ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БОКС . МУАРРИФИИ БЕҲТАРИНҲО ДАР СОЛИ 2023

БОКС . МУАРРИФИИ БЕҲТАРИНҲО ДАР СОЛИ 2023

20 декабр 2023, Чоршанбе
38
0


12-17-уми  декабр дар шаҳри Душанбе Чемпионати Тоҷикистон оид ба бокс баргузор шуд. Дар рақобатҳо, ки миёни бонувон ва мардҳо сурат гирифт, 175 муштзан иштирок карданд. Шумораи занон 57 нафарро ташкил дод, ки дар таърихи чемпионат рекорд аст. 
Сумайя Қосимова (вазни -48кг), Рӯҳафзо Ҳақназарова (-51кг), Рухсора Қурбонова (-52кг), Фариза Ёқубова (-54кг), Дилдода Асақолова (-57кг), Дилноза Нуримова (-60кг), Мавзунаи Аҳмадҷон (-63кг), Малика Нозимова (-66кг), Мавлуда Одинаева (-70кг), Дилрабо Холмуродова (-75кг), Гуларус Шоева (-81кг), Фарзона Каримова (+81кг) миёни бонувон; Меҳроҷиддин Баротов (-48кг), Меҳрон Шафиев (-51кг), Меҳроҷ Зоҳидов (-54кг), Асрор Воҳидов (-57кг), Абубакр Муродзода (-60кг), Баҳодур Усмонов (-63,5кг),  Саидикром Амонов (-67кг), Шаҳобхон Шукуров (-71кг), Мирзомуҳаммади Бахтиёр (-75кг), Шаббос Негматуллоев (-80кг), Парвиз Каримов (-86кг), Баҳман Расулов (-92кг), Муҳаммад Аброриддинов (+92кг) миёни мардҳо ба дарёфти унвони чемпиони Тоҷикистон дар соли 2023 даст ёфтанд.
Федератсияи бокси Тоҷикистон ба ғолибону ҷоизадорон дар баробари медал ҷоизапулӣ тақдим кард: ба барандагони медали тилло 5000 сомонӣ, нуқра 3000 ва ба барандагони медали биринҷӣ 1000 сомонӣ.
Аз ҳисоби ғолибон тими мунтахаби Тоҷикистон таъсис дода шуда, онҳо дар мусобиқаҳои интихобии олимпӣ, ки нимаи аввали соли 2024 ба нақша гирифта шудааст, инчунин, дигар мусобиқаҳои байналмилалӣ ширкат мекунанд. Ёдрас мешавем, ки ду варзишгарамон – Давлат Болтаев (-92кг) ва Миҷгона Самадова (-57кг) дар Бозиҳои Осиё роҳхати Бозиҳои олимпии Париж-2024-ро ба даст овардаанд.

Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 20.12.2023 №: 245
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив