ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » «БОНУВОНИ ТОҶИКИСТОН», ЧЕҲРАҲО, ИСТИҚЛОЛИЯТ

«БОНУВОНИ ТОҶИКИСТОН», ЧЕҲРАҲО, ИСТИҚЛОЛИЯТ

22 ноябр 2023, Чоршанбе
28
0
Зери ҳамин ном дар арафаи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тариқи КВД Комплекси табъу нашри «Шарқи озод»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эҳтимоми сармуҳаррири маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» Шоҳона Одиназода бо теъдоди 2000 нусха маҷмуа ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ аз чоп баромад, ки барои омӯзандагони таърихи даврони соҳибистиқлолии кишвар ва муборизаҳои халқи тоҷик баҳри барқарорсозии ҳаёти нав ва истиқрори сулҳу созгорӣ дар Ватан бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  туҳфаи арзандаест. 
Мураттиб Шоҳона Сулаймон нигоштааст: «Рӯйдодҳои таърихӣ хусусияте доранд, ки аҳамияташон на дар замони вуқуъ, балки бо гузашти вақт бештару беҳтар дарк карда мешаванд. Имрӯз эҳсос менамоем, ки Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри маданияти «Арбоб» чи рисолати бузурги таърихиро анҷом дод. Ин нишаст оғози бархостан буд. Дар ин нишаст вакилони мардумӣ ба беҳокимиятӣ хотима бахшиданд ва касеро роҳбари кишвар интихоб намуданд, ки бо гузашти солҳо ҷой дар қалби мардум гирифт ва Пешвои барҳаққу арзандаи онон шуд. Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Шурои Олӣ дар ҷараёни кори Иҷлосия ба аҳзоби сиёсӣ, ҳаракату созмонҳо ва тамоми шаҳрвандони ҷумҳурӣ муроҷиат карда, чунин гуфта буданд: «Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хавфи фалокати умумимиллиро эҳсос намуда, ҷанги бародаркушро маҳкум карда, ҳуқуқи шахсиятро бидуни мансубияти миллӣ, динию мазҳабӣ, ҷаҳонбинӣ ва идеологӣ эътироф намуда, масъулияти таърихии худро нисбат ба тақдири Тоҷикистон дарк карда, баҳри якпорчагӣ ва тақсимнопазирии Тоҷикистони демокративу дунявӣ талош менамояд». Тавре ки таърихи навин собит сохт, ҳамаи ваъдаҳои Сарвари давлат ҷомаи амал пӯшиданд. 
Мундариҷаи китоб ғанӣ буда, хонанда аз он дар бораи чеҳраҳои шинохта, бонувони хизматнишондода, арбобони сиёсат, иқтисоду иҷтимоиёт, саноату кишоварзӣ, илму фарҳанг, маориф, адабиёту ҳунар, варзиш, хизмати давлатию мақомоти қудратӣ, дастовардҳои халқ дар тули сӣ соли истиқлолият, занону духтарони одӣ, ки дар офаридани нозу неъматҳои моддиву маънавӣ, тарғибу ташвиқи расму оинҳои милливу ҳунарҳои мардумӣ номошно шудаанд, ҳамчунин, шукӯҳу шаҳомати ҷаҳонӣ ёфтаи шаҳри дилорои Душанбе – пойтахти сулҳ,  матолиби ҷолиб дарёфт ва мутолаа карда метавонанд.  
 
М. ҚУРБОН, 
«Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 22.11.2023 №: 232
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив