ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Иштироки Пешвои миллат дар ҷаласаи XXIII Шурои машваратии назди  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ

Иштироки Пешвои миллат дар ҷаласаи XXIII Шурои машваратии назди  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ

30 ноябр 2023, Панҷшанбе
20
0

 


 
28-уми ноябр таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шурои машваратӣ оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки аъзои Шуро, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, шарикони рушд ва соҳибкорону сармоягузорони дохилию хориҷӣ ҷаласаи XXIII Шуро баргузор гардид.

Дар ҷаласа масъалаҳои вобаста ба рафти иҷрои қарорҳои Шурои машваратӣ, натиҷаҳои таҳлилҳо ва тавсияҳо оид ба рушди соҳибкории занону бонувон, соҳибкории ҷавонон ва сармояи венчурӣ, инчунин, лоиҳаи рӯзномаи ҷаласаҳои ояндаи Шурои машваратӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Пешвои миллат, Раиси Шурои машваратӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карданд, ки рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя тавассути беҳтар намудани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ аз ҷанбаҳои муҳими сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, яке аз омилҳои асосӣ барои ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар пазируфта шудааст.
Зикр гардид, ки Шурои машваратии назди Президенти мамлакат оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ, ҳамчун майдони муколамаи озоди давлат ва бахши хусусӣ бо мақсади беҳтар кардани фазои сармоягузорию соҳибкорӣ ва рушди бахши хусусӣ таъсис дода шуда, дар муддати фаъолияти он ҷиҳати фароҳам овардани муҳити мусоиди соҳибкорӣ дар ҳама соҳаҳои иқтисоди миллӣ ислоҳоти фарогир амалӣ гардидааст.
Ҷиҳати иҷрои қарорҳои Шуро дар самти ташаккули заминаи меъёрии ҳуқуқӣ барои рақамикунонии иқтисодиёт дар мамлакат қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронӣ”, “Дар бораи савдои электронӣ”, “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” ва “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ” қабул гардида, дар низомҳои андозу гумрук, бонкӣ, омор, соҳаҳои савдо ва хизматрасонӣ, сайёҳӣ, инчунин, дар самтҳои бақайдгириву дигар расмиёти танзими фаъолияти соҳибкорӣ ва ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ пешравиҳо ба даст оварда шуданд.
Президенти мамлакат дар баробари густариши раванди рақамикунонии иқтисодиёт, масъалаҳои саноатикунонии босуръат, гуногунсамтиву рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, тақвияти истеҳсолоти ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигарондашуда, рушди “иқтисоди сабз”, истифодаи технологияҳои инноватсионӣ ва рушди неруи инсониро аз самтҳои афзалиятноки рушди миллӣ дониста, дар ин ҷода саҳми муассири бахши хусусӣ ва ҷалби сармояи дохилию хориҷиро муҳим арзёбӣ намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади фароҳам овардани шароити боз ҳам мусоид барои соҳибкории занону бонувон лоиҳаи Барномаи рушди соҳибкории занон барои давраи то соли 2027 таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод гардидааст.
Зимни баррасии масъалаи рушд ва баланд бардоштани донишу малакаи соҳибкории ҷавонон, таҳкими заминаи меъёрии ҳуқуқии раванди мазкур, осон намудани дастрасии ҷавонон ба захираҳои молиявӣ, дарёфти сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва сармояи венчурӣ саривақтӣ ва таҳияи Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати мамлакат дар ин самт мувофиқи мақсад дониста шуд.
Инчунин, дар ҷаласа Шурои машваратӣ қарор қабул кард, ки масъалаи тақвияти раванди рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ ба соҳибкорону сармоягузорон ба баррасии ҷаласаҳои ояндаи Шуро пешниҳод карда шавад.
Дар муҳокимаи масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Саъдӣ Қодирзода, роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Асрори санг” Далер Шарифӣ, роҳбари Шурои ҳамоҳангсозии шарикони рушд, намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ  дар  Тоҷикистон Озан  Севимли,  роҳбари  ташкилоти  ҷамъиятии  “Шукрона”  Шукрона Наврӯзова, роҳбари намояндагии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Холгер Вифел, роҳбари Корхонаи воҳиди давлатии “Саноатсодиротбонк” Ҳокимшоҳ Бобозода, роҳбари намояндагии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Ленни Монтиел ва директори иҷроияи Шурои иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон Наима Нурматова баромад карда, андешаҳои худро вобаста ба масъалаҳои баррасишуда иброз намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шурои машваратӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаро ҷамъбаст карда, вобаста ба  нуқтаҳои  дар он зикргардида ба вазорату идораҳо ва масъулони мақомоти давлатӣ дастуру супоришҳо ва ба шарикони рушд тавсияҳои дахлдор доданд. Аз ҷумла, доир ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ва иҷрои саривақтии санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулгардида ба вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода шуд, ки ҷиҳати таъмини фаъолияти самараноки шуроҳои соҳибкориву сармоягузории вилоят ва шаҳру ноҳияҳо тадбирҳои амалӣ андешида, ҳамкориро бо котиботи Шурои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ тақвият бахшанд. Дар робита ба танзими самараноки муносибатҳои иҷозатдиҳӣ ва иҷозатномадиҳӣ ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ супориш дода шуд, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор иҷрои муқаррароти санадҳои дар ин самт қабулгардидаро таъмин  намояд.
Ба шарикони рушд тавсия дода шуд, ки фаъолияти худро дар амалисозии лоиҳаҳои самти рақамикунонии иқтисодиёти миллӣ, ташаккули “иқтисоди сабз”, инноватсия, саноатикунонии босуръати кишвар, таъмини шуғли пурмаҳсул ва меҳнати шоиста вусъат бахшанд. Ҷиҳати тақвияти раванди рақамикунонӣ барои пурра ташкил намудани заминаи моддию техникӣ, махзанҳои маълумот, омода кардани мутахассисони соҳавӣ, таъмини интернети босифат ва дар ин замина пешниҳоди хизматрасониҳои давлатии муосир дар шакли электронӣ вазорату идораҳо вазифадор гардиданд, ки чораҷӯйӣ намоянд.
Роҳбари давлат таъкид карданд, ки занону бонувон бештар дар соҳаҳои маориф ва илм, тандурустӣ, фарҳанг ва хизматрасонии кишвар фаъолият дошта, дар самти соҳибкорӣ низ шумораи онҳо бояд зиёд гардад. Вобаста ба ин, ба вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо ва Маркази миллии тестӣ супориш дода шуд, ки ҷиҳати ҳарчи бештар ҷалб намудани бонувон аз рӯйи ихтисосҳои идоракунии тиҷорат, маркетинг, менеҷмент, молия, бонкдорӣ, идоракунии лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва дигар самтҳои фаъолияти соҳибкорӣ чораҷӯйӣ намоянд.
Вазорати маориф ва илм ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар вазифадор гардиданд, ки дар барномаҳои таълимӣ ба ташаккул ва рушди истеъдоди соҳибкории донишҷӯён, махсусан донишҷӯдухтарон, аҳамияти хосса дода, таълимро бо дарназардошти ҳамчун соҳибкори тайёр барои оғози фаъолияти соҳибкорӣ ва таъсиси коргоҳу корхонаҳои гуногун омода намудани хатмкардагони ин муассисаҳо ба роҳ монанд.
Ба шарикони рушд тавсия дода шуд, ки фаъолияти худро дар бахшҳои хизматрасонии молиявӣ, машваратҳо оид ба тиҷорат ва фаъолияти соҳибкорӣ, омӯзишу сарпарастии соҳибкории хурду миёна ва дигар хизматрасониҳо, ки аз ҷониби бонувон идора карда мешаванд, вусъат бахшанд. Қайд гардид, ки дар шаҳру деҳоти мамлакат захираҳои инсонии дорои таҷриба ва қобилияту малакаи касбу ҳунарҳо мавҷуд буда, истифодаи самаранок аз он дар рушди ҷанбаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа метавонад нақши муассир дошта бошад. Бинобар ин, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ супориш гирифт, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо роҳи ҳавасмандсозӣ ҷалб кардани шахсони соҳибтаҷриба ба омӯзондани касбу ҳунарҳои гуногун ба занону бонувон ва ҷавонон, бахусус дар деҳоти ҷумҳурӣ, тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд. Ҳамчунин, дар ин самт ҳамкории шарикони рушдро низ бо мақомоти давлатии дахлдор мувофиқи мақсад донистанд.
Зарур дониста шуд, ки Бонки миллӣ якҷо бо ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд корҳоро дар самти дастрасии занону бонувон ва ҷавонони соҳибкор ба қарзҳои арзон тақвият бахшад.
Дар ҷумҳурӣ мавзеъҳои ҷолиби табиӣ ва бо фарҳангу хусусиятҳои ба ҳар минтақа хос мавҷуд буда, мумкин аст нуқтаҳои сайёҳӣ бо сармоягузории начандон зиёд бунёд карда шаванд. Аз ин рӯ, ба вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, фарҳанг, Кумитаи рушди сайёҳӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода шуд, ки ҷиҳати ташкили шаҳрак ва маҳаллаю гузарҳои ҳунармандию сайёҳӣ, бунёди мавзеъҳои бо дарназардошти мавқеи ҷуғрофӣ, фарҳанг ва хусусиятҳои ба ин минтақаҳо хос, тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Сарвари давлат зарур шумурданд, ки ҷиҳати дастгирии молиявии ташаббусҳои ҷавонон дар таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ, ба роҳ мондани машварати коршиносони соҳавӣ ва мубодилаи таҷрибаю иттилоот дар соҳаи соҳибкорӣ тадбирҳои иловагӣ амалӣ карда шаванд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор гардиданд, ки механизмҳои самарабахши ҳамкориро бо иттиҳодияҳои ҷамъиятии соҳибкорони ҷавон барои ҳалли саривақтии масъалаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷавонони соҳибкор роҳандозӣ намоянд. Дар робита ба ин, зарур шумурда шуд, ки заминаи меъёрии ҳуқуқӣ ҷиҳати рушди сармоягузории венчурӣ, фондҳои венчурӣ, сарчашмаҳои алтернативии маблағгузорӣ, бастани шартномаҳо оид ба татбиқи лоиҳаҳои стартап ва ҷанбаҳои пешрафти ин самтҳо муҳайё карда шаванд. Зикр гардид, ки дар кишвари мо низоми таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои стартап, сармоягузорӣ ва фондҳои венчурӣ дар марҳилаи ташаккулёбӣ қарор дорад. Вобаста ба ин, вазорату идораҳо вазифадор гардиданд, ки тағйиру иловаҳои заруриро ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор таҳия ва пешниҳод намоянд.
Инчунин,   Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ супориш гирифт, ки дар асоси таҷрибаи кишварҳои пешрафта, моделҳои муносиби рушди соҳибкорӣ ва сармоягузориро таҳия ва татбиқ намояд.
Ба шарикони рушд тавсия дода шуд, ки дар амалисозии барномаҳо ва лоиҳаҳои сармоягузорӣ бо иштироки ҷавонон, бахусус дар самти татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ, стартапҳо, технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, тиҷорати электронӣ ва паркҳои технологӣ, саҳми бештар гузоранд.
Бо ҳамин ҷаласаи XXIII Шурои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ба охир расид.

Санаи нашр: 30.11.2023 №: 236
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив