ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҶОМИ ФФТ – 2023 

ҶОМИ ФФТ – 2023 

27 феврал 2023, Душанбе
49
0
КМВА БОРИ АВВАЛ ДАР ТАЪРИХИ ХУД  ҒОЛИБИ ҶОМ ШУД
Клуби марказии варзиши артиш (КМВА)-и Душанбе зери роҳбарии Аҳлиддин Турдиев дар бозии ниҳоии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон бар «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуда, бори аввал Ҷоми ФФТ-ро ба даст овард. Хуршед-Тимур Ҷӯраев, нимҳимоятгари КМВА, беҳтарин бозигари финал дониста шуд.
Тибқи иттилои ФФТ, дар рақобат барои ҷойи сеюм «Равшан»-и Кӯлоб тими «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхиро дар силсилаи пеналти бо ҳисоби 5:4 (вақти асосӣ 0:0) шикаст дод. 
Ғолиби Ҷоми ФФТ-2023 бо маблағи 50 ҳазор сомонӣ, барандагони медали нуқра ва биринҷӣ мутаносибан 30 ва 20-ҳазорӣ гирифтанд. 
 
 
НУРУЛЛО ҒАЛАБА КАРД  ВА ЛОИҚ ШАРТНОМА БАСТ
Размкори маъруфи кишвар Нурулло Алиев дар аввалин набарди худ дар UFC Рафаел Алвес (Бразилия)-ро бо қарори якдилонаи доварон мағлуб кард. 
Бояд гуфт, ки размкори дигари шинохтаи тоҷик Лоиқ Раҷабов бо  ташкилоти UFC қарордод ба имзо расонд. Пас аз Нурулло Алиев  ин дуюмин тоҷикест, ки бо ин ташкилоти бонуфуз қарордод мебандад.
 
 
 
«МАНЧЕСТЕР ЮНАЙТЕД» –  БАРАНДАИ ҶОМИ ЛИГАИ АНГЛИЯ
Дар даври ниҳоии Ҷоми Лигаи Англия «Манчестер Юнайтед» муқобили «Нюкасл Юнайтед» бо натиҷаи 2:0 зафар ёфт. 
Бар пояи маълумоти сомонаи sports.ru, ҳисобро Каземиро (дақ.33) кушод ва пас аз 6 дақиқа Свен Ботман ба номаш худголро сабт намуд. 
Ёдовар мешавем, ки ин аввалин ҷоизаи Эрик тен Ҳаг ба ҳайси сармураббии дастаи «Манчестер Юнайтед» маҳсуб мешавад. 
 
 
 
ШИРКАТИ 13 ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК  ДАР TASHKENT GRAND SLAM
Дзюдочиёни тоҷик Шукрона Карчиева (-48 кг), Шоҳида Қаландарова (-57 кг), Муҳаммадсолеҳ Қувватов (-60 кг), Эмомалӣ Нуралӣ, Шаҳбоз Саидаброров (-66 кг), Беҳрӯз Хоҷазода, Маҳмадшариф Наҷмиддинов (-73 кг), Сомон Маҳмадбеков, Муҳаммадҷон Абдуҷалилов (-81 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов, Комроншоҳ Устопириён (-90 кг), Иброҳим Элмуродов ва Темур Раҳимов (+100 кг) дар Tashkent Grand Slam 2023 (3-5 март) ширкат мекунанд. 
Мусобиқа бо иштироки 384 варзишгар (205 мард, 179 зан) аз 52 давлат баргузор мешавад. 
 
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш
Санаи нашр: 27.02.2023 №: 44
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив