ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ИСТЕҲСОЛИ КАРТОШКА БА БЕШ АЗ 1 МИЛЛИОНУ 150 ҲАЗОР ТОННА МЕРАСАД

ИСТЕҲСОЛИ КАРТОШКА БА БЕШ АЗ 1 МИЛЛИОНУ 150 ҲАЗОР ТОННА МЕРАСАД

30 ноябр 2023, Панҷшанбе
73
0

 

Дар бозори «Меҳргон»-и шаҳри Душанбе бо ташаббуси Вазорати кишоварзӣ дар ҳамбастагӣ бо вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо Фестивали намоиш-фурӯши картошка ва тайёр намудани хӯрокҳо аз он баргузор гардид, ки дар он кишоварзони мамлакат навъҳои маҳсулоти мазкурро бо нархи арзон ба фурӯш бароварданд.

Дар Фестивал 400 тонна картошка барои фурӯш ба сокинон пешниҳод гардид.  Инчунин, аз тарафи намояндагони  Вазорат хони бо таомҳои  картошка ороста  ба намоиш гузошта шуда, масъулон ҳадафи баргузории Фестивалро тарғиби рушди маҳсулот, муаррифии дастранҷи  деҳқон, мубодилаи  таҷриба ва  ҳамоҳангсозии  илм  бо  истеҳсолот  арзёбӣ карданд. Дар ҷумҳурӣ соли дуюм аст, ки Фестивали намоиш-фурӯши картошка ва тайёр намудани хӯрокҳо аз он гузаронда мешавад.
Сардори шуъбаи матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзӣ Лоиқ Тӯйчизода ба хабарнигори рӯзномаи “Ҷумҳурият” гуфт, ки дар Фестивал муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода, вазири кишоварзӣ Қурбон Ҳакимзода, муовини раиси шаҳри Душанбе Абураҳмонзода Абдураҳмон, роҳбарон ва намояндагони вазорату кумита ва агентиҳои ҷумҳурӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ва сокинону меҳмонон иштирок варзиданд.
Зиёзода Сулаймон ба кишоварзон ва иштирокдорони Фестивал барои фаъолияти беҳтарин ва дастовардҳои шоиста дар соҳаи кишоварзӣ ва дар сатҳи баланди ташкилӣ гузарондани чорабинӣ изҳори сипос намуда, оид ба ғамхориву дастгириҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар кард.
Чуноне маълумот дода шуд, Тоҷикистон то соли 2020-ум 1 миллион тонна картошка истеҳсол мекард. Ин нишондод соли 2021 ба 1 миллиону 20 ҳазор тонна расид. Мувофиқи маълумоти пешакӣ, имсол истеҳсоли картошка ба 1 миллиону 150 ҳазор тонна мерасад, ки он ба таъмини амнияти озуқавории мамлакат таъсири мусбат мерасонад. Дар ҷамъбасти даҳмоҳаи соли равон саҳми кишоварзони мамлакат дар ММД то 25 дарсадро ташкил медиҳад. 
Зикр шуд, ки соли равон кишоварзони ҷумҳурӣ дар майдони 55 ҳазору 527 гектар картошка кошта, ба ҳолати 1-уми ноябри соли равон 989 ҳазору 742 тонна ҳосил ҷамъ овардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 50 000 тонна бештар аст. Ба гуфтаи мутахассисони соҳа, меъёри тавсияшудаи истеъмоли картошка дар ҷумҳурӣ барои як нафар дар як сол 92 кг аст.
Дар охири Фестивал як зумра шахсон барои номинатсияҳои беҳтарин ва иштироки фаъолона бо диплому сипоснома ва туҳфаҳо қадр шуданд. 

Кароматулло АТО, 
«Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 30.11.2023 №: 236
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив