ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҲИСОР.  НОРАСОИИ КӮДАКИСТОНҲО БАРТАРАФ МЕГАРДАД

ҲИСОР.  НОРАСОИИ КӮДАКИСТОНҲО БАРТАРАФ МЕГАРДАД

23 феврал 2023, Панҷшанбе
39
0
Ба иттилои мудири шуъбаи маорифи шаҳри Ҳисор Мавҷуда Ҳакимӣ, дар ҳудуди шаҳр 135 муассисаи таълимӣ: 92 таҳсилоти умумӣ, 25 таҳсилоти умумии асосӣ фаъолият мекунад. Шумораи умумии хонандагон дар соли хониши 2022 – 2023 79 ҳазору 146 нафарро ташкил дода, аз ин 37 ҳазору 533 нафарро духтарон ташкил медиҳанд.   Ҳамчунин, дар шаҳр ду мактаб-интернат, муассисаи таҳсилоти ғоибона, маркази санъат ва эҷодии кӯдакон, инкишофи кӯдакон, мактаби президентӣ ва литсей фаъолият доранд. Дар ҳамаи онҳо 4 ҳазору 427 омӯзгор ба хонандагон таълим медиҳад. 
- Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид ва ба талаботи замон мутобиқ намудани базаи моддию техникии муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор мунтазам талош меварзем. Бо сабаби рӯз ба рӯз афзоиш ёфтани аҳолии шаҳр мушкили норасоии ҷойи нишаст дар мактабҳо ба миён омадааст. Соли гузашта, барои рафъи ин камбудии ҷиддӣ бо ҷалби соҳибкорон, ашхоси саховатпеша ва дастгирии волидони хонандагон сохтмони биноҳои иловагӣ дар назди чанд муассисаи таҳсилоти ҳамагонӣ оғоз гардид. Бавижа, сохтмони биноҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таҳсилотии №№ 16, 67, 82, 92-и ҳудуди Ҷамоати деҳоти ба номи Мирзо Турсунзода бомаром идома дорад. Ғайр аз ин, корҳои бунёдӣ дар назди мактабҳои деҳоти дурдасти чанд ҷамоати деҳот: МТМУ № 39 (Хонақоҳи Кӯҳӣ), № 73 (Алмосӣ), № 112 (Мирзо Ризо), № 102 (Ориён) ва дигар ҷамоатҳо ҷараён дорад. Тибқи нақша, дар маҷмуъ, 14 бинои иборат аз 146 синфхона, барои 3504 толибилм то Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, мавриди истифода қарор мегирад, - афзуд мудири маориф. 
Мутасаддиёни шуъбаи маориф мегӯянд, алҳол биноҳои 13 муассисаи таълимӣ дар ҳолати садамавӣ қарор дорад. Бо сармоягузории Лоиҳаи CASA-1000  навсозии ду мактаб (№ 61 дар деҳаи Ҳалқарӯди Ҷамоати деҳоти Ориён) ва № 65 (деҳаи Чанори ҷамоати фавқ) оғоз гардидааст. Корҳои сохтмонӣ дар дигар муассисаҳои садамавӣ, ки дар ҷамоатҳои деҳоти Сомон, шаҳраки Ҳисор ва Алмосӣ ҷойгир мебошанд, то ҳол оғоз нашудаанд. Онҳо бояд бо маблағгузории Фонди саудии рушд, Фонди рушди Қатар ва соҳибкорон таҷдид гарданд. 
Феълан дар шаҳри Ҳисор 11 муассисаи томактабӣ амал мекунад, ки 4-тои он хусусӣ мебошад. Инчунин, дар шаҳр 16 маркази инкишофи кӯдак мавҷуд аст. Дар онҳо 1670 кӯдак ба тарбия фаро гирифта шудааст. М. Ҳакимӣ набудани кӯдакистонҳоро дар деҳот, аз проблемаҳои дигари соҳаи маориф арзёбӣ кард. Мавсуф гуфт, ки алъон шумораи наврасони синни томактабӣ дар шаҳр 62 ҳазору 93 нафарро ташкил медиҳад. Фарогирии онҳо ба муассисаҳои томактабӣ дар соли 2022 2,4 фоизро дарбар мегирад. 
- То соли 2024 аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ ду кӯдакистон дар Ҷамоати шаҳраки Ҳисор ва 1 кӯдакистон дар деҳоти Шарора бунёд меёбад. Камбуди норасоии кӯдакистонҳо то ҳадди имкон бартараф мегардад. Имсол барои татбиқи ҳамаҷонибаи Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ барои солҳои 2020 - 2025 тадбирҳои заруриро роҳандозӣ мекунем, - илова кард М. Ҳакимӣ.   
 
Ёқуби СОДИҚ,
«Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 23.02.2023 №: 42
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив