ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ПУШИНГ. САД СОЛИ ПУРСАМАРИ ЯК МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ

ПУШИНГ. САД СОЛИ ПУРСАМАРИ ЯК МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ

19 декабр 2023, Сешанбе
94
0

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 5-и деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара дар солҳои аввали барқарор гардидани ҳокимияти шуравӣ дар Бухорои Шарқӣ таъсис ёфт. Он замон ҳудуди имрӯзаи Тоҷикистон, бахусус вилояти Хатлонро ҳамчун Бухорои Шарқӣ мешинохтанд. Ин даргоҳи таълиму тарбия умри якасра дошта, таърихи маорифи моро бо ҳама шебу фароз дар худ инъикос кардааст.

Солҳои 1921-1923 бо таъсиси Комиссариати маорифи халқи Бухорои Шарқӣ, дар ҳудуди Бухорои Шарқӣ муассисаҳои шабонаи маҳви бесаводӣ барои касони аз 13 то 45-сола боз шуданд.  
Соли 1923 бори аввал дар деҳаи Пушинг низ муассисаи ибтидоӣ таъсис ва ҳамагӣ 25 ҷавонписарро ба таҳсил фаро гирифт. Асадулло Акрамов, сокини собиқ деҳаи Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ аз соли 1923 то соли 1925 дар муассисаи мазкур фаъолият ва дар роҳи маҳви бесаводӣ саҳми босазо гузошт.
Соли 1932 мактаби № 5 номи Кагановичро гирифт. Соли 1939 роҳбарии ин муассиса Ҷорӯбалӣ Муродов таъйин шуд ва шумораи омӯзгорон ба 17 расид. Тоир Сафаров, Абдурасул Эшонов, Саъдулло Тоиров, Шарбат Тешаев, Каромат Холматов, Зубайдулло Муродов, Мисқолбӣ Шарифова, Ямоқ Хоҷаев, Исмат Холов, Раҳмоналӣ Тешаев, Тошмурод Шоев, Эмомиддин Азизов, Бобоҷон Ибодов ва дигар омӯзгорон барои таълиму тарбияи насли наврас намунаи ибрат буданд.
Ҷорӯбалӣ Муродов ва ҳамкасбони ӯ дар солҳои ҶБВ ба душвориҳо нигоҳ накарда, ҳамдиёронро дар руҳияи ватандӯстӣ, ободкорӣ ва меҳанпарастӣ тарбия мекарданд.  
Соли 1962 муассисаро ба мактаби миёнаи даҳсола табдил доданд. Ҳатто барои омӯзиши забони русӣ ва ба ҳамин восита саводнок шудани фарзандони деҳа аз Русия, Украина, Беларус  омӯзгорону мутахассисон  ба монанди Грибова А. И., Лашипов И. Н., Павловна Д. Н., Широков К., Рябова А. И, ҷалб шуданд. 
Тоҳир Сафаров, Отахон Бобохонов, Диловар Маҳмадалиев, Давлатмурод Муродов, Турдимурод Қувватов, Хайрулло Неъматов дар солҳои гуногун роҳбарии муассисаро ба уҳда доштанд. Хусусан, Қурбон Ҷӯрабоев, ки 25 сол ин муассисаро роҳбарӣ мекард, ташкилотчии моҳир, марди кордону донишманд ва дилсӯзи хонандагон буд. 
Натиҷаи заҳмати  омӯзгорон буд, ки шогирдони онҳо имрӯз дар  сохторҳои гуногуни давлатӣ бо дилу нияти пок ва ба Ватан содиқона фаъолият доранд. Аз ҷумла, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Асадулло Раҳмон, доктори илмҳои филология Файзалӣ Муродов, номзади илмҳои математика Аваз Ҳукматов, доктори илмҳои физика Анвар Абдурасулов, номзади илмҳои тиб Мусафоқул Партов, номзади илмҳои иқтисодӣ Маҳмадшариф Нозимов, генерал-полковник Иззатулло Шарифов, генерал-майор Юсуфалӣ Муродов, шоирон Тулқин Хоҷа, Тағаназари Бақо ва садҳо шогирдонро номбар кардан мумкин аст.

Ниҳоят файзу накҳати истиқлол ба деҳаи мо расид ва мо шоҳиди он гаштем, ки чи тавр муассисаи таълимии садсола бо тарҳу намуди нав қомат афрохт. 23 майи соли 2019 дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва талошу заҳматҳои фарзандони бонангу номуси деҳа, соҳиби мактаби замонавӣ гардидем, ки ин умеду орзуи деринаи тамоми сокинони деҳаи Пушинг буд. Дар ин санаи таърихӣ ба мо – омӯзгорону хонандагон ва ҳамаи сокинони деҳаи Пушинг на танҳо мактаби замонавӣ дари худро боз кард, балки бунгоҳи тиббӣ, варзишгоҳи замонавӣ, майдони Парчам ва Нишони давлатӣ, боғу гулгаштҳо ва майдончаҳои тамрин ба истифода дода шуданд. 
100 сол пеш доштани чунин муассисаи таълимӣ афсонаро мемонд. Маҳз бо иродаи хастанопазири Сарвари давлат ба чунин рӯзҳои пурсаодат расидем.


 
Ҳоло 55 омӯзгор, ки 33 нафари онҳо занонанд, таҳти роҳбарии директор Ҷамолиддин Исоев дар таълиму тарбияи фарзандони деҳа саҳми худро гузошта истодаанд. Ёдовар мешавем, ки ин даргоҳи таърихӣ барои 1520 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардида, аз ду бинои алоҳида иборат аст. Муассисаи таълимӣ сеошёна буда, дорои 30 синфхона, аз ҷумла синфхонаҳои компютерӣ бо 25 компютер, химия, биология ва физика мебошад. Ҳамаи синфхонаҳо бо ашёи зарурии хониш, мизу курсиҳо ва асбоби аёнӣ муҷаҳҳаз гардидаанд. Барои таъмини пурраи шароити илму ҳунаромӯзӣ, ба машқу тамрин фаро гарифтани хонандагон толори варзиш бо 300 ҷойи нишаст фаъолият дорад. Барои баргузории чорабиниҳои гуногуни мактабӣ, маҳфилҳои фарҳангӣ, толори маҷлис бо 250 ҷойи нишаст бо тарҳи хеле зебо сохта шуд. 

Натиҷаи таълиму тарбияи дуруст аст, ки соли 2023 ду хонандаи МТМУ № 5 деҳаи Пушинг Хуршед Қувватов ва Мустафои Зайнулло дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз фанҳои химия ва география бо медалҳои нуқра сарфароз гардиданд.

Таваҷҷуҳ, дастгирӣ ва иқдомҳои созандаи Пешвои миллатамон, роҳбари ғамхори мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ояндаи дурахшони фарзандонамон аст ва мо ҷавобан ба ин ғамхориҳо бо истифода аз шароити созгори муассиса сифати таълиму тарбияро боз ҳам баланд бардошта, ҷавононро дар роҳи ватандӯстӣ, ободкорию созандагӣ тарбият мекунем.

Тағаймурод РАҲМОНҚУЛОВ,
омӯзгори МТМУ № 5, деҳаи Пушинг, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

  

Санаи нашр: 14.12.2023 №: 243
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив