ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ЛИВОИ ПРЕЗИДЕНТ. ЁДГОРИ ПОДШОҲОНИ ПЕШИН БО ҶИЛОИ НАВ

ЛИВОИ ПРЕЗИДЕНТ. ЁДГОРИ ПОДШОҲОНИ ПЕШИН БО ҶИЛОИ НАВ

28 ноябр 2023, Сешанбе
52
0

 
Ливои Президент рамзи расмии Президент дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Намои ин ливо низ мисли Парчами давлатӣ аз маъниву фалсафаи хоси давлатдории мо ва ҳодисаҳои таърихӣ иборат мебошад. Бино ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, рамзҳои Президентро Ливо ва Нишони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил медиҳанд. Инак, чанд маълумоти ҷолиб дар бораи ин арзиши сиёсӣ пешниҳоди шумо мегардад.
Ливои Президент матои хоси росткунҷаест, ки аз се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта иборат мебошад: рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар мебошад; рахи сафеди мобайнӣ яку ним баробари паҳнои яке аз рахҳои ранга аст. Даври он ба андозаи 50 мм, бо ресмони зарҳалӣ дастдӯзӣ шуда, бо шилшилаҳо оро ёфтааст. Таносуби бару дарозии умумии Ливо 1 бар 2 метр аст.
Дар маркази Ливо тасвири «Дирафши Ковиён» (ба ҷои тоҷ дар Парчами давлатӣ) инъикос ёфта, он рамзи пойдорӣ ва бардавомии давлатдории миллист. Дар қисми болоии «Дирафши Ковиён» найза ҳамчун рамзи ирода ва қудрати ҳифзи Ватан тасвир ёфтааст.
Қисмати чаҳоргонаи «Дирафши Ковиён» чаҳор қисмати гетӣ буда, рамзи равобити некӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо кишварҳо ва халқҳои ҷаҳон мебошад.
Дар дохили «Дирафши Ковиён» чаҳор шохаи марғула ҳамчун рамзи ҳамеша дар ҳаракат будани вақту замон, гардиши Замин ва дигар аносири коинот дар атрофи Хуршед инъикос ёфта, баёнгари бахт, ваҳдат, саодат ва пешрафти кишвар мебошад.
Дар маркази «Дирафши Ковиён» тасвири шери болдор ҳамчун рамзи қудрат, нерумандӣ ва шукӯҳи давлат дар рӯи осмони кабуд омадааст.
Дар болои тасвири шери болдор тоҷ ва ҳафт ситораро бо андозаи хурдтар тасвир кардаанд, ки ишора ба тоҷдории миллати мост.
Дар қисмати болоии чӯбдасти Ливо лавҳаи заррин васл мегардад, ки дар он насаб, ном ва номи падари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зикри муҳлати салоҳияти конститутсионии ӯ ҳаккокӣ мешавад. Нӯги чӯбдасти Ливо шакли гунбади зарринро дорад.
Ҷои нигоҳдошти нусхаи асли Ливои Президент дафтари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қароргоҳи он пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе мебошад.
Нусхаи Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қароргоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, қароргоҳи зисти доимии Президент, дигар қароргоҳҳо ҳангоми ҳузури Президент ва воситаҳои нақлиёти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон афрохта мешавад. Ливои Президент якҷо бо Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як сатҳ афрохта мешавад.
Ливои президентиро дар кишварҳои хориҷӣ штандарти президент меноманд. Калимаи «штандарт» аз вожаи нидерландӣ гирифта шуда, маънои парчами сарвари давлат, император, подшоҳ, президентро дорад, ки дар ҷои истиқомат ва қароргоҳаш афрохта мешавад. Онро дар асрҳои миёна барои таъкид ба бузургӣ ва қудрати шоҳон нигоҳ медоштанд. Штандартҳо аз матоъҳои гаронарзиш сохта шуда, бо зару нуқра ва сангҳои қиматбаҳо оро меёфтанд.
Миллати тоҷик низ аз қадимулайём бо дирафшҳои худ, ки ҳамон штандарт аст, маъруф буд. Ростӣ, замоне ки шоҳони ҳахоманишӣ ва сосонӣ дирафш доштанд, дар ҷаҳон камшумор миллатҳое аз тамаддун ва давлатдорӣ бӯ бурда буданд. 
Дирафши Ковиён аввалин парчами шоҳони Каёнӣ, Ҳахоманишӣ, Ашконӣ ва Сосонӣ буд, ки аз як сулолаи шоҳӣ ба дигаре мерасид ва дар ҳуҷуми арабҳо ба дасти онон афтод  ва нобуд  шуд. Мавҷудияти дирафш  то ба соли 632 комилан собитшуда мебошад. Аз китоби “Таърихи Табарӣ” бармеояд, ки шоҳ Фаридун дирафшро дар хазинаи давлат ҳамчун  фоли нек нигоҳ медошт ва дар ҳар набард онро бо худ мебурд, то пирӯзӣ ёбад.
Ин аст, ки имрӯз ба хотири посдории он ҳама қаҳрамониву фидокориҳои аҷдоди миллати тоҷик дирафши Коваи оҳангарро ҳамчун рамзи пирӯзӣ ва  сулҳу озодӣ эътироф намуда, онро дар маркази Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасвир кардаанд.

Латифабону РУСТАМЗОДА, 
“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 27.11.2023 №: 234-235
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив