ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » “ЗИРАКИИ СИЁСИРО АЗ ДАСТ НАДИҲЕМ!”.  ТАЪКИДЕ, КИ МОРО БЕДОР МЕКУНАД

“ЗИРАКИИ СИЁСИРО АЗ ДАСТ НАДИҲЕМ!”.  ТАЪКИДЕ, КИ МОРО БЕДОР МЕКУНАД

22 ноябр 2023, Чоршанбе
62
0
Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб ба шумор меравад, зеро он боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш – таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расондани зарари вазнин, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.
 
Созмонҳо, гурӯҳҳо ва шахсони руҳияи террористидошта фаъолияти худро шиддат бахшида, аз роҳу воситаҳои зиддиинсонӣ бо бераҳмӣ истифода менамоянд. Аз рӯи маълумот, имрӯз дар ҷаҳон наздики 500 созмони пинҳонкори террористӣ амал мекунад, ки хатарашон аз силоҳи ҳастаиву бемориҳои сироятӣ бештар аст.
Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонро вабое асири худ намудааст, ки нишонаи он шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ мебошад. Ба ин гурӯҳҳо ҳамон ҷавононе ворид мегарданд, ки аз аслияти хеш, аз илму маърифат дуранду дар натиҷаи зиддиятҳои иҷтимоиву иқтисодии ҷомеа ба доми фиребу найранги чунин бадхилофон меафтанд. 
Дар бораи ифротгароӣ дар заминаи ислом бисёр мегӯянду менависанд ва чунин ба назар мерасад, ки гӯё ҳар як мусулмон ифротгаро бошаду нияти таркондану сӯзондан дорад. Ҳол он ки ин ақида аз ҳақиқат фарсахҳо дур аст. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбарҳои баланд таъкид доштанд, ки ифротгаро на дин дораду на оину на фарҳангу на одамияту на миллат. Масалан, дар суханронии худ дар иҷлосияи сеюми фавқулодаи Созмони конфронси исломӣ, ки дар шаҳри Макка, 7-уми декабри соли 2005 баргузор гашт, гуфта буданд: «Террорист дар асли худ миллат, мазҳаб ва ватан надорад ва душмани Худову бандагони ӯст. Ин гуна неруҳо аз номи Ислом амал намуда, номи неки онро доғдор мекунанд ва манфиатҳои душманону бадхоҳони фарҳанги волои Исломро пиёда месозанд». 
Чӣ бояд кард, то ки роҳи шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ гирифта шавад? Пеш аз ҳама, пурра фаро гирифтани наврасону ҷавонон ба омӯзиши илмҳои дунявӣ ва ҳам динӣ; давра ба давра ташкил намудани ҷойи кор бо назардошти маоши хуб; таъмин намудани мактабҳо бо омӯзгорони сиёсатмадор ва диншинос; баланд бардоштани сатҳи ҷаҳонбинӣ ва зиракии сиёсии ҷавонон бо роҳи  таблиғу ташвиқ ва ҷалби бештари онҳо ба маҳфилҳои сиёсӣ; ба ҷавонон пешниҳод намудани навигариҳои воқеии дунё ба воситаи ВАО; ба тарзи ҳаёти солим ҷалб кардани ҷавонон тавассути варзиши оммавӣ.
Чуноне мегӯянд, Ватан – Модар вожаҳои ба ҳам муродифанд, дар тарозуи ақли инсон ҳар ду дар як вазн қарор мегиранд. Аз ин рӯ, ҳифзу гиромидошти Ватан ин ҳифзу гиромидошти Модар аст ва хиёнат ба Ватан ин хиёнат ба модарони тоҷик мебошад.
Мо, ҷавонони даврони соҳибистиқлолии кишвар, бояд аз он бифахрем, ки дар биҳишти рӯи Замин бо номи Тоҷикистон зиндагонӣ мекунем, озодона донишу илм меомӯзем ва аз ҳама муҳимаш, Сарвари оқилу бохиради ҷонфидо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дорем, ки ояндаи давлатро ба мо, ҷавонон, супурдаанд. Мо, ҷавонони ба ору номуси кишвар, шукргузор аз соҳибистиқлолии давлат ва сулҳу суботи комил карда, баҳри рушди давлатдорӣ камари ҳиммат бастаем.
 
Аълохон БОБОЗОДА, муаллими калони кафедраи ТИКБ-и ДДҲБСТ
Санаи нашр: 22.11.2023 №: 232
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив