбахтона, дар ин даврони бас пурталотуму тақдирсоз Офаридгори олам барои аз вартаи фано наҷот додани давлату миллати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон, фарзанди баору номус, далеру боҷассорат ва фидокору сарсупурдаро ба майдони сиёсат овард”.
Маҳз дастгириву ҷонбозиҳои сулҳҷӯёнаи ӯ имкон фароҳам овард, то Тоҷикистон чун узви наву комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар арсаи олам эътироф гардад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзи нахустини ба мақоми олӣ интихоб шуданаш, ҳалли масъалаҳои ҳаётан муҳим, мисли хомӯш сохтани ҷанги бародаркуш, эҷод намудани фазои боъэътимоду ҳамзистӣ дар ҷомеа, баргардондани гурезаҳо, навсозии низоми давлатдорӣ, таъмини рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ, дарёфти ҷойгоҳи муносиб дар арсаи байналмилалӣ, мақсад ва мароми Ҳукумати навро эълон намуд. Бешубҳа, бузургтарин шахсиятро, ки солҳои тулонӣ бевосита дар самти сиёсати давлатӣ, сохтмон, таҳким ва рушди давлатдории миллӣ хидмати бедареғ кардааст, дар симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дидан мумкин аст. 

Гулнисои САЪДОНШО, "Ҷумҳурият"

Санаи нашр: 22.11.2023 №: 232
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив