ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » “РОҒУН” БАҚОИ  МИЛЛАТ АСТ!

“РОҒУН” БАҚОИ  МИЛЛАТ АСТ!

24 ноябр 2023, Ҷумъа
14
0


“Роғун” бақои миллату меҳру вафои мост,
Файзу барору софии обу ҳавои мост.
Чун Офтоби наве дар Замин шуда,
Бунёдгашта аз хиради Пешвои мост.

Шуҳрат фузуд миллати моро дар ин ҷаҳон,
Шавкат фузуд давлати моро дар ин ҷаҳон.
“Роғун” баҳору ҳусни нав рӯзгори мо,
Ҳиммат фузуд ҳиммати моро дар ин ҷаҳон.

“Роғун” чароғи равшани ҳар хона мешавад,
Тоҷик гирди он ҳама парвона мешавад.
Бо ақлу бо заковату бо лутфи Пешво,
Миллат ба арсаи ҷаҳон дурдона мешавад!

Ёқуб БОРОН

Санаи нашр: 24.11.2023 №: 233
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив