ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ИШТИРОКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ

ИШТИРОКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ

27 феврал 2023, Душанбе
53
0
 
24 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Душанбе дар арафаи бедоршавии табиат чун анъанаи наку бо шинондани ниҳолҳои нодири сояафкани ороишӣ ва ҳамешасабз ба маъракаи ниҳолшинонӣ, оғози корҳои мавсими баҳорӣ, вусъати тадбирҳои ободонию кабудизоркунӣ ва сабзу хуррамгардонии муҳити атроф ҳусни оғоз бахшиданд.
Бояд гуфт, ки шуруъ аз рӯзҳои аввали фасли баҳор бо дастури Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири ҳифзи табиат ва ободонии ҳар як гӯшаву канори ҷумҳурӣ маъракаи умумии ниҳолшинонӣ ташкил карда мешавад. Ин навбат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар боғи нав дарахтони ороишии ҳамешасабзи магнолия ва секвоя шинонданд. Масоҳати боғи нав 10 гектар ва дарахтоне, ки аз Аврупо барои бунёди боғ ворид шудаанд, беш аз 11 ҳазор ададро ташкил медиҳад. Дар боғи дарахтони нодиру ҳамешасабз 15 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардид.
Зимни суҳбат бо боғдорон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо барои дуруст ба роҳ мондани парвариши ниҳолҳо маслиҳатҳои муфид доданд. Ниҳоли дарахтони дар боғи нав шинондашуда, асосан, аз кишварҳои Аврупо ворид карда шуда, ба минтақа мутобиқ мебошанд.
Барои мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ пеш бурдани корҳо аз Аврупо техникаи нави коркарди боғ ворид гардидааст. Мутахассисони ботаҷриба бо истифода аз ин техника барои кандану интиқоли ниҳолҳо аз як ҷо ба ҷойи дигар корҳоро босифат анҷом медиҳанд.
Дар боғи нав Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо вазъи нашъунамои дарахтони сояафкану ороишӣ, ки беш аз 30 намудро ташкил медиҳад, шинос шуданд.
Бояд гуфт, ки бо ташаббуси Сарвари давлат ҳамаи ниҳолҳои дар ин ҷо парваришёфта барои ободонию зебоии кӯчаву хиёбон ва боғҳову гулгаштҳои шаҳри Душанбе истифода мегарданд.
Зимни бунёди боғи нав Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва роҳбарони боғҳои фарҳангию фароғатии пойтахт ҷиҳати вусъати корҳои ободонӣ, созандагӣ ва ҳифзи муҳити зист супоришҳо доданд. Дастур дода шуд, ки роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои ташкили гулгашту хиёбонҳои нав, зебову назаррабо кардани боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва гулгашту хиёбонҳои пойтахт аз имкониятҳои боғи навбунёд, аз ҷумла дарахтони сершумори ороишӣ, самаранок истифода баранд. 
Дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз мағозаи фурӯши гулҳои ороишии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Пайванд” боздид ба амал оварданд.
Мағозаи зебову барҳавои фурӯши гулу буттаҳои ороишӣ соли 2015 бо ҳидояти Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди корҳои ободонию кабудизоркунӣ аз ҷониби коргарону мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Пайванд» бунёд шуд. Ҳадаф аз ифтитоҳи мағоза фароҳам овардани шароит ба нафарони дорои завқи баланди зебоипарастӣ мебошад. 
Мутахассисон дар баробари фурӯши ниҳолҳо ва буттаҳои ороишӣ, инчунин, имкон доранд ба шаҳрвандон барои парвариши ниҳолҳои ороишӣ маслиҳатҳои муфид диҳанд.
Имсол коргарони ҶДММ “Пайванд” бо бунёди иншооти иловагӣ масоҳат ва имкониятҳои онро васеъ карданд. Дар мағоза 10 нафар бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мебошад. Дар ин ҷо намунаи зиёди ниҳолҳои сояафкану мевадиҳанда, дарахтони хонагӣ, гулу буттаҳои ороишӣ, асбобу зарфҳои гуногун барои парвариш ва нигоҳубини ниҳолҳо ба фурӯш гузошта шудааст.
Баъди шинондани дарахт, шиносоӣ бо парвариши дарахтон ва боздид аз мағозаи фурӯши гулу буттаҳои ороишӣ дар ҶДММ “Пайванд” Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои суҳбат бо боғдорон дар бораи тадбирҳои созандаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, татбиқи барномаи давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ, рушди соҳаи кишоварзӣ, бунёди боғҳои наву таҷдиди боғҳои куҳна, истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ, афзоиши содироти мева ба хориҷи кишвар ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ андешаронӣ карданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои омодагӣ ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз, доир ба тезондани корҳои ободонию бунёдкорӣ, истиқболи сазовори Ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилу баргузории маъракаҳои ниҳолшинонӣ, тозаю озода нигоҳ доштани муҳити атроф, ба масъулон дастуру ҳидоятҳо дода, онҳоро ба вусъати тадбирҳои созандагию ободонӣ ҳидоят намуданд.
Санаи нашр: 27.02.2023 №: 44
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив