ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТОҶИКИСТОН. НАҚШИ ТАШАББУСҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ УМУМИИНСОНӢ

ТОҶИКИСТОН. НАҚШИ ТАШАББУСҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ УМУМИИНСОНӢ

24 феврал 2023, Ҷумъа
123
0
 
Дар шароите, ки афзоиши аҳолӣ, биёбоншавӣ, хушксолӣ, тағйирёбии иқлим ба чашм мерасад, таъмини дастрасии аҳолӣ ба оби тозаи нӯшокӣ яке аз проблемаҳои умдатарин ба шумор меравад. Воқеан, суръати афзоиши ин омилҳо ба дастрасӣ ба ин неъмати бебаҳо бетаъсир намемонад. Имрӯз дар ҷаҳон мамлакатҳое мушоҳида мегарданд, ки дар онҳо таъмини аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ ба мушкилии доғи рӯз табдил ёфтааст. Аз рӯи маълумотҳо дар ҷаҳон қариб 750 миллион одам аз дастрасӣ ба оби тозаи нӯшокӣ танқисӣ мекашад, зиёда аз 2,5 миллиард сокини сайёра аз шароити мусоиди беҳдошт маҳрум аст. Тибқи арзёбии коршиносон, шумораи аҳолии сайёра то соли 2050 зиёда аз 9 миллиард нафарро ташкил дода, ба афзоиши истеъмоли об боис мегардад. Сарчашмаи асосии таъмин гардидани аҳолии кураи Замин бо оби нӯшокӣ ин пиряхҳо ба ҳисоб мераванд, аммо шиддати тағйирёбии иқлим ба ин манбаъҳои обӣ таъсири зиёд расонда, шуморае аз онҳоро аз байн бурда истодааст.
Боиси ифтихор аст, ки ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди ҷонибдории ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор мегиранд. Аз соли 1999 ба ин сӯ пайваста ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар яке аз созмонҳои бонуфузи сатҳи ҷаҳонӣ Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод мегарданд ва, ҳамзамон, мавриди дастгирии аъзои ин Созмон қарор мегиранд. 
Бо ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ дигаргуниҳои назаррасе ба вуҷуд омаданд ва дар вобастагӣ бо ин Тоҷикистони азизи мо рушду пешрафт намуд. Тоҷикистон ба бисёр масъалаҳои муҳими сатҳи ҷаҳонӣ таваҷҷуҳ зоҳир кард, ки яке аз ин масъалаҳо дастрасӣ ба об ва ҳифзи манбаъҳои обӣ, аз ҷумла пиряхҳо, мебошад. Истифодаи оқилонаи об ва ҳифзи манбаъҳои обӣ имкон медиҳад, ки тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла саноат, иҷтимоиёт, соҳаҳои дигари иқтисодиёти миллӣ ва некуаҳволии мардуми кишвар, инкишоф ёбанд. Дар шароити кунунӣ дар ҷаҳон кишварҳои олам дастаҷамъона барои ҳалли масъалаҳои хусусияти умумибашарӣ ҳамкорӣ менамоянд. Созмони бонуфузи сатҳи ҷаҳонӣ, ки ҳамкориҳои кишварҳои оламро ба роҳ мемонад, ин Созмони Милали Муттаҳид (СММ) мебошад. Давлатҳое, ки узви ин Созмони бонуфуз мебошанд, пайваста дар роҳи ҳалли масъалаҳои умумибашарӣ талош менамоянд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ саҳми босазое дар ҳалли масъалаҳои умдатарини сатҳи ҷаҳонӣ гузошта истодааст. Як саҳми барҷастаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин нишон додани ташаббусҳои пайваста дар ҷодаи дастрасии ҳамагон ба оби тозаи ошомиданӣ ва баланд бардоштани масъулияти давлатҳои ҷаҳон дар ҳифзи манбаъҳои обӣ, яъне пиряхҳо дониста мешавад. 
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лаҳзаҳои аввали аъзои ин Созмон гардиданаш, яъне аз соли 1992 ин ҷониб таҳти сарварии Пешвои  миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чандин маротиба бо пешниҳодҳои судманд тавонист дар ҳалли масъалаҳои умдаи умумибашарӣ саҳми худро гузорад. Ҳамин иқдомҳои судманд буданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар пеши назари оламиён чун яке аз кишварҳои ташаббускор намудор карданд.  
Махсус бояд иброз намуд, ки тули даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон чандин ташаббусҳо  аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба масъалаи обу иқлим пешниҳод гардиданд ва аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамоҷониба дастгирӣ ёфтаанд.
Аз ҷумла, аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид эълон гардидани Соли оби тоза (2003), Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт» (2005 – 2015), Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об (2013), Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028».
Ба муносибати эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ  22 декабри соли 2016 зикр намуданд, ки ин ташаббуси чоруми Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва, махсусан Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид, ҳаматарафа ҷонибдорӣ меёбад. 
Воқеан, Даҳсолаи мазкур дар рушди устувор ва мудирияти ҳамгироёнаи захираҳои об, татбиқ ва пешбарии лоиҳаҳо ва барномаҳо дар соҳаи об, таҳкими ҳамкорӣ ва ҳамшарикӣ ҷиҳати татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувори марбут ба захираҳои об мусоидат менамояд. Инчунин, Даҳсолаи мазкур масъалаҳои таҳкими самаранокии истифодаи захираҳои обро фаро мегирад.   
Истифодаи самараноки захираҳои обӣ ба инкишофи тамоми соҳаҳои иқтисодӣ мусоидат менамояд, яъне истифодаи мақсадноки захираҳои об имкон медиҳад, ки таъмини озуқаворӣ, амнияти энергетикӣ ва муҳити зисти солим барои сокинон муҳайё карда шавад. 
Боиси хушнудии мардуми шарифи Тоҷикистон аст, ки Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид 14 декабри соли 2022 зимни иҷлосияи 77-уми худ   пешниҳоди панҷуми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар соҳаи об бо қабули қатъномаи махсус тасдиқ кард. Таъкид бояд кард, ки дар асоси ин қатънома, соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон шуда, аз оғози соли 2025 минбаъд ҳар сол 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо таҷлил карда мешавад.  Мутобиқи ин қатънома, СММ таҳти ҳамоҳангии Дабири кулли ин Созмон Фонди трастии мақсаднок, яъне Хазинаи байналмилалии мақсадноки эътимодро  ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо таъсис медиҳад. Инчунин, соли 2025 дар шаҳри Душанбе Конфронси сатҳи баланд оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо  баргузор мегардад. 
Таъкид бояд кард, ки пиряхҳо сарчашмаи асосии оби ошомиданӣ ва обёрии соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб мераванд. Таъсири бештарро ба ин манбаъҳои обӣ тағйирёбии иқлим расонда истодааст.  
Дар фароварди сухан ҳаминро махсус иброз медорам, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ибтидои ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар ҳалли мушкилоти умумиинсонӣ саҳми худро мегузорад ва бетараф намебошад. Ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим характери умумибашарӣ доранд, чунки на танҳо барои худи Тоҷикистон, балки барои тамоми аҳолии кураи Замин муҳим ва саривақтӣ мебошанд. Ҳамин аст, ки чунин иқдомҳо бевосита аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди  пуштибонӣ қарор мегиранд.
 
Ҳуснуддин САИДОВ, 
мудири шуъбаи тарбияи  Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент
Санаи нашр: 24.02.2023 №: 43
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив