ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – АВВАЛИН ТАШАББУСКОРИ СИЁСАТИ ОБ ДАР ҶАҲОН

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – АВВАЛИН ТАШАББУСКОРИ СИЁСАТИ ОБ ДАР ҶАҲОН

28 феврал 2023, Сешанбе
240
0
 
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи олам ҳамчун Роҳбари ташаббускор ва нақшгузор дар ҳалли мушкилоти глобалӣ эътироф шудааст. Пешвои миллат яке аз аввалин роҳбаронест, ки ба баррасӣ ва ҳалли мушкилоти кишвари худ ва, ҳамчунин, иктишофи роҳи дурусти ташаккул барои ояндаи башарият таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Дар арсаи ҷаҳон роҳбарони кишварҳои пешрафтаи олам ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ташаббусҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро хеле хуб истиқбол ва пуштибонӣ мекунанд.
Бояд тазаккур дод, ки ҳадафи асосӣ аз ин ташаббусҳои беназир, пеш аз ҳама, ин аст, ки Пешвои миллат назари худро на танҳо доир ба ҳалли мушкилоти Тоҷикистон, балки ба ҳалли мушкилоти тамоми сайёраи Замин баён доштааст. Айни замон, ки тағйирёбии иқлим ва босуръат об шудани пиряхҳои бузург идома дорад, Президенти кишварамон пешбинӣ ва таҳлил намуданд, ки ин падида метавонад ба талафоти бузурги ҳайвоноту наботот ва маҳдудияти дастрасӣ ба оби ошомиданӣ оварда расонад.
Шуруъ аз соли 2000-ум то имрӯз бо ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба об, Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид қарордоду қатъномаҳои лозимиро қабул намудааст. 
Бори аввал, 1 октябри соли 1999 дар Иҷлосияи 54-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба минбари фахрии ин Созмон даъват шуда, дар назди роҳбарони зиёда аз 180 давлати олам суханронӣ карданд. Дар ҳамин Иҷлосия Пешвои миллат масъалаи обро ба миён гузошта, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пешниҳод намуданд, ки соли 2003 – Соли байналмилалии оби тоза эълон карда шавад. Пешниҳоди муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷомеаи ҷаҳонӣ қабул намуд ва 20 сентябри соли 2000 дар Иҷлосияи 55-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид соли 2003 ҳамчун Соли байналмилалии оби тоза эълон гардид. Ин аввалин ташаббуси ҷаҳонии Эмомалӣ Раҳмон буд, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуд. Дар доираи эълони соли 2003 ҳамчун Соли байналмилалии оби тоза дар миқёси ҷаҳонӣ конфронсу мизҳои мудаввар ва форуму чорабиниҳои сатҳи баланд баргузор гардиданд. Аз ҷумла, аз 29 август то 1-уми сентябри соли 2003 дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалӣ оид ба оби тоза баргузор шуд. Баргузории ин Форум барои таъмини аҳолии ҷаҳон бо оби ошомиданӣ ва андешидани чораҳои муҳиму зарурӣ дар роҳи таъмини аҳолӣ бо ин сарвати бебаҳои табиат нақши бузург гузошт. Андар шинохти шахсият ва симои Сарвари давлати навини тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сомонаву рӯзномаҳои байналмилалӣ ва ватанӣ афкори зиёди арзандаву воқеъбинона рӯи чоп омаданд. 
Дуюмин пешниҳоди башардӯстонаи Эмомалӣ Раҳмон ин эълони Даҳсолаи байналмилалии амалиёт “Об барои ҳаёт” (солҳои 2005 – 2015) буд, ки  23  декабри соли 2003 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар асоси Эъломияи Душанбе Қатъномаи дахлдореро қабул карда, солҳои 2005 – 2015-ро ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амалиёт “Об барои ҳаёт” эълон намуд.  Аз ҷониби ин Созмон дастгирӣ ёфтан ва амалӣ сохтани иқдомоти башардӯстонаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нуфузу эътибори халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ шаҳодат медиҳад. Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ саҳми назарраси хешро гузошта истодааст.  Кишварамон захираҳои обии хешро  ҳам дар соҳаи энергетика ва ҳам  соҳаи кишоварзӣ тавассути бунёди неругоҳҳои барқи обӣ самаранок истифода мебарад.   
 
Созмони Милали Муттаҳид дар ҷаласаи 65-ум бо қарори Ассамблеяи генералии худ аз 20 декабри соли 2010 таҳти № 65/154 соли 2013-ро Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об эълон карда, ташаббуси сеюми байналмилалии Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба эътироф намуд. Соли 2013 ҷомеаи ҷаҳонӣ бино ба Қатъномаи СММ, Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи обро бо баргузории форуму конференсияҳо ва ҳамоишҳои сатҳи баланд қайд намуд. Маросими оғози Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Парижи Фаронса 11 феврали соли 2013 баргузор гардид, ки дар он вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ кард. 
Соли 2013 Тоҷикистон бо ҷомеаи байналмилалӣ ҳамкориро дар самти обу иқлим густариш дод.  Илова бар ин, дар ҳамин сол боз бо ташаббуси Тоҷикистон Маҷмаи умумии СММ дар иҷлосияи 67-уми худ  дар чаҳорчӯбаи банди 20-уми  рӯзномаи “Рушди устувор” қатъномаеро таҳти унвони “Татбиқи Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об” бо иттифоқи оро қабул намуд. Дар маҷмуъ, 48 кишвари пешрафтаи ҷаҳон  ба рӯйхати аъзоёни қатъномаи мо пайваст шуд. 
Дар доираи қабули ин Қатънома дар шаҳри Душанбе 20 – 21-уми августи соли 2013 Конфронси байналмилалӣ баргузор гашт. Ҳадафи баргузории Конфронси Душанбе, пеш аз ҳама, мусоидат ба беҳбуди ҳамкорӣ дар соҳаи об, аз ҷумла ҳамкории фаромарзӣ аз тариқи таблиғи таҷрибаҳои беҳтарин, иштироки ҳамаи тарафҳои манфиатдор ва ташвиқ ба ҳамкорӣ дар соҳаи об дар тамоми сатҳҳо барои мусоидат ба ноил шудан ба ҳадафҳое, ки дар сатҳи байналмилалӣ дар соҳаи об ҳамоҳанг шудаанд, мебошад. Конфронси мазкур имконият фароҳам овард, то раванди татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола дар мавриди захираҳои обӣ ва тавсияҳову пешниҳодҳо дар бораи тарҳрезии Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола барои давраи рушди пас аз соли 2015 муҳокима ва баррасӣ гарданд. Конфронси мазкур аз чаҳор мизи мудаввар иборат буд.
Ҳамчунин, дар ҳошияи ин Конфронс баргузории ҷаласаҳои канорӣ дар мавзуъҳои гуногуни марбут ба об ва намоишгоҳи “Об моро муттаҳид мекунад” низ доир гардиданд. 
Дар Конфронс ҳайатҳои ҳамаи кишварҳои аъзои СММ, мақомоти роҳбарии СММ ва ниҳодҳои он, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, созмонҳои ҳукуматӣ ва ғайриҳукуматӣ, ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ, созмонҳои ҳавзавӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, бахши хусусӣ, олимон ва мутахассисон, намояндагони расонаҳои гурӯҳӣ ва ғайра иштирок варзиданд.
Аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид 22 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии захираҳои об эълон гардидааст ва дар ҳамин рӯз Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028» расман оғоз ёфт. 
Инчунин, пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъмини кишварҳои Осиёи Марказӣ бо оби тоза тавассути таъсиси Консортсиуми байналмилалӣ доир ба истифодаи оби кӯли Сарез ва ташаббус оид ба Бунёди байналмилалии  ҳифзи пиряхҳо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷонибдорӣ гардид
Бояд гуфт, ки кишвари мо яке аз муассисони Фонди байналмилалии наҷоти Арал буда, дар қатори дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ ҷидду ҷаҳди худро барои ҳалли ин проблемаи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ равона менамояд. Дар ҷараёни гуфтушунидҳои сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ истифодаи оқилонаи захираҳои об ҳамчун мушкилоти ҷиддии минтақа мавриди баррасӣ қарор гирифта истодааст.  
Боиси ифтихору сарфарозист, ки ҳама пешниҳодоти Пешвои тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ меёбанд. Ҳамин буд, ки панҷумин пешниҳоди Асосгузори сиёсати об дар ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо 14-уми декабри соли 2022 аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ якдилона дастгирӣ ёфт. 15-уми декабри соли 2022 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Паёми шодбошии хеш кулли мардуми сарбаланду ташаббускори тоҷикро аз ин рӯйдоди муҳими таърихӣ мужда дода, қабули Қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳидро оид ба эълони соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо барои ҳар як фарди тоҷик табрику муборакбод намуданд. 
Воқеан, имрӯзҳо тағйирёбии иқлим боиси обшавии босуръати пиряхҳо шудааст. Дар тули ду даҳсолаи охир тибқи нишондоди маълумотҳои оморӣ дар Тоҷикистон пиряхҳои хурду бузурги зиёде нест шуданд. Ҳифзи пиряхҳо имрӯз ба як масъалаи байналмилалӣ мубаддал гаштааст. Олимону муҳаққиқони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба хотири ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистону ҷаҳон роҳҳои бехавфу хатарро ҷустуҷӯ менамоянд. Дар ин самт кори олимон хеле назаррас ба ҳисоб меравад, зеро онҳо пардаи махсусеро ихтироъ намуданд, ки боиси кам гардидани таъсири шуои офтоб ба пиряхҳо мешавад. Бо ин роҳ, мо метавонем ба пиряхҳо умри дубора бахшида, дар ҳифзи онҳо саҳмгузор бошем. 
Ҳар як ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои наҷоти аҳли башар аз мушкилоти беобӣ, камбизоатӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба беҳбудии сатҳи зиндагии ҷомеаи ҷаҳон мебошад.  Дар баробари ин, ҳамаи моро зарур аст, ки аз иқдомоти наҷибонаи Пешвои миллат пайравӣ намуда, дар роҳи расидан ба рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии арзандаву шоистаи мардум саҳмгузор бошем. 
 
Абдулхайр АБДУРАҲМОНЗОДА,  
корманди КИ ҲХДТ дар ноҳияи 
Исмоили Сомонӣ
Санаи нашр: 28.02.2023 №: 45
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив