ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » РӮНАМОИИ КИТОБҲОИ ТОҶИКӢ ДАР ТОШКЕНТ

РӮНАМОИИ КИТОБҲОИ ТОҶИКӢ ДАР ТОШКЕНТ

24 феврал 2023, Ҷумъа
102
0
Бо ибтикори Кумитаи муносибатҳои байналмилалӣ ва робитаҳои дӯстӣ бо кишварҳои хориҷии назди Девони вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва дар ҳамкорӣ бо Маркази миллӣ - фарҳангии тоҷикони ин кишвар рӯнамоии китобҳои тозанашр – “Фирдавсӣ”-и Сотим Улуғзода,  “Меҳрнома” ва “Пайроҳаи илм” баргузор гардид. Дар он намояндагони корпусҳои дипломатии Тоҷикистон, Беларус ва Бангладеш, вакилони созмонҳои байналмилалии мустақар дар Ӯзбекистон, инчунин, чеҳраҳои маъруфи илму адабу фарҳанг ширкат варзиданд.   
 
– Мо дар асоси як лоиҳа чопи китобҳои тоҷикиро ба роҳ мондем, ки мардум ба он ниёз дорад. Дар қадами аввал ба интишори китобҳои “Чароғи абадӣ”-и устод Мирзо Турсунзода, “Ман намемирам”-и Лоиқ, “Шабогард”-и шоири тоҷиктабори Ӯзбекистон Паймон даст задем. Ин китобҳо, аллакай, ба дасти муштариёни худ расидаанд, – гуфт раиси Маркази миллӣ - фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон Гуландом Субҳонова. Вай, инчунин, афзуд, ки ҳоло се китоби дигар рӯнамоӣ мешавад, ки бар асоси ҳамин лоиҳа интишор ёфтаанд ва муаллифони онҳо зодаи Ӯзбекистон ва парвардаи Тоҷикистон мебошанд. Сотим Улуғзода аз ҷумлаи онҳо ва романи “Фирдавсӣ”-и ӯ аз шоҳкориҳое мебошад, ки арзиши баланди таърихиву фарҳангӣ дорад. 
 – Нашри он дар ҷумҳурии мо аз тарафи мухлисони каломи бадеъ хеле хуш истиқбол шуд. Ин китоб ба марказҳои миллӣ - фарҳангии шаҳру вилоятҳо ва муассисаҳои таълимии ҷумҳуриамон тақдим мегардад. Дар китоби “Пайроҳаи илм” заҳматҳои бисёрсолаи адабиётшинос ва шарқшиноси маъруф, арбоби шоистаи илми ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, академик Абдулғанӣ Мирзоев ва фаъолияти ин шахсияти бузург қаламдод шудааст, – изҳор дошт Гуландом Субҳонова. 
 “Меҳрнома” китобест, ки дар он намунаҳо аз эҷоди ҳаждаҳ эҷодкори тоҷики вилоятҳои Ҷиззах ва Навоии Ӯзбекистон ва ҳаждаҳ нафар аҳли қалами ӯзбектабори вилояти Суғди Тоҷикистон гирдоварӣ ва мавриди интишор қарор гирифтаанд. 
 – То кунун чаҳор шумораи маҷаллаи “Дурдонаи Шарқ” рӯи чопро дид. Ин маҷалла барои он таъсис ёфтааст, ки дар саҳифаҳои худ намунаҳо аз эҷоди адибони тоҷикро аз Ӯзбекистону Тоҷикистон ба нашр расонад.  Дар саҳифаҳои он мақолаҳои илмиву пажӯҳишии олимони ду кишвар низ ба табъ расидаанд. Он минбарест, ки ба муштариёни худ мунтазам чеҳраҳои нави адабу фарҳангро муаррифӣ хоҳад кард, – гуфт сардабири маҷалла Асадулло Шукурзода.
Дар чорабинӣ чопи китобҳои тоҷикӣ дар Ӯзбекистон  доман фарох намудани риштаҳои дӯстиву рафоқат бо Тоҷикистон арзёбӣ гардид. 
 
Мирасрор АҲРОРОВ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 24.02.2023 №: 43
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив