ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ОЗАРБОЙҶОН

САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ОЗАРБОЙҶОН

28 ноябр 2023, Сешанбе
5
0


23-юми ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ, ҷиҳати иштирок дар саммити Барномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ, ба пойтахти Ҷумҳурии Озарбойҷон – шаҳри Боку ташриф оварданд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Боку Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Озарбойҷон ва дигар шахсони расмӣ самимона истиқбол гирифтанд. Ба истиқболи меҳмони олиқадр майдони Фурудгоҳ бо парчамҳои давлатии ду кишвар оро ёфта, афсарони Қаровули фахрӣ саф оростанд.

Санаи нашр: 27.11.2023 №: 234-235
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив