ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Ба  "Ҷумҳурият" ҷавоб омад

Ба  "Ҷумҳурият" ҷавоб омад

28 ноябр 2023, Сешанбе
20
0


«ТАБИАТ. АГАР ГИЁҲҲОИ ШИФОБАХШ ҲИФЗ НАШАВАНД…»
Дар Агентии хоҷагии  ҷангал мақолаи рӯзноманигор Оҳистамоҳ Вафобек таҳти унвони «Табиат. Агар гиёҳҳои шифобахш ҳифз нашаванд…»  («Ҷумҳурият» 24.05.2023, № 109)  мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифт.
Мавриди зикр аст, ки аз тарафи кормандони Умури давлатии ҳифзи ҷангал оид ба пешгирии ҷамъоварии худсаронаи гиёҳҳои шифобахш ва ҳифзи онҳо дар ҳудуди заминҳои фонди давлатии ҷангал корбарӣ карда мешаванд. Ҳамзамон, оид ба дар доираи талаботи қонунгузорӣ амалӣ намудани истифодабарии гиёҳҳои шифобахш кормандону мутахассисони Агентии  хоҷагии ҷангал дар байни аҳолӣ ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мунтазам вохӯрӣ ва суҳбатҳо баргузор менамоянд.
Инчунин,  бо мақсади пешгирии ҳолати ба нестӣ рафтани гиёҳҳои шифобахш дар ташкилоту системаи Агентӣ ҳифзи майдонҳои табиии гиёҳҳои шифобахш ташкил гардида, парвариши онҳо бо тарзи плантатсионӣ ба роҳ монда шуда истодааст.
Агентӣ дар Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали вилояти Суғд корхонаи хурди истеҳсоли нӯшобаи хуч, зилол ва чанд намуди шифочойро аз гиёҳҳои шифобахш ба роҳ мондааст.
Агентӣ ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.

Шарифзода Д.Ҷ., 
муовини директори Агентии хоҷагии ҷангал

Санаи нашр: 27.11.2023 №: 234-235
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив