ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » САЙЁҲӢ. МАРКАЗИ ИТТИЛООТӢ БОЗ ШУД

САЙЁҲӢ. МАРКАЗИ ИТТИЛООТӢ БОЗ ШУД

28 феврал 2023, Сешанбе
44
0
Раёсати экология ва сайёҳии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Ширкати сайёҳии «Диёр Трэвел» («Сайри диёр») дар шаҳри Душанбе Маркази иттилоотӣ боз намуданд.
 
Марказ дар кӯчаи Нисор Муҳаммад ҷой гирифта, бо таҷҳизоти замонавӣ ва технологияҳои пешрафта муҷаҳҳаз гардидааст. Он дорои дафтари иттилоотӣ, 3 хонаи хоб, мошинҳои ҳарҷогард, нуқтаҳои мубодилаи асъор, Wi-Fi, нуқтаи маблағгузаронӣ ба телефонҳои мобилӣ мебошад. Ба муштариёни марказ симкорти ширкатҳои мобилии ватанӣ ва хизматрасониҳои нақлиётӣ ройгон пешниҳод мегарданд. Сайёҳони хориҷие, ки ба ҷумҳурӣ меоянд, метавонанд на  танҳо дар бораи Тоҷикистон, фарҳанг ва таърихи он маълумоти мукаммал гиранд, балки оид ба маҷмуи хизматрасониҳои дар ин самт пешниҳодшаванда иттилоъ ёбанд.
Умедшоҳ Саидов, раиси Ширкати сайёҳии «Диёр Трэвел» иттилоъ дод, ки мақсади ифтитоҳи Марказ ҷалби бештари сайёҳон ба Тоҷикистон аст. Ба гуфтаи ӯ, дар оянда дар саросари кишвар густариши бахши хидматрасонӣ ва ифтитоҳи нуқтаҳои нави хидматрасонии сайёҳӣ дар назар аст.
Дар Тоҷикистон ҳоло як барномаи вижаи рушди сайёҳӣ амалӣ мешавад.  Раиси Кумитаи рушди сайёҳии ҷумҳурӣ Камолиддин Муъминзод иброз дошт, ки ба вуҷуд овардани инфрасохтори сайёҳӣ мутобиқи стандартҳои ҷаҳонӣ, омодасозии кадрҳои соҳибихтисос, такмили сифати хизматрасониҳои сайёҳӣ ва васеъ намудани номгӯи онҳо, баланд бардоштани мақоми кишвар дар рейтингҳои байналмилалӣ ва ташаккули бренди миллӣ аз вазифаҳои калидӣ мебошанд. Ба гуфтаи ӯ, дар солҳои минбаъда ба рушди сайёҳии тиббӣ, экологӣ ва кӯҳнавардӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд.
 
Дилноза ҲУКМАТУЛЛОЕВА, "Ҷумҳурият"
Санаи нашр: 28.02.2023 №: 45
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив