ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БОЗДИДИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН АЗ НАМОИШГОҲИ СПЕКА

БОЗДИДИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН АЗ НАМОИШГОҲИ СПЕКА

28 ноябр 2023, Сешанбе
4
0

 
24-уми ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Боку аз намоишгоҳи Барномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА) дидан намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки намоишгоҳи маҳсулот, хизматрасонӣ ва навовариҳои кишварҳои аъзои СПЕКА дар ҳошияи саммити Барномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ аз 22-юм то 25-уми ноябр ҷараён мегирад.
Иштирокчиёни намоиш давлатҳои аъзои СПЕКА, аз ҷумла Тоҷикистон, дар “Маркази ЭКСПО-и ба номи Ҳайдар Алиев”  павилионҳоро бо тарҳи миллӣ оро дода, молу маҳсулоти худро ба маъраз гузоштанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз павилиони кишварҳои аъзои СПЕКА – Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон боздид намуданд.
Бояд гуфт, ки СПЕКА соли 1998 таъсис ёфта, Тоҷикистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Афғонистон давлатҳои иштирокчии он мебошанд.
Тоҷикистон павилиони худро дар масоҳати 250 метри мураббаъ бо тарҳу услуби замонавӣ ва нақшу нигори миллӣ оро дода, маҳсулоти ватанӣ, аз ҷумла молҳои саноати сабук, саноати хӯрокворӣ, масолеҳи сохтмонӣ, нассоҷӣ ва ҳунарҳои мардумиро ба намоиш гузошт.
Ҳадаф аз иштироки Тоҷикистон дар чорабинии мазкур, ин, пеш аз ҳама, ҷалби сармоя, муаррифии иқтидори молу маҳсулоти ба содирот нигарондашуда, дарёфти шарикони нав ва бозорҳои содиротӣ мебошад.
Дар намоишгоҳ зиёда аз 50 ширкату корхонаҳои ватанӣ ва беш аз 30 намояндагони бахши хусусӣ, ҳунармандон ва намояндагони вазорату идораҳои кишвар маҳсулоти худро рӯнамоӣ карданд. Ҳамзамон, намунаи корҳои баанҷомрасида ва нақшаҳои оянда вобаста ба рақамикунонии иқтисодиёти Тоҷикистон пешкаши меҳмонони намоишгоҳ шуд.
Боиси тазаккур аст, ки 22-юми ноябр Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев аз павилиони Тоҷикистон дидан намуда, бо молу маҳсулоти Ватани мо ошноӣ пайдо карданд.
Зимни боздид ба Роҳбари кишвари мизбон вобаста ба раванди саноатикунонии кишвар, аз ҷумла истеҳсоли маҳсулоти коркардшуда ва неъматҳои моддии Тоҷикистон, маълумоти муфассал дода, намунаи ҳунарҳои мардумӣ муаррифӣ гардид.
Мавриди зикр аст, ки, дар доираи баргузории ҳафтаи Барномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ, форуми иқтисодӣ, вохӯриҳои дуҷониба миёни доираи соҳибкорони мамлакатҳои аъзои СПЕКА ва дигар чорабиниҳои иқтисодиву тиҷоратӣ сурат мегиранд.
Боиси хушнудист, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ бо талошҳои пайваста ва сиёсати хирадмандонаи сарварони давлатҳои Тоҷикистону Озарбойҷон робитаҳои ду кишвар ба сатҳу сифати нав баромада, дар ҳамаи соҳаҳо пешравиҳои амиқ ба назар мерасад.
Пас аз боздид аз намоишгоҳи маҳсулот, хизматрасонӣ ва навовариҳои кишварҳои аъзои СПЕКА, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони вазорату идораҳои давлатӣ ва дигар масъулони ҷумҳурӣ супориш доданд, ки бо истифода аз ин имконот, барои густариши муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ байни ду кишвар, дарёфти шарикон ва афзоиши содироти молу маҳсулоти ватанӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.

Санаи нашр: 27.11.2023 №: 234-235
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив