ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҲАЙАТИ «СОМОН ЭЙР» ДАР ЧЕХИЯ

ҲАЙАТИ «СОМОН ЭЙР» ДАР ЧЕХИЯ

24 феврал 2023, Ҷумъа
29
0
 
Ҳайати ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» аз корхонаи LET Aircraft Industries дар Ҷумҳурии Чехия дидан кард. Мақсади сафар ошноӣ бо раванди истеҳсоли ҳавопаймои L410 NG ва баррасии масъалаҳои омодасозии кадрҳои техникӣ ва парвозии ширкати ҳавопаймоӣ буд. Ҳайати “Сомон Эйр”, ҳамчунин, бо намояндагони ширкатҳои содиротӣ – Czech Export Agency ва Корпоратсияи Export Guarantee & Insurance оид ба масъалаҳои маблағгузории харидории эҳтимолии ҳавопаймоҳо вохӯриҳо анҷом дод.
 
Зикр бояд кард, ки қаблан дар Душанбе барои “Сомон Эйр” ҳавопаймои L410 муаррифӣ гардид. Ҳавопаймои L 410 NG аз ҷониби Агентии аврупоӣ оид ба бехатарии авиатсионӣ сертификатсия шуда, охирин модификатсияи ҳавопаймоҳои L-410 мебошад.
Ҳавопаймои навсозишуда хусусиятҳои беҳтаршудаи парвозиву истифодабариро доро буда, бо технологияҳои пешрафта ва авионикаи инноватсионӣ муҷаҳҳаз гаштааст.
Ҳавопаймои L 410 дар охири солҳои 1960 тарҳрезӣ шуда, тавассути он метавон 19 нафар мусофирро дар хатсайрҳои маҳаллӣ интиқол дод. Ҳавопаймо барои алоқаи байни марказ ва навоҳии дурдаст, ҳамзамон, барои эҳтиёҷоти авиатсияи тиббӣ истифода мешавад.
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 24.02.2023 №: 43
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив