ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО

ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО

28 феврал 2023, Сешанбе
71
0
ҒӮРАМАРГ
Фарҷоми талхи умри Мадина ва 25 сол ҳабси падари бераҳм
Суди шаҳри Душанбе сокини пойтахт Гурез Саидов (соли таваллудаш 1956)-ро дар содир намудани ҷинояти одамкушӣ бо бераҳмии махсус гунаҳкор дониста, ӯро ба муҳлати 25 сол аз озодӣ маҳрум кард. 
Тавре маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ дар ин бора хабар дод, тафтишоти пешакӣ муайян кардааст, ки Гурез Саидов 28 октябри соли 2022 духтари хурдсолаш Мадина Саидова (соли таваллудаш 2011)-ро бо гумони аз ҷайбаш гирифтани 1000 сомонӣ мавриди латукӯби бераҳмона қарор медиҳад. Зарбаҳои падари сангдил бо асобағалу тасма ба ҳадде ҷонкоҳ будааст, ки Мадинаи хурдсол бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад.
Тафтиши парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Гурез Саидовро прокуратураи шаҳри Душанбе бо моддаи 104 (одамкушӣ) қисми 2 бандҳои “в, е” Кодекси ҷиноятӣ анҷом дода, барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол намудааст. Акнун бар асоси ҳукми суд маҳкумшуда муҳлати адои ҷазоро дар муассисаи ислоҳии низомаш пурзӯр сипарӣ хоҳад кард.
 
 
 
НАФС
Тасарруфи 34669 сомонӣ сармуҳосиби мактабро ба толори суд бурд
Сармуҳосиби Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 50-и ноҳияи Муъминобод Фаррухҷон Сабуров, ки ба тасарруфи маблағҳои буҷетӣ айбдор мешавад, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуд.
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия хабар медиҳад, ки номбурда дар давоми фаъолияти кориаш ба сифати сармуҳосиб бо роҳи сохтакорӣ 34669 сомониро ҳамчун музди маош барзиёд ба суратҳисоби корти бонкиаш гузаронда, тасарруф намудааст.
Вобаста ба ҳолати мазкур, нисбат ба Фаррухҷон Сабуров бо моддаҳои 245 қисми 2 банди “г” (азонихудкунӣ ва исрофкорӣ) ва 323 (сохтакории хизматӣ) Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, баъд аз анҷоми тафтиши пешакӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол гардидааст. 
 
 
 
ҚАЛЛОБӢ
Тафтиши кирдори марде, ки 100 ҳазор  сомониро бо худ бурд
Кормандони милитсия дар шаҳри Бохтар ҳолати қаллобиеро ошкор намуданд, ки дар он марди 39-солаи сокини ҳамин шаҳр гумонбар мешавад.
Тибқи иттилои сомонаи ВКД, ин мард моҳи марти соли 2022 ба бовари сокини дигари шаҳри Бохтар (марди 26-сола) даромада, бо ваъдаи он ки ба ӯ аз хориҷа бо нархи арзон маҳсулоти ширинӣ меорад, 100 ҳазор сомониашро гирифтааст. Пас аз гирифтани маблағ ба хориҷи кишвар рафта, то ҳол барнагаштааст, ки феълан аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 28.02.2023 №: 45
Муҳокима кунед

Ҳамчунин хонед:

Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив