ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТОҶИКИСТОН. Забони русӣ забони муоширати байни миллатҳост

ТОҶИКИСТОН. Забони русӣ забони муоширати байни миллатҳост

30 ноябр 2023, Панҷшанбе
45
0


Дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Федератсияи Русия
Дар вохӯрии таърихии сарварони кишварҳои Тоҷикистон ва Русия Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба мақом ва ҷойгоҳи забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо дар Тоҷикистон ишора карда, изҳор доштанд: "Омӯзиши забони русӣ дар Тоҷикистон дар тамоми зинаҳои низоми маориф шуруъ аз кӯдакистон дар беш аз чаҳор ҳазор муассисаи таълимӣ ба таври ҳатмӣ амалӣ карда мешавад".
Ҳамзамон, зимни суханронии хеш дар Рӯзи дониш дар ноҳияи Данғара омӯзиши забонҳои англисӣ ва русиро муҳим арзёбӣ карда, аз ҷумла таъкид карданд: "Омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла англисиву русӣ дар муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳо бидуни истисно ҳатмӣ мебошад".
Сарвари давлат ба ин масъала таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир мекунанд. Ба вазъи омӯзиши забонҳои хориҷӣ баҳои воқеъбинона додани Сарвари давлат моро водор мекунад, ки ба ин масъала бештар эътибор диҳем.  Дар партави ҳидояти Пешвои миллат кӯшиш ба кор мебарем, ки сатҳу сифати таълими забони русиро ба дараҷаи баландтар бардорем. Барои ин шароити мусоиди таълимӣ, пойгоҳи муқтадири таълимие, ки бо таваҷҷуҳ ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фароҳам омадаанд, мавҷуданд. Танҳо саъю талош ва азму ғайрати дучанд лозим аст, ки ҳидоятҳои Пешвои миллат иҷрои саривақтии худро ёбанд.
Барои тақвияти бештари ҳамкориҳо ва ривоҷи забони русӣ дар кишвар чанд соли охир мактабҳои русӣ ба фаъолият пардохтанд, ки аз фардои мунаввар башорат аст. Дар ин маврид таъкиди Президенти кишвар махсус мебошад: "Мо фаъолияти бомуваффақияти панҷ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумиро, ки аз ҷониби Русия соли гузашта дар шаҳрҳои Тоҷикистон сохта, расман ба истифода дода шудаанд, таъкид намудем. Дар музокирот ба омӯзиши забони русӣ, ки дар Тоҷикистон ба он тибқи конститутсия мақоми забони муоширати байни миллатҳо дода шудааст, таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд".
Воқеан, фаъолияти муаллимони рус, яъне соҳибзабонон дар раванди баланд бардоштани забондонии хонандагон дар ҳоли рушд аст. Роҳбарият ва таълимгирандагони муассисаҳое, ки омӯзгорони Русия дар онҳо фаъолият доранд, аз онҳо розӣ ҳастанд. Шумораи умумии онҳо ҳоло ба 72 мерасад.
Моро зарур аст, ки дар такя ба пешрафти ҷаҳони муосир забони русиро хуб донем. Имрӯз набзи ҷомеаи башар тавассути донистани забонҳои хориҷӣ санҷида мешавад.

Юлдуз ОБЛОҚУЛОВА, 
омӯзгори МТМУ № 6, ноҳияи Исмоили Сомонӣ

Санаи нашр: 30.11.2023 №: 236
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив