ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АҲОЛӢ.  ТАЪМИНОТ БО ОБИ ТОЗАИ НӮШОӢ ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ БОҚӢ МЕМОНАД

АҲОЛӢ.  ТАЪМИНОТ БО ОБИ ТОЗАИ НӮШОӢ ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ БОҚӢ МЕМОНАД

27 феврал 2023, Душанбе
51
0
Об манбаи ҳастии ҳамаи мавҷудоти олам аст. Зиндагии осоишта, ободӣ, озодагиву таровату зебоӣ, сарсабзиву шукуфоӣ аз он маншаъ мегиранд. Дар ин замина, хусусан таъминоти сокинон бо оби тозаи нӯшоӣ, яке аз масъалаҳои мубрами рӯз ба шумор меравад. Айни ҳол сокинони мамлакат то кадом андоза бо оби тозаи ошомиданӣ таъминанд? Ҷиҳати беҳбудии сифати зиндагии аҳолӣ ва рафъи мушкилоти дар ин самт ҷойдошта чӣ тадбирҳо роҳандозӣ ва амалӣ гардидаанд? Усмон Давлатзода, директори генералии КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”, дар робита ба ин масъала андешаҳои худро чунин баён дошт:
– Мавриди зикр аст, ки вазъи соҳаи обтаъминкунӣ, хусусан таъминот бо оби нӯшокӣ, зери таваҷҷуҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Дар ин радиф, қобили зикр аст, ки бо ташаббусҳои дурандешонаи Сарвари давлати мо шаш иқдоми бузург – чор қатъномаи марбут ба масъалаҳои об, инчунин, Соли ҳифзи пиряхҳо (2025) ва эълони 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо, қабул ва дар сатҳи ҷаҳонӣ амалӣ мегарданд, ки шаҳодати ин гуфтаҳост. 
Бо мақсади таъмини аҳолии мамлакат бо оби тозаи нӯшокӣ “Барномаи беҳтар намудани таъмини аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби тозаи нӯшокӣ барои солҳои 2008 – 2021” ва “Барномаи рушди хоҷагии манзилию коммуналӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи солҳои 2014 – 2018” тасдиқ ва мавриди амал қарор гирифтанд, ки натиҷаҳои самарабахш доданд. Дар доираи татбиқи барномаҳои зикршуда лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба маблағи умумии 3 миллиарду 568 миллион сомонӣ таҳия гардида, дар маҷмуъ, ба ин мақсад, 2 миллиарду 318 миллион сомонӣ равона шудааст, ки 65 дарсади маблағҳои талаботиро ташкил медиҳад.
Бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат барои сохтмон, таҷдид ва барқарорсозии иншооти соҳа, аз ҷумла барқарорсозии системаи обтаъминкунию рафъи обҳои партови шаҳру ноҳияҳо, сармояи институтҳои молиявии ҷаҳонӣ ҷалб гардида, дар доираи татбиқи се лоиҳаи сармоягузории амалишаванда – лоиҳаҳои «Барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои Шимол», «Барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои Хатлон», «Барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои Шимол-2» корҳои назаррас ба анҷом расиданд. Аз ҷумла, дар доираи лоиҳаи «Барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои Шимол» доир ба барқарорсозии шабакаҳои обтаъминкунии шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Истиқлол, Бӯстон, Гулистон ва Б. Ғафуров корҳои лоиҳакашӣ ба анҷом расонда шуданд. Дар доираи лоиҳаи «Барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои Хатлон» дар ноҳияи Ёвон сохтмони обанбори замонавӣ бо муҷаҳҳазгардонии системаи обтозакунӣ, насби 1200 метр лӯлаи полиэтиленӣ, сохтмони ду ҳавзи обтаъминкунӣ амалӣ шуда истодааст.
Бо вуҷуди ин дастовардҳо ҳоло ҳам дар аксар деҳоти кишвар мушкили норасоии оби тозаи нӯшоӣ мушоҳида мешавад. Тавре маълум, 70 дарсади аҳолии ҷумҳурӣ дар деҳот истиқомат менамояд ва аксар аз норасоии оби нӯшокӣ танқисӣ мекашанд. Мавриди зикр аст, ки иншооти обтаъминкунӣ ва рафъи обҳои партови шаҳру ноҳияҳо ва деҳоти ҷумҳурӣ дар солҳои 60 – 70-и асри гузашта сохта ба истифода дода шудаанд, ки зиёда аз 55 сол дар истифодаи умум қарор доранд. Имрӯз онҳо пурра фарсуда гардида, ба сохтмону барқарорсозӣ ниёз доранд.
Барнома ва лоиҳаҳое, ки дар боло доир ба татбиқи онҳо сухан рафт, танҳо бо мақсади рафъи мушкилоти мавҷуда, ҳарчи зудтар бо оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ пайдо намудани сокинони деҳот равона гардидааст. 
 
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 27.02.2023 №: 44
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив