ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ХУҶАНД. ҲАДАФ – ИСТИҚБОЛИ  САЗОВОР АЗ ҶАШНИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

ХУҶАНД. ҲАДАФ – ИСТИҚБОЛИ  САЗОВОР АЗ ҶАШНИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

28 ноябр 2023, Сешанбе
33
0
Дар доираи тадбирҳои ободонию созандагӣ бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо ҳузури муовини Сарвазири кишвар Сулаймон Зиёзода дар шаҳри Хуҷанд чанд иншооти муҳими иҷтимоӣ, аз ҷумла дар кӯчаи Сирдарё тарабхонаи «Оилавӣ», дар ҳудуди варзишгоҳи 20-солагии Истиқлолият маркази диллерии «Тойота» ва маркази хизматрасонии «Амид», мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

 

Маъмури Юсуфзод, котиби матбуоти раиси шаҳр, ба хабарнигори «Ҷумҳурият» гуфт, ки дар ошёнаи якум ва таҳхонаи бинои баландошёнаи хизматрасонии “Сирдарё”, ки аз тарафи ширкати “Евро-сохтмон” бунёд шудааст, тарабхонаи “Оилавӣ” фаъолият менамояд. 
– Ба фаъолият оғоз кардани чанд иншооти муҳими иҷтимоӣ натиҷаи иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдоме барои амалисозии ҳадафҳои стратегии мамлакат маҳсуб меёбад, – гуфт Маъмури Юсуфзод.
Тибқи маълумот, бо иқдоми ҶДММ «Таҷмоторс» маркази диллерии «Тойота»-и кишвари Ҷопон ташкил гардида, минбаъд мустақиман автомашинаи ширкати маъруфи «Тойота» дар ин марказ фурӯхта мешавад. Инчунин, таъмир, хизматрасонӣ ва фурӯши қисмҳои эҳтиётии автомобилҳои “Тойота” ба роҳ монда мешавад. 
Намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдоми ширкати ҶДММ «Таҷмоторс»-ро таҳсин хонда, барои рушди минбаъдаи он, таъсиси ҷойҳои нави корӣ машваратҳо доданд.
Тавре зимни ифтитоҳи маркази хизматрасонии «Амид» таъкид гардид, Ҳукумати ҷумҳурӣ дар доираи тадбирҳои созандагӣ бештар ба масъалаи бунёди иншооти замонавӣ, мутобиқсозии инфрасохтори зарурӣ ба талаботи замони муосир ва тавассути ин соҳибшуғл гардондани аҳолӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, дар ин самт тадбирҳои муҳимро марҳила ба марҳила амалӣ менамояд. Беш аз 70 дарсади маҳсулоти пешниҳодгардидаи маркази нави савдою хизматрасонии  «Амид» маҳсулоти ватанӣ буда, дар он 25 нафар  бо ҷойи кор таъмин шудааст.
Дар иншооти нав барои интихоби маҳсулот гӯшаҳои алоҳидаи фурӯши маҳсулоти гӯштӣ, нонӣ, меваю сабзавот, хӯрокворӣ ва дигар шароити мусоид фароҳам мебошад. 
Бино ба маълумоти Маъмури Юсуфзод, дар шаҳри Хуҷанд 6 маркази савдою хизматрасонӣ бо бренди «Амид» фаъолият менамояд, ки дар онҳо 240 нафар бо ҷойи кор таъмин аст. Дар бунёд, таъмир ва вусъати тадбирҳои ободонӣ саҳми соҳибкорони ватанӣ назаррас буда, ҳоло дар шаҳр ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар беш аз 100 иншоот корҳои сохтмонӣ идома доранд. Бовар аст, ки то Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамаи иншооти ҷашнӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, шаҳри Хуҷанд аз имрӯза дида ободу зебо ва шароити зиндагии сокинон хеле беҳтар мегардад.

Кароматулло АТО, 
“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 27.11.2023 №: 234-235
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив