ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АВВАЛИН ПАРЧАМИ ИСТИҚЛОЛ.  АЗ ТАСДИҚИ ЛОИҲА ТО БОФТАНИ ОН ДАР ХУҶАНД

АВВАЛИН ПАРЧАМИ ИСТИҚЛОЛ.  АЗ ТАСДИҚИ ЛОИҲА ТО БОФТАНИ ОН ДАР ХУҶАНД

24 ноябр 2023, Ҷумъа
17
0

 
Аввалин парчами дар Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабулгардида 31 сол аст, ки дар экспозитсияи толори «Даврони Истиқлоли давлатӣ»-и Осорхонаи миллӣ ҳамчун нигораи нодири таърихӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад. Парчаме, ки онро Раиси тозаинтихоби Шурои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтирому арҷгузорӣ бӯсида, дар назди он сари таъзим фуруд оварда буданд, бори дигар муҳри тасдиқ мезанад, ки ин матоъ чи ёдгории нодир барои миллати мост.
Баъд аз соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Шурои Олӣ комиссияи корӣ таъсис ёфта, оид ба қабули Парчами давлатӣ, Нишони давлатӣ ва Суруди миллӣ қарор қабул гардид.
То санаи қабули Нишон ва Парчами давлатӣ чанд моҳ қабл озмун байни рассомон ва тарроҳон эълон шуд, ки онро академик Муҳаммад Осимӣ роҳбарӣ мекард. Кори комиссия ба таври пӯшида ҷараён дошт. Ба озмун 200 лоиҳа пешниҳод мешавад, ки ҳар кадоми онро мутахассисон мавриди омӯзиш ва хулосабарорӣ қарор медиҳанд. Ҳамин тавр, комиссия лоиҳаи Парчами давлатиро, ки аз ҷониби рассомон Зуҳур Ҳабибуллоев ва Александр Заневский пешниҳод гардида буд, интихоб мекунад.
Рассом Зуҳур Ҳабибуллоев дар хотираҳои худ навиштааст: «Ҳангоми омодашавӣ ва тарҳрезии лоиҳаи парчам аз маслиҳат ва машварати олимони соҳаи фарҳангшиносӣ Лариса Додхудоева, Н. Игнатушина ва М. Сайдалиев истифода намудем».
Сипас, аввалин парчам 24-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоб дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар ҳамон Иҷлосия «Қарор оид ба Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Қарор оид ба Нишони Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардиданд, ки дар асоси онҳо ба моддаҳои 169 ва 170 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид гардиданд. Мувофиқи он, «Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи Истиқлоли давлатӣ, иттифоқи вайроннашавандаи коргарон, деҳқонон ва зиёиён, дӯстӣ ва бародарии ҳамаи халқҳои маскуни ҷумҳурӣ мебошад».
Он замон бо супориши Раиси Шурои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон парчаме, ки аз ҷониби ҳайати корӣ пешниҳод ва қабул гардида буд, дар муддати як рӯз омода ва дар пештоқи Қасри Арбоб насб гардид.
Дар хотираҳои рассом Зуҳур Ҳабибуллоев чунин омадааст: «Ин парчам дар Комбинати абрешими шаҳри Хуҷанд бофта шудааст. Онҳо аз соати 4-и бегоҳ то 3-и саҳар бо бофандагон ва ҳунармандони ин комбинат нахустин парчамро омода ва 25-уми ноябр он ба толори Қасри Арбоб оварда шуд.
Тавре академик Муҳаммад Осимӣ дар муаррифии тарҳи Парчами давлатӣ 24-уми ноябри соли 1992 гуфта буд: «Ҳафт ситора рамзи ҳафт макони таърихии зебоманзари Ватанамон ба ҳисоб меравад, яъне Суғд, Зарафшон, Ҳисор, Рашт, Вахш, Хатлон ва Бадахшон».
Ҳифз ва ба экспозитсияи Осорхонаи миллии Тоҷикистон расондани ин нигораи арзишманд таърихи хоси худро дорад. Матои парчами нахустин 145 ба 85 см андоза дошта, бо нишони эҳтирому арҷгузорӣ аз ҷониби корманди масъули Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Калимулло Қодиров солҳои зиёд эҳтиёт ва ҳифз шуд. Сипас, дар таҷлили 15-солагии Иҷлосияи ХVI Шурои Олӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдим шуд.
Соли 2007 бо дастури муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Парчами нахустини давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон эҳдо гардид.

Лола РИЗОӢ, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 24.11.2023 №: 233
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив