ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ИШТИРОКИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ҶАЛАСАИ СААД

ИШТИРОКИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ҶАЛАСАИ СААД

24 ноябр 2023, Ҷумъа
17
0

 
23-юми ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус дар ҷаласаи навбатии Шурои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар ҷаласа марбут ба вазъ дар минтақаҳои СААД ва ҷаҳон, масоили афзоиши хатару таҳдидҳои минтақавию байналмилалӣ, мушкилоти рӯзмарраи амнияту бехатарӣ дар минтақаву ҷаҳон, самтҳои афзалиятноки фаъолияти СААД ва таҳкими ҳамкории байнидавлатии кишварҳои аъзо дар доираи Созмон ҷиҳати таъмини амнияту бехатарӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Доир ба рӯзномаи ҷории масъалаҳои СААД, роҳҳои пурзӯр намудани муқовимат ба хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир, тадбирҳои муштараки самарабахши мақсаднок дар мубориза бо терроризми байналмилалӣ ва экстремизм, мубодилаи ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ, киберҷиноятҳо ва дигар зуҳуроти номатлуби ҷинояткории фаромиллӣ мубодилаи афкор карда шуд.
Аз рӯйи натиҷаҳои кори ҷаласа роҳбарони давлатҳо Баёнияи муштарак, инчунин, қарорҳои дахлдорро оид ба беҳтар гардондани фаъолияти сохтории СААД, такмили асосҳои меъёриву ҳуқуқии фаъолияти он, рушди низоми аксуламалҳои буҳронӣ ва татбиқи дигар тадбирҳо дар асоси рӯзномаи фаъолияти Созмон қабул намуданд.
Натиҷаҳои ҷаласаи навбатии Шурои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар нишасти матбуотӣ бо иштироки доираи васеи намояндагони воситаҳои ахбори омма баррасӣ гардиданд.

Санаи нашр: 24.11.2023 №: 233
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив