ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » “ЭКСПО – 2023”.  ҲАМОИШИ ЗАНОНИ СОҲИБКОР

“ЭКСПО – 2023”.  ҲАМОИШИ ЗАНОНИ СОҲИБКОР

22 ноябр 2023, Чоршанбе
28
0
Бо ташаббуси Ҳукумат, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва котиботи Шурои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ дар меҳмонхонаи “Ҳаят Реҷенси”-и шаҳри Душанбе дар доираи “ЭКСПО – 2023” бахшида ба Рӯзи байналмилалии занони соҳибкор ҳамоиши рушди соҳибкории занон баргузор гардид.
Муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Матлубахон Сатториён, роҳбарони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва кишоварзӣ, кумитаҳои давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, кор бо занон ва оила, намояндагони БРСММ дар Тоҷикистон ва доираи васеи бонувони соҳибкор бо маҳсулоти истеҳсолнамудаи ташкилотҳои қарзии молиявӣ,  занони соҳибкор ва шахсони имконияташон маҳдуд, ки дар  намоишгоҳи ҳамоиш пешниҳод гардид, шинос шуда, дар ифтитоҳи расмии чорабинии мазкур иштирок ва суханронӣ намуданд.
Сипас, тибқи нақша ҳамоиш дар ҷаласаҳои панелӣ идома ёфта, мавзуъҳои “Нақш ва саҳми занон дар соҳаи агробизнес”, “Рушди тиҷорати электронӣ, соҳибкории ҷавонон ва “иқтисоди сабз” ва “Дастрасии занон ба воситаҳои молиявӣ, таҷрибаи кишварҳои пешқадам дар самти роҳандозии маҳсулоти ҷанбаҳои гендеридошта” мавриди баррасӣ ва табодули афкори иштирокдорони ҳамоиш қарор гирифтанд.
Ҳамзамон, таҳти роҳбарии муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ бо иштироки сармоягузорон, соҳибкорони дохилию хориҷӣ, намояндагони созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва роҳбарони ташкилотҳои қарзии молиявии ҷумҳурӣ панели сеюм дар мавзуи “Дастрасии занон ба воситаҳои молиявӣ, таҷрибаи кишварҳои пешқадам дар самти роҳандозии маҳсулоти ҷанбаҳои гендеридошта” баргузор гашт. Г.Назирӣ зикр намуд, ки таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ба масъалаҳои татбиқи сиёсати пулию қарзӣ, беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ва муҳайё намудани шароити мусоид барои рушди соҳибкорӣ, аз ҷумла соҳибкории занону бонувон, таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Бинобар ин, ҷиҳати пешбурди сиёсати Пешвои миллат солҳои охир Бонки миллӣ фаъолияти худро дар самти ислоҳоти низоми бонкӣ, тақвияти сиёсати пулию қарзӣ, рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва дигар воситаҳои молиявӣ идома дода, баҳри таъмини устувории қурби пули миллӣ, баланд бардоштани қобилияти пардохтпазирии ташкилотҳои қарзӣ ва эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ, инчунин, таъмини фаъолияти босуботу бехатари низоми пардохт равона намудааст.
Зикр гардид, ки БМТ ҳамчун мақоми татбиқкунандаи сиёсати пулию қарзӣ бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти олии мамлакат дар самти васеъ намудани дастгирии соҳибкории бонувон бо хизматрасониҳои молиявӣ, инчунин, сари вақт, осону бемамониат ва босифат пешниҳод намудани ин хизматрасониҳо корҳои муайянро анҷом дода истодааст.
Дар нуҳ моҳи соли равон аз ҷониби муассисаҳои бонкӣ ба зиёда аз 675 ҳазор занону бонувон ба маблағи беш аз 3 миллиарду 570 миллион сомонӣ қарз дода шудааст, ки дар қиёс ба соли 2018-ум 2,6 баробар зиёд мебошад. Танҳо дар панҷ соли охир ва 9 моҳи соли 2023 маблағи қарзи ба занону бонувон пешниҳодшуда 16,0 миллиард сомониро ташкил медиҳад. Г.Назирӣ зикр намуд, ки дар доираи татбиқи самараноки Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва бо мақсади таъмини иҷрои муқаррароти Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, бо қарори Ҳукумат аз 1-уми июли соли 2022, таҳти № 314 Стратегияи миллии фарогирии молиявӣ барои солҳои 2022-2026 тасдиқ карда шудааст. Мавриди зикр аст, ки дар Стратегия бахши махсуси маҷмуӣ оид ба васеъ кардани ҳуқуқ ва имкониятҳои иқтисодии занон ва ҷавонон муайян карда шудааст, ки ин ба татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти таъмини баробарии гендерӣ ва рушди иҷтимоии ҷавонон бевосита таъсири мусбат мерасонад. 
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 22.11.2023 №: 232
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив