ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН.  ҲАМКОРИҲО НАТИҶА ХОҲАНД ДОШТ

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН.  ҲАМКОРИҲО НАТИҶА ХОҲАНД ДОШТ

12 феврал 2024, Душанбе
36
0


Панҷ соли охир байни вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон ва вилояти Суғди Тоҷикистон дар самтҳои гуногун ҳамкории доманфарох ба роҳ монда шудааст. Ин ҳамкориҳо бештар ҷанбаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангиро дар бар мегиранд. 
Як ҳайат бо намояндагӣ аз тоҷирону соҳибкорони ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, таҳти роҳбарии раиси ноҳия Нусратулло Салимзода, бо мақсади шиносоӣ бо ҳунарҳои мардумӣ, ба ноҳияи Риштони вилояти Фарғона сафар кард. 
Боздиди ҳайат аз Маркази байналмилалии кулолони шаҳристони Риштон оғоз ёфт. Онҳо дар марказ бо маҳорату истеъдоди кулолгарони номии Риштон - дипломати ЮНЕСКО, узви Фарҳангистони бадеии Ӯзбекистон Шарофиддин Юсуфов ва ғолиби чандин ҷашнвораҳои ҳунармандии байналмилалӣ Алишер Назиров аз наздик ошно шуданд. Сипас, ҳайат дар маҳаллаи Навоии шаҳри Риштон бо як гурӯҳ соҳибкорон дидору мулоқот анҷом доданд, ки бевосита дар хонаҳои худ корхонаи хусусии кулолгарӣ ва чинибарорӣ ташкил кардаанд. 
- Сафари мо ба ноҳияи Риштон худ аз худ ба вуқуъ напайваст. Нахустин Ҳунарпешаи мардумии Иттиҳоди Шуравӣ аз Тоҷикистон Муҳаммадҷон Қосимов зодаи ҳамин шаҳристони куҳанбунёд мебошад. Мардуми шаҳристони Риштон аз қадим бо ҳунари кулолгарӣ низ ном баровардаву шуҳрат ёфтаанд. Маҳсулоти онҳо дар айни ҳол мавриди эътирофи мардуми дунё қарор гирифтааст. Дар заминаи ҳамкориҳои ду вилояти ҳамҷавор, ки сол ба сол тавсеа меёбад, мо низ тасмим гирифтем, ки бо як қатор корхонаҳои кулолгариву чинибарории ин ҷо ҳамкорӣ кунем. Ин ҳамкорӣ барои ҳар ду тараф муфиду судманд хоҳад буд, - гуфт Нусратулло Салимзода.
- Муҳокимаи масъалаҳои ҳамкории бевосита бо соҳибкорони ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ҳатман натиҷаҳои хуб ба бор хоҳад овард. Зеро он барои мустаҳкам шудани робитаҳои дӯстии ду халқи бародар – тоҷикону ӯзбекон мусоидат менамояд, - иброз намуд ҳокими ноҳияи Риштон Баҳодир Холиқов.

Мирасрор АҲРОРОВ, “Ҷумҳурият” 

Санаи нашр: 12.02.2024 №: 30
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив