ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » НОҲИЯИ ЁВОН. НАҚШАИ ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ИҶРО ШУД

НОҲИЯИ ЁВОН. НАҚШАИ ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ИҶРО ШУД

30 ноябр 2023, Панҷшанбе
43
0

Зарпарварони ноҳияи Ёвон аз иҷрои нақшаи ҷамъоварии пахта мужда расонданд.

Онҳо имсол дар майдони 10,162 гектар пунбадона кишт карда, 24075 тонна пахта ҷамъ оварданд, ки 101 дарсади нақшаро ташкил медиҳад. Ҳосили имсола дар ҳар гектар ба 23,7 сентнер рост омад.
Ба иттилои сардори раёсати кишоварзии ноҳия Мирзоалӣ Азизов, кишоварзони ноҳияи Ёвон дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар хусуси оқилона истифода бурдани замин амалӣ карда, майдони кишти пунбадонаро 10 гектар зиёд намуданд. Барои ба даст овардани ҳосили дилхоҳ тухмиҳои аълосифати "Флора", "Хатлон", "Хуҷанд", "Флеш" ва "Ирам"-ро истифода намуданд.
Пахтаи ҷамъоваришуда барои коркард ба корхонаи нассоҷии “ХИМА Текстил”-и ноҳия супурда мешавад.

Муҳаммадшукур ҲАЛИМОВ, узви ИЖТ


ТАВАЛЛУДХОНАИ НАВ ДАР АШТ

Дар шаҳраки Дӯстии ноҳияи Ашт бо маблағгузории ташкилоти хайриявии “Тоҷикистон” таваллудхонаи нави замонавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар он 20 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин ва барои модарону навзодон бошад, тамоми шароити ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ муҳайё шудааст.

Муовини раиси вилояти Суғд Анвар Яқубӣ, сардори раёсати тандурустии вилоят Ҳабибулло Хайруллозода, раиси ноҳияи Ашт Шуҳрат Муҳаммадзода дар ифтитоҳи таваллудхона сухан карда, таваҷҷуҳи Ҳукумати ҷумҳуриро оид ба мутобиқи талаботи байналмилалӣ ба роҳ мондани фаъолияти муассисаҳои  соҳаи тандурустӣ ва боло бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба мардум таъкид карданд. 
Роҳбарияти ташкилоти хайриявии "Тоҷикистон" аз Аморати Муттаҳидаи Араб Ҳудо Муҳаммад Алӣ, Бутҳмина Аҳмад Ҳошим Фикрӣ аз ҳамкории судманди дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуда, ҷиҳати боз ҳам таҳким бахшидани ҳамкориҳо бо шароити хизматрасонии кормандон ва утоқҳои хоби таваллудхона шинос шуданд.
Таваллудхона бо маблағи зиёда аз 3,5 миллион сомонӣ бунёд ёфта, дорои таҷҳизоти муосири хизматрасонӣ мебошад. То ин дам бонувон барои таваллуд ва табобат бо тай кардани беш аз 50 километр ба маркази ноҳия – шаҳраки Шайдон мерафтанд.
Бино ба иттилои сардухтури ноҳия Наврӯз Ҳасанов, дар ноҳия панҷ шуъбаи таваллуд фаъолият карда, онҳо марҳала ба марҳала бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин ва шароити хуби кориву фароғати мутахассисону мизоҷон беҳтар мешавад.  

Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 30.11.2023 №: 236
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив