ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » РУШДИ ФАРОГИРИИ ДЕҲОТ. ТАТБИҚИ ЛОИҲА МАҲСУЛНОКИИ ЗАНҶИРАҲОИ АРЗИШИ КИШОВАРЗӢ ДАР ТОҶИКИСТОНРО БАЛАНД МЕБАРДОРАД

РУШДИ ФАРОГИРИИ ДЕҲОТ. ТАТБИҚИ ЛОИҲА МАҲСУЛНОКИИ ЗАНҶИРАҲОИ АРЗИШИ КИШОВАРЗӢ ДАР ТОҶИКИСТОНРО БАЛАНД МЕБАРДОРАД

27 феврал 2023, Душанбе
55
0
 
Лоиҳаи рушди фарогири деҳот/ TRIGGER ба Ташкилоти ҷамъиятии “Муносибатҳои иқтисодии миёнмарзии вилояти Суғд” (“МИМ Суғд”) дар баргузории вохӯрии шарикон дар шаҳри Хуҷанд мусоидат намуд.


Дар рафти вохӯрӣ шарикон лоиҳаҳои инноватсионии худ, аз қабили бунёди гармхонаҳои инноватсионии хушк ва парвариши ниҳолҳои зардолу дар минтақаҳои мавриди ҳадаф, инчунин васеъ намудани дастрасӣ ба оби полизиро дар доираи грантҳои хурди инфрасохторӣ муаррифӣ карданд.
Замимаи мобилии «Маҷаллаи электронии деҳқон», ки аз ҷониби ТҶ «МИМ Суғд» дар доираи Лоиҳаи рушди фарогири деҳот/TRIGGER таҳия шудааст, баррасӣ ва муаррифӣ гардид.
Дар қисми дуюми чорабинӣ иштирокчиён бо фаъолияти лабораторияи биологӣ  таҳти роҳбарии машваратчии деҳаи Лангари ноҳияи Спитамен Муртазоқул Ҳусайнов шинос шуданд. Вай аҳли маҷлисро бо натиҷаҳои тадқиқот оид ба истеҳсоли биогумус бо истифода аз навъҳои гуногуни кирм шинос кард. Ӯ, инчунин самараи истифодаи энтомофагҳоро барои муҳофизати биологии рустаниҳо таъкид намуд. Ҳусайнов аз нақшаҳои истифода бурдани занбӯруғ барои муҳофизати рустаниҳо нақл кард.
Дар натиҷаи мулоқоти шарикон 24 шартнома/меморандум ба маблағи умумии зиёда аз 400000 сомонӣ оид ба ҳамкорӣ дар хариду фурӯши ниҳолҳо, тухмиҳо ва ниҳолҳои помидор, биогумус, воситаҳои биологии ҳифзи рустаниҳо, нуриҳои минералӣ, меваҳои хушк, техникаи кишоварзӣ ва, инчунин расондани хизматҳои агротехникӣ ва коркарди маҳсулоти тару тоза ба имзо расонданд. 
Ҳамчунин, бо муовини сардори шуъбаи раёсати сармоягузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Муҳаммадҷобир Раҷабзода оид ба вохӯрии шарикони Лоиҳаи рушди фарогири деҳот/TRIGGER бо раёсати кишоварзии вилояти Суғд созишнома барои тавсеаи таҷрибаҳои муваффақ дар доираи лоиҳа амалӣ карда мешаванд (аз ҷумла, истеҳсоли биогумус, истифодаи барномаи мобилии "Дафтари электронии фермер" ва, инчунин дастгирии ташаббуси ТҶ “МИМ Суғд” оид ба коркарди такрории пашми гӯсфанд барои беҳтар кардани хок ва нигоҳ доштани намӣ), ба даст омад.
Лоиҳаи рушди фарогирии деҳот/TRIGGER, лоиҳаи муштараки Иттиҳоди Аврупо ва Вазорати федералии ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Олмон (BMZ) буда, ба афзоиши арзиши изофаи маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон тавассути беҳбуди амнияти об ва устуворӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии занҷираҳои арзиши интихобшуда, дастгирии рушди бозор, омодагии содирот, пешбурди соҳибкорӣ ва маслиҳатҳои сиёсӣ равона шудааст.
 
Шарофат АШУРОВА,
Телефон: (+992) 987-27-00-46, 
почтаи электронӣ: 
sharofat.ashurova@giz.de.
Санаи нашр: 27.02.2023 №: 44
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив