ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » СУҲБАТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН  БО ЕВГЕНИЙ КУЙВАШЕВ

СУҲБАТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН  БО ЕВГЕНИЙ КУЙВАШЕВ

30 ноябр 2023, Панҷшанбе
23
0

 
28-уми ноябр дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Губернатори вилояти Свердловски Федератсияи Россия Евгений Куйвашев мулоқот анҷом доданд.
Зимни суҳбат Пешвои миллат ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистонро ба тавсеаи пайвастаи муносибатҳои дуҷонибаи ду давлат, аз ҷумла ҳамкорӣ дар сатҳи минтақаҳоро, ҳамчун ҷузъи муҳими онҳо таъкид намуданд. Сарвари давлат дар ин замина зикр карданд, ки имрӯз беш аз 80 субъекти Федератсияи Россия бо Тоҷикистон робитаи мустақим дорад.
Дар байни онҳо вилояти Свердловск ҷойи муҳимро ишғол менамояд ва ҷониби Тоҷикистон омода аст пешниҳодҳои Губернатори вилояти Свердловскро оид ба ҳамкории мутақобилан судманд дар тамоми бахшҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ намояд.
Президенти мамлакат, инчунин, муҳимияти густариши ҳамкории сармоягузорӣ ва ҳамкорӣ дар бунёди корхонаҳои муштараки истеҳсолиро дар бахшҳои гуногуни саноатӣ, бахусус саноати сабук ва хӯрокворӣ, мошинсозӣ ва дигар соҳаҳои иқтисоди Тоҷикистон, таъкид карданд. Пешвои миллат, ҳамчунин, мавзуи муҳими рӯзномаи Тоҷикистон ва Россия – фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони мо дар Россияро зикр намуданд. Соҳаҳои энергетика, дорусозӣ ва сайёҳӣ низ самтҳои дурнамодори ҳамкорӣ маънидод шуданд.
Дар фарҷоми мулоқот Пешвои миллат махсус таъкид доштанд, ки барои рушди рӯзафзуни ҳамёрии ҷонибҳо тақрибан дар тамоми соҳаҳо заминаи ҷиддӣ мавҷуд мебошад ва ҷонибҳоро зарур аст, ки минбаъд низ барои ба даст овардани натиҷаҳои дилхоҳ саъю кӯшиши муштарак ба харҷ диҳанд.

Санаи нашр: 30.11.2023 №: 236
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив