СЕ ПАЁМИ ХУШИ АДАБӢ АЗ ЭРОН
Дар ин радиф, пажӯҳишгарони эронӣ чанд кори муҳими илмиву адабиро ба сомон расонданд, ки робитаҳои фарҳангиро таҳким мебахшанд. Давоми чанд рӯзи охир се паёми хуш расид, ки дар муаррифии адабиёт ва чеҳраҳои ягонаи адабии ин ду кишвар муҳиманд.
РӮЗИ РӮДАКӢ ДАР ДУ КИШВАР ҶАШН ГИРИФТА МЕШАВАД
Дар Ҳамоиши "Рӯдакӣ ва пайвандҳои фарҳангии Эрон ва Тоҷикистон", ки дар Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад баргузор шуд, китоби “Ёди шеъри Рӯдакӣ ояд ҳаме" аз Аълохон Афсаҳзод, рӯдакишиноси машҳур, дар бораи зиндагӣ ва осори Одамушшуаро бо хатти ниёгон рӯнамоӣ гардид. Дар ҳамоиш як гурӯҳ олимони тоҷик бо сарварии директори Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ Фарангиз Шарифзода иштирок ва суханронӣ доштанд.
Дар ҷамъбасти ин ҳамоиш Ҳусейн Симоии Сарроф, вазири улум, таҳқиқот ва фановарии Эрон, Рӯдакиро яке аз ҳалқаҳои аслии васли Эрони фарҳангӣ ва намоде аз адабиёт ва тамаддун номид.
Китоб дар интишороти "Хирадгон", дар Теҳрон бо теъдоди 500 нусха чоп шуда, 267 саҳифаро фаро мегирад. Ба китоби мазкур, ки рӯзгору осори Султони шоиронро ба баҳсу баррасӣ кашидааст, доктор Муҳаммадҷаъфари Ёҳақӣ, пажӯҳишгари номвари эронӣ, сарсухан навишта.
Доктор Ёҳақӣ дар муқаддимаи худ аз оғози рӯдакипажӯҳӣ ва нахустин талошҳо дар ин арса, ки бо ҳиммати ду тан аз донишмандони бузург – Саиди Нафисӣ ва Садриддин Айнӣ оғоз ёфтааст, ёдовар шуда, пешинаи ин корзорро ба номи ин ду тан гираҳ мезанад ва аз тадвину таълифи "Донишномаи Рӯдакӣ" дар Тоҷикистон изҳори хушҳолӣ намуда, барҳақ менависад: "Рӯдакӣ фасли муштарак ва танҳо шоири бемасъала ва мавриди эҳтироми ҳамаи форсизабонони олам аст, ки бо вуҷуди миқдори каме, ки аз ашъори ӯ барҷой монда, таъсири мондагоре дар фазои забону адаби форсӣ доштааст. Одамушшуаро баромада ва саркардаи анбӯҳи шоиронест, ки дар асри дурахшони боландагии забони форсӣ (дарӣ, тоҷикӣ), яъне рӯзгори Сомониён сар бароварда ва пояҳои ин забонро дар сарзамини фарҳангхези Варорӯд зери ҳимояти амирону вазирони кордони Сомонӣ устувор кардааст".
Дар поёни ҳамоиш баёнияе иборат аз 10 банд қабул шуд, ки мувофиқи он, бар асоси пешниҳоди сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ, 22-юми сентябр ба унвони “Рӯзи муштараки бузургдошти Рӯдакӣ дар ҳар ду кишвар – Тоҷикистон ва Эрон” ҳар сол ҷашн гирифта шавад.
“НОМАҲОИ АБУЛҚОСИМ ЛОҲУТӢ ВА САДРИДДИН АЙНӢ” ДАР ЭРОН
Китоби “Номаҳои Абулқосими Лоҳутӣ ва Садриддин Айнӣ” бо кӯшиши як тан аз шефтагони мероси гаронарзиши ин ду устоди бузургвор Муҳсини Фараҳбар ба тозагӣ дар Теҳрон тавассути интишороти "Шерозаи китоби мо" ба зевари табъ ороста шуд.
Китоб аз се бахш иборат аст. Бахши аввал “Дӯстии ду устод” унвон дошта, дар он мақолаҳои тадқиқӣ ва меҳрномаҳои Силсилабону Лоҳутӣ, Камол Айнӣ, Абдухолиқ Набавӣ, Абдунабӣ Сатторзода, Рустам Ваҳҳобзода, Масъуд Ирфониён ва Матлубаи Мирзоюнус фароҳам омадааст.
Бахши дувуми китоб “Номаҳо” унвон дошта, 92 мактуби ду устоди бузургвори суханро дар бар мегирад.
Бахши сеюми китоб “Пайвастҳо” буда, гоҳшумори зиндагии Абулқосим Лоҳутӣ ва Садриддин Айниро ба таври муфассал гирд овардааст. Дар охири китоб як миқдор аксҳои таърихӣ ва мондагори ду устод, ки баёнгари дӯстии самимона ва ҳамкориҳои судманди адабии онҳост, афзуда шудаанд. Шарҳи калимаву таъбирҳои душворфаҳм дар охири китоб барои дуруст дарк намудани матни номаҳо ба хонанда ёрӣ мерасонад.
ЧОПИ “ОДИНА”-И УСТОД САДРИДДИН АЙНӢ БО ХАТТИ НИЁГОН
Романи “Одина”-и устод Садриддин Айнӣ бо кӯшиши адабиётшиноси эронӣ Муҳсини Фараҳбар дар Эрон рӯи чоп омад. Бояд гуфт, ки Муҳсини Фараҳбар муддате дар Тоҷикистон буд ва пайи пажӯҳиши осору рӯзгори устодон Абулқосими Лоҳутӣ ва Садриддин Айнӣ мегашт. Инак, ганҷи ранҷи чандсолаашро дар чопи китоби “Одина” пешниҳод кард. Бино ба гуфтаи ӯ, Садриддини Айнӣ аз бузургтарин адибони форсигӯи Осиёи Марказӣ буда, омӯхтани осораш барои эрониён сахт муфид мебошад. Ӯ менависад: “Осори Садриддин Айнӣ нақши арзанда дар таҳаввулоти фарҳангиву адабии Варорӯд (Мовароуннаҳр) дар садаи бистум доштааст”.
Дар Эрон нақша доранд, ки ҳамаи асарҳои устодро давра ба давра бо хатти ниёгон пешниҳоди хонандагони бешумори эронӣ гардонда, дар ҷодаи ҳамбастагии фарҳангии ду кишвар саҳм бигзоранд.
Бузургмеҳри БАҲОДУР,
“Ҷумҳурият”