ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » «ТОҶИКОН ДАР ОИНАИ ТАЪРИХ. АЗ ОРИЁН ТО СОМОНИЁН». НАҚШИ АСАРИ МОНДАГОР ДАР ТАШАККУЛИ ТАФАККУРИ МИЛЛӢ

«ТОҶИКОН ДАР ОИНАИ ТАЪРИХ. АЗ ОРИЁН ТО СОМОНИЁН». НАҚШИ АСАРИ МОНДАГОР ДАР ТАШАККУЛИ ТАФАККУРИ МИЛЛӢ

27 феврал 2023, Душанбе
3 502
0
Таърихнигорӣ ва руҷуъ дар ин масир назокати хоси худро дорад. Дар ин роҳ аз муаллиф дониши васеъ, андешаи возеҳ, ковишҳои амиқи илмӣ, ҷустуҷӯҳои дуру дароз, аз ҳама асосаш, ҷасорат тақозо мешавад. Таърих гувоҳ аст, ки бисёре аз муҳаққиқони тоҷик дар марҳилаҳои гуногуни давлатдорӣ, маҳз барои навиштани таърихи воқеии халқи худ шиканҷаҳо дидаанд. Мисоли равшани ин гуфтаҳо аллома Бобоҷон Ғафуров аст, ки барои таълифи китоби «Тоҷикон» мавриди таҳоҷуми гуногуни равонӣ қарор гирифт. 
 
Таърихнигорони дигари миллат ба монанди Хоҷа Абулфазл Муҳаммад ибни Ҳусайни Байҳақӣ, Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ, Абуалии Балъамӣ, Абунаср ибни Абдуҷаббори Утбӣ, Абуалӣ Мисковайҳи Розӣ, Абдулҳай ибни Заҳҳоки Гардезӣ, Абумансур Абдулмалик ибни Муҳаммади Саолибии Нишопурӣ, Абунасри Аҳмад ибни Муҳаммади Қубовӣ, Муҳаммад ибни Зуфар, Абубакр Муҳаммад ибни Ҷаъфари Наршахӣ, Закариё ибни Хаттоб ибни Шарик, Абубакр ибни Ҳурайс, Абдуллоҳ ибни Ҷаъфар, Абусаъд Абдулкарим ибни Муҳаммад-ас-Самъонӣ низ, зимни таълифи осори таърихии худ монеаву бархурди зиёд дидаанд.
Дар ҳамаи давру замон таъриху таърихнигорӣ аз муҳимтарин рукнҳои давлатдорӣ маҳсуб ёфта, илмест, ки инсоният ба он ниёз ва вобастагии амиқ дорад, зеро ин илм аз гузаштаи инсоният, арзишҳои таърихӣ ниёзмандиҳои миллию – моддӣ гувоҳӣ медиҳад. Ҳамзамон, инсоният ниёз ба донистани вазъи сиёсию иҷтимоӣ, бархурдҳои мухталифи фарҳангӣ, рушди илму тафаккур ва ҳаёти гузаштаи халқу миллати худ дорад ва барояш донистани таърихи гузаштаи ниёкон пеш меояд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари пешбурди корҳои давлатдорӣ гузаштаи фоҷиабори миллати тоҷикро, ки туъмаи абарқудратҳо гардидаву хиёнатҳо дида ва андармони гирудорҳои таърих шуда буд, омӯхта, осори гаронбаҳое нашр намуданд ва бад-ин васила, арзишҳои зиёди миллиро чун ҷашну тантанаҳои Наврӯз, Меҳргон, Тиргон, Сада, Чакан, Фалак ва мероси зиёди таърихиро эҳё намуданд. Дар ин нигоштаҳо баробари инъикоси арзишмандиҳои таърихӣ талқини андешаву тафаккури миллӣ мавқеи меҳварӣ дорад. Тавре таъкид менамоянд: “Омили ҳастии ҳар як миллат андешаи истиқлол ва бунёди давлати мустақили миллӣ мебошад”.
Асари бунёдӣ ва таърихии боарзиш, ки маъхази ғании андешаву тафаккури миллӣ ва сарчашмаи боэътимоди гузаштаи халқи тоҷик маҳсуб меёбад, “Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён” аст. Дар ин асар зикр мегардад: “Барои эмин мондан аз ин хатар тафаккури солими миллиро инкишоф додан, дар муқобили ҳар гуна таҳдидҳои ҷаҳонӣ арзишҳои миллии худро ҳифз кардан, ваҳдати миллиро таҳким бахшидан, амнияту оромии кишварро таъмин намудан, сатҳи огоҳии мардум, хусусан ҷавононро, баланд бардоштан аз ҷумлаи корҳои доимӣ ва заҳматталаби сиёсиву фарҳангии ҳамаи мо мебошад”.
Ба ин маъно дар яке аз баромадҳояшон изҳор медоранд: “Воқеан, фарзанд сухани аввалинро низ, аз забони модар ёд мегирад. Забон хишти аввалини кохи миллат буда, яке аз рукнҳои асосии давлати миллӣ ва нахустунсури тафаккури миллӣ аст”. Ин ишора ба он нигаронда шудааст, ки рушду инкишофи тафаккури миллӣ тавассути эҳтиром қоил шудан ба арзишҳову муқаддасоти миллӣ – поку беолоиш нигоҳ доштани забони давлатӣ, садоқат қоил шудан ба Модар – Ватан, ҳифзу гиромӣ доштани хотираи неки гузаштагон, ҳимояи марзу буми Ватан вобастагии амиқ дорад.
Зимнан, бояд гуфт, ки дар шароити муосир ва бархурди тамаддунҳо масъалаи ташаккули тафаккури миллӣ нақши меҳварӣ дорад. Ин зарурати меҳварӣ, ҷустуҷӯ, арзёбӣ ва эҳёи раванди муттаҳидсозе бояд бошад, то тавонад, манофеи рушди кишварро дар роҳи таъмини амнияту осоиштагӣ, истиқлолияти комили миллию сиёсӣ дуруст инъикос намояд ва дар оромии фазои иҷтимоию сиёсӣ ва маънавию ахлоқӣ таъсири созгор расонда тавонад.
Набояд фаромӯш кард, ки ба сари миллати тоҷик дар дарозои таърих арзишҳои миллии бегона таҳмил гардида, дар замири чандин насли он ба гунае ҳазм гардиданд, ки анқариб аз арзишҳои ниёкон осоре боқӣ намонда буд. Баъди нузули давлати Сомониён муддати хеле тулонӣ ба сар бурдан зери сиёсати муғулнажодон, бо назардошти эътиқодоти динӣ омезиш ёфтани арзишҳои исломӣ ва рушду такомул ёфтани он дар зеҳни мардум ва беш аз 70 сол ҳукмронии мафкураи коммунистӣ бе таъсир набуд. Агар ба масъала аз ин дидгоҳ баҳо диҳем, хизмати Пешвои муаззами миллат дар роҳи бедории тафаккури миллӣ ва эҳёи он дар ҳофизаи миллат, ки ҳазорсолаҳо аз саҳфаи таъриху андешаи мардум тоза шуда буд, ҳамзамон, як эҳёи он ҷурм дониста мешуд, хизмати бебаҳову беназири таърихӣ маҳсуб меёбад. 
Пешвои муаззами миллат аз нахустин рӯзҳои зимоми сиёсату роҳбарии кишварро ба зимма гирифтан эҳёи тафаккуру дарки миллиро дар меҳвари сиёсати хеш қарор доданд. Зеро ба фитрати азаливу ахлоқи ҳамида ва ҳувияти тамаддунофардоштаи халқи азизаш боварии комил дошт. Дар ин росто таъкид намудаанд: “...Дар ниҳоди миллати мо омилҳои бунёдии эҳёи тадриҷии истиқлолият ҳамеша вуҷуд дошт, ки асолату ҳувияти устувор ва амалан шикастнопазири таърихӣ, суннатҳои беш аз сеҳазорсолаи давлатдорӣ, арзишҳои бузургу созандаи иҷтимоӣ, фарҳангу маънавиёти ғанӣ ва ғайра дар асл шоҳсутунҳои ҳаёти фаъол ва таърихии миллати мо буданд.
Миллати тоҷик дар ҳамаи давраҳои таърихӣ барои ҳифзи марзу бум, манфиатҳои милливу фарҳангӣ, гиромӣ доштани забону фарҳанг ва сарнавишташ таърихан талош намудааст. Ин буд, ки то имрӯз исмаш дар саҳафоти таърих ҳамчун миллати таърихиву фарҳангсолор мақому ҷойгоҳи хосса дорад.  
Ширинтарин мева ва беҳтарин рукни давлати навини тоҷикон, ки маҳсули тафаккури андешаи миллист – Истиқлоли давлатӣ маҳсуб меёбад, ки онро Пешвои миллат  натиҷаи хиради  волои инсонпарварона  ва андешаи созандаву тафаккури  миллӣ баҳо  додаанд.  Дар  асари  хеш  “Уфуқҳои  истиқлол”-ашон ин нуктаро барҳақ таъкид медоранд: “Роҳи пурпечутоби сулҳи тоҷикон ва эҳёи баъдиҷангии Тоҷикистон таърихи тулонӣ дорад, вале мехостам фақат ҳаминро таъкид намоям, ки сулҳи тоҷикон, пеш аз ҳама, натиҷаи талошу заҳмати самимонаи фарзандони баномуси халқи тоҷик ва пирӯзии хиради мардуми шарифи Тоҷикистон бар ҷаҳолат буд. ... Таҷрибаи сулҳи тоҷиконро ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун як мактаби нодири сулҳофарӣ ва ҳалли низоъҳо эътироф намуда, мавриди омӯзиши ҳамаҷониба қарор додааст”.
Дар муддати беш аз 30 соли давлатдорӣ Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаву созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати байналмилалӣ ҳамқадаму ҳамраъй буда, соҳиби мақому эътибори хоссаи ҷаҳонӣ гардид ва ин мақому пойдорӣ аз устувории андешаву тафаккури миллӣ сарчашма мегирад.
Китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён” – ҳамчун асари таърихӣ дар бедорӣ, ҳифзи арзишҳо, баланд бурдани эҳсосу ҳувияти миллӣ, таҳкими давлатдорӣ, таъмини суботи сартосарии кишвар, эҳтиром ба рукнҳои давлатдорӣ, ҳифзу гиромӣ доштани муқаддасоти Ватан ва поку беолоиш нигоҳ доштани забони давлатӣ нақши меҳварӣ дорад. Барҳақ таъкид мегардад: “Барои эмин мондан аз ин хатар тафаккури солими миллиро инкишоф додан, дар муқобили ҳар гуна таҳдидҳои ҷаҳонӣ арзишҳои миллии худро ҳифз кардан, ваҳдати миллиро таҳким бахшидан, амнияту оромии кишварро таъмин намудан, сатҳи огоҳии мардум, хусусан ҷавононро, баланд бардоштан аз ҷумлаи корҳои доимӣ ва заҳматталаби сиёсиву фарҳангии ҳамаи мо мебошад”.
Тамоми сарчашмаҳои таърихӣ миллати бофарҳангу соҳиби тамаддуни ғанӣ доштани тоҷиконро  таъйид кардаанд. Пешвои муаззами миллат низ, дар ин асари бунёдӣ ишора намудаанд: “Тоҷикон дар дарозои таърих бо зиракию ҳусни тадбир, ақлу дониш ва хиради азалии худ дар корҳои давлатдорӣ нақши барҷаста бозида, бо фарҳанги оламшумул, низоми ташаккулёфта, девондорию идоракунӣ, суннатҳои усулан қавӣ ва забони шево дар баробари нигоҳ дошта тавонистани ҳастии худ, дар рушду густариши тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми арзанда гузоштанд”. 
Ҳамин тавр, омӯзишу пажӯҳиши васеи асар дар бораи дарку фаҳми амиқтару густурдатари андешаву тафаккури миллӣ зарур мебошад ва ба роҳҳои рушду ташаккули он мусоидат менамояд. 
 
Абдусалом МИРАЛИЗОДА, профессор
Санаи нашр: 27.02.2023 №: 44
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив