ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ПАЁМ.  СОҲИБКОРОН ДАР РОҲИ РАСИДАН БА ҲАДАФҲОИ СТРАТЕГӢ САҲМИ КАЛОН ДОРАНД

ПАЁМ.  СОҲИБКОРОН ДАР РОҲИ РАСИДАН БА ҲАДАФҲОИ СТРАТЕГӢ САҲМИ КАЛОН ДОРАНД

24 феврал 2023, Ҷумъа
47
0
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ дар амалигардонии ҳадафҳои стратегии давлату Ҳукумат мавқеи ниҳоят бузург доштани соҳибкорони бонангу номуси кишварро бори дигар таъкид карда, ба тамоми мақомоти ваколатдор дастур доданд, ки баҳри рушди бонизоми соҳибкорӣ чораандешӣ намуда, аз расмиятчигиҳои беасосу эҷоди монеаҳои сунъӣ нисбат ба ҳаллу фасли дархостҳои соҳибкорон худдорӣ намуда, роҳҳои ҷалби сармоягузориҳои хориҷию дохилиро ҷиҳати таъсисдиҳии корхонаҳои истеҳсолӣ, истифодаи босамари захираҳои табиӣ ва дар ин замина, бо ҷойҳои кории доимӣ таъмин намудани сокинон тадбирҳои мушаххас андешанд. 
Бо мақсади рушди соҳибкорӣ дар кишвар, ки фишанги асосии рушди босуботи ҳар як давлат мебошад, ба соҳибкорон 120 намуди имтиёзу кумакҳои андозиву гумрукӣ пешниҳод шуда, маблағи умумии ин сабукиҳо 12 миллиард сомониро ташкил медиҳад ва ба таъкиди Президент, шумораи субъектҳои бақайдгирӣ  аз 4 ба 1 адад кам гардида, хизматрасониҳои бақайдгирӣ ба таври ройгон ба роҳ монда шудааст.
Сарвари давлат пешниҳод карданд, ки низоми иҷозатномадиҳиро боз ҳам такмил дода, шумораи иҷозатномаҳо барои фаъолияти соҳибкорӣ 60 дарсад кам карда шавад.
Тибқи супориши Сарвари давлат аз 1 июли соли 2023 дар Тоҷикистон ҳама  намуди андозҳо, боҷҳои гумрукӣ, суғуртаҳои ҳатмӣ, ҷаримаҳо, хизматрасониҳои коммуналӣ ва ғайра  бояд ба шакли ғайринақдӣ пардохт карда шаванд, ки ин тадбирҳо ба шаффофияти даромадҳои буҷет ва баланд бардоштани қурби пули миллӣ мусоидат менамояд.
Бо мақсади кам кардани таъсири омилҳои инсонӣ дар иҷрои уҳдадориҳои андозӣ, ба роҳ мондани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дастур дода шуд, ки  дар кишвар «Махзани ягонаи маълумот барои хизматрасонии рақамӣ» таъсис дода шавад.
Дар маҷмуъ, таъкид кардани онро зарур мешуморам, ки ҳамаи дастуру супоришҳои дар Паёми навбатӣ зикргардида ба манфиати сокинони кишвар буда, сари вақт амалигардонии онҳо ба рушди босуботи иқтисодию иҷтимоии давлати соҳибистиқлоли мо, ҳаллу фасли муаммоҳои мавҷудаи иҷтимоӣ, тақвиятбахшии корҳои ободонию созандагӣ ва дар арсаи байналмилалӣ ҷойи сазовори хешро ишғол намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронда шудааст.
 
Карамулло ОДИЛОВ,
Корманди шоистаи 
Тоҷикистон
Санаи нашр: 24.02.2023 №: 43
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив