ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » РОҲБАРИЯТИ "СОМОН ЭЙР" БО НАМОЯНДАГОНИ ШИРКАТИ AVIC INTL ВОХӮРДАНД

РОҲБАРИЯТИ "СОМОН ЭЙР" БО НАМОЯНДАГОНИ ШИРКАТИ AVIC INTL ВОХӮРДАНД

28 феврал 2023, Сешанбе
31
0
Вохӯрии роҳбарияти ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» бо намояндагони ширкати AVIC INTL (AVIC International Holding Corporation)-и Ҷумҳурии Мардумии Чин дар шаҳри Душанбе, дар саридораи ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” баргузор гардид. 
Намояндагони ширкати AVIC INTL ба кормандони “Сомон Эйр” ҳавопаймои Y-12E-ро муаррифӣ намуда, иброз доштанд, ки ин навъи ҳавопаймо барои истифода дар манотиқи кӯҳӣ мувофиқ буда, имкони парвозу нишаст дар хатти парвозии кӯтоҳ ва мумфаршнашударо дорад.
Ин  ҳавопаймоҳо сабуки самаранок ва гуногунмақсад аз ҷониби  Корпоратсияи саноати авиатсионии  чинӣ  (AVIC) истеҳсол  шуда, 18-20 ҷойи нишаст дошта, ҳам мусофир ва ҳам бор мекашонад.
AVIC International Holding Corporation яке аз бузургтарин ширкатҳои тиҷоратии чинӣ буда, асосан, ба саноати авиатсионӣ тахассус ёфтааст ва ба Корпоратсияи давлатии саноати авиатсионии Чин шомил мебошад.
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 28.02.2023 №: 45
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив