ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » САДА – РАМЗИ ГАРМИЮ НУР

САДА – РАМЗИ ГАРМИЮ НУР

16 январ 2024, Сешанбе
71
0


Сада ҳамчун яке аз ҷашнҳои бостонии миллати тоҷик аз ҷумлаи ҳамин оинҳои эҳёшудаи мо буда, дар ҳамаи манотиқи кишвар таҷлил карда мешавад.
Эмомалӣ РАҲМОН 

Ба шарофати истиқлоли давлатии кишвари маҳбубамон, суннату анъанаҳои бостонӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашнҳои миллии халқи куҳанбунёдамон эҳё гардида, имрӯз дар ҳаёти мардуми мо ҷойгоҳи арзишманд пайдо кардаанд. Қобили зикр аст, ки тайи солҳои охир дар баробари андешидани тадбирҳои зарурӣ доир ба ҳалли масъалаҳои  соҳаи фарҳанг, ҷиҳати муаррифии фарҳанги бостонии халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ як қатор иқдомҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Пешвои миллат, амалӣ гардиданд. Дар ин радиф, 15 ёдгории таърихиву фарҳангии тоҷикон ба Феҳристи фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуд, ки боиси эътибори бештар пайдо кардани фарҳанги бостонии миллати тоҷик дар байни ҷомеаи башарӣ гардид.
Боиси дастгирӣ ва сарфарозист, ки ҷашнҳои миллии тоҷикон – аҳли ҷомеаи ориётабор, мақоми ҷаҳонӣ пайдо намуда, 6-уми декабри соли 2023 дар 18-умин иҷлосияи  Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО, ки  дар шаҳри Касанеи Ҷумҳурии Ботсвана баргузор шуд, Ҷашни Сада ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид гардид. 
Тибқи маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ, Ҷашни Сада ба 30-юми январи солшумории мелодӣ рост меояд, ки исботи чунин фикр навиштаҳои Манучеҳрии Домғонӣ мебошад: “Ҷашни Сада ба даҳаи баҳманмоҳ, яъне 50 шабу 50 рӯз то оғози Ҷашни Наврӯз баргузор мегардад”.
Сада иди дӯстиву рафоқат ва меҳру муҳаббат буда, рамзи ғалабаи рӯшноӣ бар торикӣ, гармӣ бар сардӣ ва некӣ бар бадӣ мебошад.  
Ин рӯз   оғози анъанавии корҳои кишоварзӣ дар мавсими нав аст, ки деҳқонон ба заминҳои худ пору мепошанд ва боғбонҳо шохаҳои хушкшудаи дарахту буттаҳоро мебуранд. Пас аз Ҷашни Сада мардуми деҳот дар берун ҷамъ омада, ҷӯйбору ҳавзҳоро тоза  ва пулҳоро таъмир мекунанд.  
Ҷашни Сада ҷойгоҳи хосаи таърихӣ дошта, ҳангоми давлатдории Ашкониён, Сосониён ва Сомониён бо тантанаву шукӯҳ истиқбол мегардид. Беҳуда нест, ки дар бузургдошти Сада шоири тавоно Фаррухӣ (асри XI) чунин овардааст:
Сада омад, ки туро мужда диҳад аз Наврӯз,
Мужда бипзиру бидеҳ хилъату кораш ба тироз.
Расонаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ, корҳои илмӣ, мақолаҳо, конфронсу симпозиумҳо низ дар интишор ва шинохти Ҷашни Сада саҳм доранд. Ин таҷриба одамони гуногунҷабҳаи фарҳангӣ, этникию мазҳабиро муттаҳид намуда, имкони муоширати осоишта дар атрофи анъанаҳои кишоварзӣ ва маросимӣ фароҳам меорад.

У. Ф. ҶАЛОЛОВ, 
корманди илмии МД «Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Панҷакент»

Санаи нашр: 15.01.2024 №: 11
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив