ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ЛИГАИ ОЛӢ

ЛИГАИ ОЛӢ

28 феврал 2023, Сешанбе
36
0
Мавсими 32-юм 1 апрел оғоз меёбад
Дар Чемпионати 32-юми Тоҷи-кистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ, ки 1 апрел оғоз меёбад, даҳ даста – «Истиқлол», КМВА (Душанбе), «Равшан» (Кӯлоб), «Хуҷанд», «Эсхата» (Хуҷанд), «Хатлон» (Бохтар), «Файзканд» (Восеъ), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Ҳосилот» (Фархор) ва «Кӯктош» (Рӯдакӣ) ширкат мекунанд.
Тибқи қуръакашӣ, дар даври аввал «Хуҷанд» – «Истиқлол», «Регар-ТадАЗ» – «Хатлон», «Эсхата» – КМВА, «Равшан» – «Кӯктош» ва «Ҳосилот» – «Файзканд» бозӣ мекунанд.
Имсол низ чемпионат дар ду марҳила мегузарад. Дар марҳилаи аввал дастаҳо дар ду давра бозӣ мекунанд. Сипас, дар марҳилаи дуюм бошгоҳҳо ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд. Имтиёзҳои дар марҳилаи аввал бадастоварда нигоҳ дошта мешаванд. Аз рӯи натоиҷи марҳилаи аввал панҷ дастаи беҳтарин дар гурӯҳи «А» дар як давр бозӣ карда, барои зинаҳои аз 1 то 5 мубориза мебаранд. Панҷ дастаи боқимонда дар як давр дар гурӯҳи «Б» барои боқӣ мондан дар Лигаи олӣ неру месанҷанд ва ду тими поёни ҷадвал дар мавсими соли 2024 ба лигаи якум мераванд. Дар маҷмуъ, ҳар даста дар Лигаи олӣ 22 бозӣ анҷом медиҳад.
 
 
ҶОМИ ОСИЁ-2023
Урдун, Уммон ва Корея ҳарифони Тоҷикистон дар даври гурӯҳӣ
1 март дар Ӯзбекистон 41-умин Ҷоми Осиё оид ба футбол байни ҷавонони то 20-сола оғоз меёбад ва бори панҷум (қаблан солҳои 2006, 2008, 2016 ва 2018) мешавад, ки мунтахаби Тоҷикистон имкони иштирокро ба даст меорад. Натиҷаи беҳтарини бозигарони мо баромадан ба даври чорякниҳоӣ дар Баҳрайн (2016) ва Индонезия (2018) буд.
Дар Ҷоми Осиёи имсола мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси беларусӣ Олег Кубарев дар гурӯҳи «С» бо дастаҳои Урдун (2 март, варзишгоҳи «Локомотив»-и Тошкент, соати 17:00), Уммон (5 март) ва Корея (8 март) рақобат мекунад.
Бояд гуфт, ки чаҳор тими беҳтарини Ҷоми Осиё-2023 ба Ҷоми ҷаҳон-2023 (Индонезия) роҳ меёбад. 
 
 
Месси – беҳтарин футболбози сол
Бори сеюм Лионел Месси, футболбози аргентинӣ, аз рӯи фарзияи ФИФА беҳтарин бозигари сол (қаблан, 2009, 2019) эътироф гардид. 
Дар маросими ҷоизасупории ФИФА ҳамватанони Месси Эмилиано Мартинес беҳтарин дарвозабони сол ва Лионел Скалони беҳтарин мураббии сол дониста шуданд. 
 
Маҳмуд БАҲРОМ, 
шореҳи варзиш
Санаи нашр: 28.02.2023 №: 45
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив