ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » НАХУСТИН ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ МО ДАР КАЙҲОН

НАХУСТИН ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ МО ДАР КАЙҲОН

30 ноябр 2023, Панҷшанбе
36
0

 
Дар солҳои соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами давлатӣ мунтазам дар минбару сабқатҳои сатҳи ҷаҳонӣ баланд бардошта мешавад. Парчами мо дар баландтарин нуқтаи Антарктида гузошта шудааст. Соли 2004 дар тули 193 рӯз Парчами давлатии Тоҷикистон ба кайҳон бароварда шуд. Кайҳоннаварди маъруф Солиҷон Шарипов ӯро ба кайҳон бароварда, тоҷик будани хешро тасдиқ кард.

Қобили зикр аст, ки Солиҷон Шарипов муддати тулонӣ ҳадаф дошт, ки Парчами то ба кайҳонрасидаи моро ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон супурад ва ниҳоят 24-уми ноябри соли 2022 дар Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими расмии эҳдои ин ёдгории таърихӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, намояндаи сафири фавқулода ва мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Семён Григорев, кайҳоннавард Солиҷон Шарипов иштирок доштанд. 
– Ватани таърихиамро ҳеҷ гоҳ фаромӯш накардаам, бобоям аз шаҳри Истаравшани Тоҷикистон, бибиам аз Хоразми Ӯзбекистон ҳастанд. Ба ҷуз аз хуни тоҷикӣ дар ман хуни русӣ, қирғизу уйғурӣ ҷорӣ мешавад, вале бештари ҷони ман моли Тоҷикистон аст ва ба хотири эҳтироми бобоям Парчами давлатии Тоҷикистонро ба кайҳон бурдам, – гуфта буд Солиҷон Шарипов дар маросими супурдани Парчам. 
Парчами мазкур ҳамчун як экспонати нодир имрӯз дар толори «Истиқлолияти давлатӣ» дар гӯшаи бахшида ба дастовардҳои соҳаи фарҳангу маориф ба маъраз гузошта шудааст. Командири киштии кайҳонии «Союз ТМА-5» ва бортинженери 10-умин экспедитсияи асосӣ дар Стансияи байналмилалии кайҳонӣ Солиҷон Шарипов ҳангоми парвоз дар солҳои 2004-2005 Парчами давлатии Тоҷикистонро дар кайҳон барафрохт. Ӯ ин амалро ба бобояш, ки тоҷик мебошад, бахшида буд. Экспедитсия 8 рӯзу 19 соату 46 дақиқаю 54 сония давом кард ва ӯ ба сифати командири киштии кайҳонии «Союз ТМА-5» ва бортинженери экспедитсияи 10-уми асосӣ дар Стансияи байналмилалии кайҳонӣ аз 14-уми октябри соли 2004 то 25-уми апрели соли 2005 парвози дуюми худро анҷом дод. Дар рафти парвоз Шарипов ду маротиба ба фазои коинот баромад.
Солиҷон Шарипов 88-умин нафаре шуд, ки ба кайҳон парвоз кард. Аввалин парвози ӯ 23-юми январи соли 1998 дар киштии амрикоии «Endeavour» сурат гирифт. Вақти умумии парвоз, ки мавсуф дар намудҳои гуногуни ҳавопаймо анҷом додааст, 950 соат мебошад.
Ӯро агар шахси интернатсионалӣ гӯем ҳам хато намекунем. Падараш тоҷик, модараш ӯзбек буда, худаш зодаи Қирғизистон мебошад ва дар Украина таҳсил карда, дар Русия умр ба сар мебарад.
Солиҷон Шарипов 24-уми августи соли 1964 дар шаҳри Узканди вилояти Ӯши Қирғизистон ба дунё омад. Соли 1987 пас аз хатми Омӯзишгоҳи олии ҳарбии авиатсионии Харков ба номи ду карат Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ С. Грисеветс дар полки 716-уми таълимии авиатсионии Неруҳои ҳавоии ҳавзаи ҳарбии Осиёи Миёна лётчик-инструктор буд. 
Дар киштии фалакпаймои «Союз ТМ» ва стансияи мадории «Мир» таҳсили пурраи тайёрии парвозро ҳамчун командири киштиҳои кайҳонӣ хатм кард. Кори худро дар Маркази тайёрии кайҳоннавардон қатъ накарда, соли 1994 факултети аэрокосмоэкологияи Академияи давлатии нафту газро бо ихтисоси коркарди пайвастаи маводҳои аэрокосмоэкологӣ ба поён расонд.
Бо унвони Лётчик-кайҳоннаварди Федератсияи Русия (1998), унвони Кыргыз Республикасынын батыры, бо нишони махсуси «Ак-Шумкар», унвони Қаҳрамони Ҷумҳурии Қирғизистон (1998) ва Қаҳрамони Русия (2005) қадр шудааст. Инчунин, ордени «Барои хизматҳои бузург» (Ӯзбекистон, 1999) ва медали NASA «Барои парвози кайҳон» (1998) аз дастовардҳои ӯст. 

Сорвон АХМЕДОВ,сармутахассиси шуъбаи таърихи нав ва навтарини Осорхонаи миллӣ

Санаи нашр: 30.11.2023 №: 236
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив